Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » мулоқоти аҳолӣ мақомотҳо

мулоқоти аҳолӣ мақомотҳо

28-05-2018, 10:50
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
мулоқоти аҳолӣ мақомотҳо
Деваштич: Дар доираи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо аҳли зиё, ходимони дин ва намояндагони фаъоли ҷомеа баён гардида буд, дар ноҳияи Деваштич бо аҳоли мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. Вохӯрӣ бо иштироки фаъолон, аҳли зиё, афроди шинохтаи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ доир гардид.
Дар мулоқот Раиси ноҳия Ҷӯразода Р.Б, прокурори ноҳия Раҳмонзода А.Х. сардори шӯъбаи РКДАМ ҶТ Ҳотамов М.Ҳ, комисари ноҳия Давронзода С. иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар баромадҳо таълиму тарбияи насли наврас, пешгирии ҷинояткориву хушунат дар оила, пошхӯрии оилаҳо ва дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкуши задани шаҳрвандон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терорристиву экстремистӣ, риояи қонунҳои ҶТ дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳарф заданд.
Инчунин иштирокдорони чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба мавзӯҳои доғи рӯз ва камбудиҳои ҷойдошта, ибрози ақида намуданд.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: