Мулоқот бо аҳолӣ26-10-2017, 08:23
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суханрониҳояшон бармеоянд, аз ҷониби гуруҳи фаъолон суҳбатҳои инфиродӣ бо услуби «Хона ба хона» ба роҳ монда шуд. Мулоқоти мазкур дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич баргузор гардида, гуруҳи фаъолон дар ҳайати мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Атахон Абдуллозода, роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Сарвар Саидов, мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Содирхон Баҳодуров, намояндаи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва кормандони Ҷамоати деҳот сараввал бо фаъолони деҳаи мазкур суҳбат оростанд ва сониян бо сокинон як ба як суҳбату мулоқот анҷом доданд. Дар рафти мулоқоти мазкур гуруҳи корӣ сараввал аз шароити зисту зиндагонии сокинон ва ин ё он муаммоҳои онҳо пурсон шуда, инчунин доир ба меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот доданд. Ҳамзамон дар рафти пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба буду боши сокинон дар муҳоҷирати меҳнатӣ маълумотҳо дода шуда, аз волидайну ҳамсарон хоҳиш карда шуд, ки мунтазам аз шароити корӣ ва ҳолу аҳволи пайвандони дар муҳоҷиратбудаашон пурсон шуда, аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву ифротгароӣ ҳушёру зирак бошанд. Аъзои гуруҳи корӣ бо бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон ҳиссагузор гардида, барои идомаву тақвият додани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ки дар партави ташрифи Пешвои муаззами тоҷикон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 ба деҳаи Далён сурат гирифта буд, баҳрашон саломативу комёбиҳоро хоҳон шуданд. Нилуфар Носирова – корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.