Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фестивал

Ҷамъбасти фестивал

21-05-2018, 07:53
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фестивал
Дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон таҳти унвони «Олами китоб» баргузор гардид. Фестивал давоми як моҳ дар доираи намоиши китобҳо, намоиши ҳунарҳои дастии хонандагону ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан» идома кард.
Мақсад аз баргузории ин фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба хониши китобҳои бадеӣ ва рӯй овардан ба ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои эҷодӣ, рушду нумуи маънавии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, дарёфти хонандагони боистеъдод, равона намудани донишу малакаи наврасон чавонону ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷаҳонбинӣ, ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ буд. Давоми моҳ ҳамаи хонандагони иштирокдошта фаъолияти хуб нишон доданд. Ба ҳамаи иштирокчиёни фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шуъбаи таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: