Баргузории мусобиқаи «Ватанпарвар» дар Деваштич14-02-2017, 09:06
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбии ноҳия, НТҶҶ «Созандагони Ватан», ТҶ «Таҳмина», мактаби варзишии бачагону наврасон ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз муассисаҳои таълимии тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғибу ташвиқ намудани меҳанпарастӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни наврасону ҷавонон, озмоиши қувваи ҷисмонӣ ва омодогии иштирокчиён ба мусобиқаи вилоятию ҷумҳуриявӣ буд. Хонандагон аз рӯйи намудҳои сафороӣ, машқҳои амалӣ аз мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофа, ҷаҳидан ба дарозӣ, бехатарии зидди сӯхтор ва дигар шартҳо байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон маҳорати баланд нишон дода, бори дигар исбот намуданд, ки дар ҳақиқат онҳо барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш дар сафи Артиши миллӣ омодаанд. Баъд аз ҷамъбасти мусобиқа ғолибон муайян гардида, ҷои якумро хонандагони МТМУ№43-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, зинаи дуюмро хонандагони МТМУ№6-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюмро хонандагони МТМУ№1-и Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ишғол намуданд. Ғолибону фаъолон бо Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони мусобиқа қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин дар алоҳидагӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани машғулиятҳои омодагии дифоӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони омодагии дифои-ҳарбӣ низ Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилоотӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.