Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» пайванди илҳомбахши ҷавонон10-02-2017, 09:03
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар ҳамбастагии бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, занон ва оила, шўъбаи маориф бахшида ба Соли ҷавонон дар Хонаи маданияти ноҳия маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид, ки онро яке аз ҷолибтарин маҳфилҳои наврасону ҷавонон ном гирем хато намешавад. Зеро чунин озмун мақсад ва мароми густариши дўстию рафоқат байни ҷавонон, бедор намудани завқу рағбати онҳо барои эҷодиёту навоварӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандўстӣ, дарёфти чеҳраҳо ва фаъолони нав ба навро доро буда, қувваи ҷисмониву руҳии онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ равон менамояд. Дар маҳфил дастаҳои «Ситораҳои Ғазна» аз МТМУ№51, «Афандиҳо» аз МТМУ№2, «Калтак» аз МТМУ№1, «Ҷавонони ояндасоз» аз МТМУ№16, «Созандагони Ватан» аз МТМУ№53, «Мадагаскар» аз МТМУ№10 фаъолона ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории маҳфил дастгирии ташаббусҳои эҷодии ҷавонон, рушду нумъи донишу маънавиёти ҷавонону наврасон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, дарёфти хонандагони боистеъдод, равона намудани донишу малакаи ҷавонону наврасон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. Дастаҳои аз рўйи се шарт муаррифнома, саволу ҷавоби ҳаҷвӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ баромад намуданд. Маҳорати суханварӣ, ҳаҷвинигорӣ, саволу ҷавобҳо, саҳначаҳои хусусияти ҳаҷвиву ибратомез доштаро баҳри иштирокдорон бо маҳорати баланд пешкаш карданд. Дар идомаи маҳфил аз ҷониби Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов барои дастаҳо саволҳои гуногун пешниҳод гардид. Аз тарафи ҳакамон ба маҳорати истеъдоди дастҳо баҳои баланд дода шуд. Зеро чунин озмунҳо байни ҷавонон дўстию рафоқатро густариш медиҳад ва завқу рағбати онҳоро барои эҷодиёту навоварӣ бедор намуда, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандўстӣ ва қувваи ҷисмониву руҳии онҳоро қавӣ менамояд. Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҷавонони имрӯзаро зарур аст то ки кўшишу ғайраташонро ба шарафи сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон» дучанд намоянд. Баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дигар ҷашнвораҳо фаъолона иштирок намуда, оиди вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободонӣ дар талош бошанд. Аз ҷониби ташкилкунандагон дастаҳо барои иштироки фаъолона бо Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси таблиғоту иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.