
Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаи таълимии №38 дар ноҳияи Деваштич озмуни «Кадбонуи бехтарин» байни ҷавондухтарон баргузор гардид. Дар Озмун ороиши дастурхони наврӯзӣ ва намоиши ҳунари гулдузию бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирифт. Озмун аз руи шартҳои муаррифию мавзӯи озод ва намоиши таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иборат буд. Дар озмун хонадагони синфҳои 8 то 11 иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия Замира Аҳамадҷонова ва сарвари муассиса Зарифа Нуриддинова супорида шуд. дар суханрониҳо таъкид агрдид, ки ҳадафи ташкилу гузаронидани озмунҳо дарёфти чеҳраҳои нави эҷодӣ, кадбонуҳои беҳтарин, омӯхтани пазандагию дӯзанандагӣ ва ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани ҷавондухтарон мебошад.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич