Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тараннуми ҷавонӣ ва саодат

Тараннуми ҷавонӣ ва саодат

12-11-2017, 10:50
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» бо намоиши 30 номераи консертӣ баргузор гардид. Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони ватан», Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади Фестивал сазовор таҷлил намудани Соли ҷавонон, дар замири кӯдакон, наврасон ва ҷавонон тарбия намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саннаҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки тавонист саодати миллати тоҷикро таъмин намояд, мукаммал намудани захираҳои кадрӣ барои рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунармандон, тарғибу ташвиқи ҷавонӣ ва ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва маҳорату малакаи касбӣ мебошад.
Муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии ҷавонон, санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардондан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавон баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон ва шакл гирифтани коллективҳои нави эҷодии кӯдакону наврасон аз ҳадафҳои муҳими Фестивал буд. Иштирокчиён таъкид мекунанд, ки имрӯз маҳз бо шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли ҷавонон» мо аз ҷавонӣ тараннум мекунем ва шукрона аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ менамоем. Дар Фестивал ҳамчунин муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ва дигар кормандон ва маъсулони ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Баргузории чорабиниии имрӯза ба таҷлили санаҳои басо муҳим ва барои миллати тоҷик фархунда 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурӣ рост меояд. Дар ҳақиқат, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро дарёфт. Тавре ки маълум аст, Раиси муаззами ҲХДТ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҳизб ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, имрӯз ҳам ин сиёсатро пеш мебаранд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Эълон шудани Соли ҷавонон воқеан ифодагари мақоми баланду иқболи неки ҷавонон буда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ин қишри бонуфузи ҷомеа-насли ояндасози мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Ҷавобан бо ғамхориҳои Давлату ҳукумат ҷавонон бояд аз ҳама қишри ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро на танҳо ҳифз, балки дар ҷаҳон таблиғ кунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз дилгармона ширкат варзанд. Ҳадафи Пешвои миллат аз ин ташаббус ҳамин аст, ки ҷавонон барои зуҳури истеъдоду маҳорат ва ибтикору имкониятҳои хеш ба таври васеъ ва бемонеа истифода баранд. Баргузории Фестивали имрӯза низ собитгари гуфтаҳои болост, - дар суханрониаш зикр кард муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно.
Ҳамин тавр дар доираи ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» китоби маҷмуаи мақолаҳои олимону ҷавонони Тоҷикистон оид ба ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат дар самти тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба номи «Ҷавонон пуштибони Эмомалӣ Раҳмон» ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10- нафар олимони ҷавони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои тиб, техника, дақиқ ва бунёдӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардидаанд қадрдонӣ карда шуданд. Иқдоми мазкур дар идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Сарвари давлат суръат мегирад. Диплом ва туфаҳои арзишманди молӣ дар фазои пур аз кафкӯбӣ бо тантана аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно ба дасти олимони ихтироъкор ва навовар супорида шуд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: