Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАРО БУБАХШ МОДАР…

МАРО БУБАХШ МОДАР…

17-05-2018, 09:51
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
МАРО БУБАХШ МОДАР…
Модар бо ду дидаи пуроб, бо дилу ҷигари садпораву олудаи ғаму изтироб роҳ мерафту бо андешаҳои пурпеч пешомадҳои гуногуни ин рафторашро дар тарозуи ақл бармекашиду зиёдтар азоби руҳӣ мекашид.
Кадом модар бо ду дасти адаб ҷигарпораашро ба полис медиҳад? Минбаъд чӣ тавр ба рўи писарам нигоҳ мекунам? Агар ба шуъбаи корҳои дохилӣ хабар надиҳам, оқибати кору рафтораш бо чӣ меанҷомад? Қариб ҳаррўз аз телевизион хабар медиҳанд, ки чӣ қадар ҷавонони гумроҳшуда зери тиру туфанг монда ҷони азизашонро қурбон мекунанду падару модарро якумрӣ ғамбемору фарзандонро ятиму хорузор менамоянд.
Модар бо ин фикрҳои пурпечи ҷигарсўзӣ худ чӣ тавр ба идораи корҳои дохилӣ расиданашро нафаҳмид. Навбатдори шуъба модари ғамолудаи беҳолу бемадорро ба дохили бино дароварда, ба курсӣ шинонида, зуд обаш доду хоҳиш кард, ки аввал ором шаванд, баъд суҳбат мекунанд. Модар ором шуда наметавонист, мегиристу мегирист. Тамоми ҷисми ў аз ин изтироби пурдаҳшат меларзид. Пиёлаи обро бардошта натавониста оҳиста ба ҷояш гузошт. Ўро ғами фарзанд, рафтору кирдори нобахшидании писари 22-сола то ҷое оварда расонида буд, ки кирои гап задан надошт. Модар баъди суханони меҳрубононаю дилсўзонаи навбатдор, каме ором шуду «Сардоратон дар куҷост?» гўён аз навбатдор суол кард.
Биёед, шуморо назди он кас барам. Модар оҳиста аз ҷой хесту ҳамроҳи ў ба назди сардори шуъбаи корҳои дохилӣ рафт. Сардор модарро дида зуд аз ҷой бархесту фарзандвор «Модарҷон, мана дар курсии мулоим шинед»,-гўён дар наздаш нишаста аҳволпурсӣ намуд.
- Модар намедонист, суханро аз чӣ оғоз намояд. Пас аз чанд лаҳза ў гуфт: - Писарам шояд ин рафтори маро ҳар кас ҳар хел маънидод кунад, лекин ман барои он омадам, ки фарзандамро, дилу ҷигарамро аз марг наҷот диҳам. Охир кадом модар мехоҳад, ки фарзанди бо азоб калонкардааш тўъмаи аждаҳорони худобехабару шайтонҳои ин замон гарданд. Гап дар сари он, ки чанд вақт боз писарам Шодӣ ба воситаи телефону интернет шаби дароз бо шахсони номаълум гап зада, чӣ нақшаеро кашида истодааст. Дирўз оҳиста ба ҷиянам гуфтам, ки телефонашро як бор пинҳонӣ хабар гирад, ў ошкор кард, ки дар бораи нақшаи чӣ тавр ба Сурия рафтанро кашида истодаанд, Сулаймон ном ҷавон пагоҳ ба ў пул равон мекардааст. Модар бо овози ларзон инро гуфту аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. «Худозадаҳо магар аз хуни ҷавонҳо сер нашуданд, ки боз писарони моро ба коми худ мекашанд»,-гўён дуои бад кард. Сардор модарро боз ором карду ба ў фаҳмонд, ки ин ҷо омаданашро ба касе нагуфта, ба хона равад. Аз фотеҳахонӣ омадам гўеду, дигар оби чашм нарезонед. Модар бо сардор хайру хуш намуда ба хона баргашт.
Рўзи дигар саҳар барвақт писари Марямхола Шодиро ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Шодӣ намедонист, ки сирри ўро модараш фош кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати уву ҳаммаслаконашро баъди тафтишот ба суди ноҳия супориданд. Дар зали суд модар бо чашмони варамида ба писараш нигоҳкунон аз дил гузаронид: «Хубаш дар маҳбас бошию ҳаррўз бинамат, аз он ки ҷисми беҷонатро аз Сурия биёранд, маро бубахш писарам, ҷону ҷигарам». Шодӣ дар вақти он ки сухани охиринро ба ў доданд, гуфт: «Модарҷонам, маро бубахш, ки дар ин 5 соли дар маҳбас буданам туро обу адо мекунам. Аз кардаам пушаймонам. Он нобакорон гўё маро «гипноз» карда бошанд, бо ваъдаҳои болохонадору ширини худ маро фирефтаи худ гардониданд, хатоиямро акнун фаҳмидам, маро бубахш,-гуфту рўяшро ба тарафе гардонд, ки оби чашмашро модар набинад…».
Бале, ин рўзҳо чандин ҷавонони гумроҳзада ба доми фиреби баъзе азобу дастаҳои тундгаро ва манфиатҷў афтида, бо ин кирдорҳои манфуру ношоистаи худ на танҳо падару модар, хешутабор, балки омўзгорону ҳамдеҳагону дўстони худро сархаму шарманда мегардонанд.
Гурўҳҳои ифротгаро воситаҳои гуногуни ба тарафи худ кашидани ҷавонони гумроҳшударо кашида, бо амалҳои ғайриинсонии худ кўшиш менамоянд, ки дар ҳама минтақаҳо хатари ҷангу носолимии вазъи ин ё он кишвареро ба миён оварда, бо паҳн намудани тарғиботи гурўҳҳои тундгарои террористӣ, ҷавононро ба доми фиреби худ гиранд. Аз воситаҳои ахбори умум дар бораи чунин ҷавонони гумроҳшуда чандин барномаҳо таҳия ва пешкаши бинандагон гардонида шуда бошад ҳам, лекин ба баъзе ҷавонони кишвари азизи мо дарси ибрат нашуда истодааст.
Бале, мо ҷавонон набояд фирефтаи суханони ширину ваъдаҳои болохонадори ин гуна аждаҳорони асри ХХ1 гардем. Чунин инсонҳои девсурат, ки бо маккориву ҷоҳилии гушношуниди худ аз тамоми воситаҳои ахбор ва интернет истифода намуда, ҷавонони булҳавас, зудбовар, бесаводу фориғ аз корҳои манфиатовар ба давлату ба оилаи худ бударо ба дом мекашанд.
Хуб мешуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба масъалаи хештаншиносию худшиносӣ дар ҳамаи дарсҳо 1-2 дақиқа ҳарф зада, толибилмонро хотиррасон намоянд, ки худшиносӣ ин масъулияти ҳар як инсон дар назди хештан аст.
Ин масъулиятро дарку эҳсос кардан боиси он хоҳад шуд, ки дар мактабу оила ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавонон ба бадкирдорию ҷинояткорӣ даст назананд.
Агар таълимгоҳҳо, васоити ахбори умум, ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар, оила ва шахсони бообрўи ҳар як шаҳру ноҳия, маҳал барои бо донишҳои воқеӣ, тафаккури солим, бо ҷавонон дастаҷамъона кор баранд, боварии комил дорем, ки тамоми ҷавонони кишвар чун неруи созанда дар ободии Тоҷикистони азиз нақши босазо хоҳанд гузошт.


Ҷовид Атоев, ҳуқуқшинос

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: