“Гумроҳон”16-10-2018, 15:04
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш ҳамроҳи дӯстам Хуршед Ховарӣ ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои тамошои нахустнамоиши «Гумроҳон» рафтем. Ҳангоми ворид шудан ба толор ман бори аввал (дар чанд соли охир) дидам, ки толор пур аз тамошобин аст. Аз зиёд будани тамошобин кормандони театр курсиҳои иловагӣ мегузоштанд. Ман аз ин хело шод шудам, аммо каме аз он нороҳат шудам, ки тамошобинони намоиш (омӯзгорон, ҳунармандон, журналистон, адибон, донишҷӯёни фаъол, сарбозон ва намояндагони вазорати корҳои дохилӣ), ки худ дониш, ахлоқ ва маърифати сиёисиву иҷтимоӣ доранду касе онҳоро бо роҳи фиреб гумроҳ карда наметавонад. Хуб мешуд дар ин намоиш бештар хонандагону донишҷӯёни ва ҷавонони беадаб, душвортарбия ва камсаводоне, ки зудбовар ҳастанду онҳоро фиреб додан на он қадар душвор аст, даъват мешуданду ҳангоми тамошои он ғизои маънавӣ мегирифтанду роҳи дурусти зиндагиро меомӯхтанд. Муаллифи нахустнамоиши “Гумроҳ” Далер Мирхонов буда, коргардони он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Эгамбердӣ Мингбоев мебошад. Намоиш аз оқибати гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва сафар ба Сурия ҳушдор дода, дар бораи мушкилиҳои бешумори фирефташудагон ҳикоя мекунад. Нақшҳои марказиро дар намоиш Далер Мирхонов, Ватандор Шеров, Зарина Бадалова, Оимхон Қаюмова ва дигарон иҷро намуданд. Зане танҳо се фарзанди ҷигарбандӣ худро бо як мушкили ба воя мерасонад. Аз набудани падар ду фарзанди зан душвортарбия ба воя мерасанд. Яке аз онҳо ба воситаи телефон ба як нафар марди фирбегар, ки аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ мебошад, ки бо роҳи фиреб наврасону ҷавононро ва дигаронро ба давлати Сурия мебарад, шинос мешаваду ҳамдигарро мебинанд. Марди фиребгар аз писари зан хоҳиш менамояд, ки ҷавонони дигар мисли худ бузбалаву чақонро низ ёфта биёрад, то ки ҳамроҳи ӯ ба Сурия бираванду дар он ҷо пули зиёд кор кунанд. Мард ба ӯ пули ҳангуфт ваъда медиҳад. Писарак ба макри ин мард дода шуда, ба омӯхтани таълми динӣ оғоз мекунад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ чала-чала се-чор сураи қуръониро аз худ мекунаду худро шахси босавод ҳисоб карда, ба таҳқиру модару бародари худ мегузарад. Ҳатто онҳоро барои баъзе корҳояшон кофир низ меномад. Ӯ ҳар бегоҳ модари худро барои дар бозор савдо карданаш (ту кофир шудӣ, барои зан дар бозор савдо аз рӯйи шариати ислом ҷоиз нест, зан бояд ҳамеша дар хона нишина, то ки ӯро дигар мардон намбинанд ва амсоли суханҳо) сарзанишу таҳқир мекунад. Модар аз ин рафтори писари гумроҳаш ба танг омада мегӯяд: -Писарам хай рав ту савдо кун ман дар хона мешинам. Писар бошад дар бозор савдо карданро ор медонад ва ба он розӣ намешавад. Модар боз мегӯяд: -Охир бачаҷон ту савдо накунӣ ман савдо накунам пас зиндагии вазнини мо чи тавр мегузарад. Охир ҳамаи мо дар хона бишинем, кӣ зиндагии моро пеш мебарад. Ҳарчанд модар насиҳат мекунад, писар қабул намекунад ва якравӣ карда, андешаи худро иваз намекунад. Бародари калонӣ чунин рафтори нодурусти додари худро эҳсос намуда, ғамгин мешавад ва мехоҳад додарашро насиҳат карда, аз роҳи бад гардонад. Рӯзе ҳангоми суҳбат додар дар назди ака модари худро кофир гуфта, суханҳои қабеҳ мегӯяд, аз ин бародар тоқат накарда, додари худро зери лату куб қарор медиҳад. Додар ҳамон рӯз аз хона гурехта беному нишон мегардад. Баъд аз чанде хабар меёбанд, ки ӯ дар Сурия қарор дорад. Писари сеюми зан, ки наврас ҳасту дар мактаби миёна мехонад, рӯзи худро ба арақхӯрию бадмастӣ мегузаронад. Ӯ барои нӯшидан аз ҳамёни модараш пули савдо кардаи модарашро медуздад. Аз ин модар хабар ёфта, аз писараш талаб мекунад, ки пули гирфтаашро баргардонад. Аммо писар қасамҳои дурӯғи зиёд ба монанди “Ба номи оллоҳ”, “Худо занад” “Ба худо қасам” ва амсоли ин, ки имрӯз дар ҷомеа мо “Муд” шудасст, мехӯрад. Аммо модар қасамҳои хӯрдаи ӯро бовар накарда, телефонро гирифта ба полис занг задан мехоҳад. Аз ин писар дар ғазар омада, модари худро лату куб кардан мегирад. Дар ин вақт бародари калони ба хона медарояд ва чунин амали пасти додарашро дида ба ғазаб меояду додарир хурдиашро барои даст бардошта ба сӯйи модар лату куб мекунад. Додар аз чанголи бародар халос хӯрда, аз хона гурехта меравад. Баъд аз чанд рӯзи воқеа Писару модар дар ҷустуҷӯйи писар медароянд. Ҳарчанд тамоми деҳаро мекобанд, аммо бенатиҷа. Рӯзе марде ба телефони модар занг зада мегӯяд: -Шумо модари Ҷамшеду Ҳалимед. Модар дар ҷавоб -бале мегӯяд. Мард боз сухани худро давом дода мегӯяд: -Холаҷон шуморо табрик мегум. Писарони шумо дар ҷанги Сурия ҳангоми мубориза бо душманони ислом шаҳид шуданд, шаҳид. Шумо аз ин ғамгин нашавед, баръакс хушҳол шавед. Зан баъди шудани ин суханон шок мешавад ва намедонам дигар чи ҷавоб гардонад... Баъди андаке ба худ омада, таъсисдиҳандаҳо ва давомдиҳандаҳои ин гурӯҳҳои бадхоҳу хунхорро дуову танқидҳои зиёд мекунаду ба тағдир тан медиҳад. Дар ҳақиқат намоиш чунон хуб ба саҳна гузошта шуда буд, ки бисёре аз тамошобинон ҳангоми тамошои он ашк резониданд. Барои он ки дар он дарди ҷомеаи ҷаҳони имрӯза инъикос хело хуб инъикос ёфта буд. Масъалае, ки имрӯз натанҳо ҷомеаи моро, балки тамоми ҷахонро ба ташвиш овардааст ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремисти мебошад. Боиси таассуф аст, ки алҳол дар давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия гурӯҳе аз ҷангҷӯён, ки миёнашон бархе аз ҷавонони гумроҳи мо низ ҳастанд, сар бардошта таҳти ливои сиёҳ хуни мусулмонони бегуноҳро мерезанд. Модари тоҷик, ки акнун аз фироқи фарзандони дар ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кушта туда каме ба зиндагии орому осоишта дилгарм шудаанд, боз бо айби душманони тоҷику Тоҷикистон фарзандони азизи худро дар хоки бегона аз даст медиҳанд, барон марги фоҷиавии онҳо мотам мегиранд. Ё ин ки ин ҷавонон аз нодони ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, обрӯи хонаводаашонро дар назди хешу табор ҳадду ҳамсоя мерезонанду шарманда месозанд. Аз ин хотир, баҳри пешгири намудани ҷавонону наврасон аз ин гуна ҳодисаҳо чунин намоишҳоро зиёд кардан лозим аст. Тероризм ва экстримизм дар баробари вирусҳои компютерӣ дар шабакаи интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шуда аст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Қаблан бештар писарон шомили ин равияҳои тундрав будаанд, имрӯз духтарон низ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои ифротгаро пайваст мешаванд. Масъалаи дигаре, ки дар намоиш ба чашм расид, ин аз падар дур мондани фарзандон ва душвортарбия шудани онҳо буд. Яъне, баъзе аз падарони беҳавсалаву бераҳм фарзандони худро дар нимароҳ партофта мераванд. Дар ин ҳолат душвори бар души модар вогузор мешавад. Модари бечора дигар намедонад ба тарбияи фарзанд машғӯл шавад ё ин ки рӯзи дароз кор карда, лаҷоми зиндагиро пеш кашад. Бадбахтона ин мушкилот дар кишвари мо бештар ба назар мерасад ва инро хонандагони азизи мо хуб медонанд. Ҳолат ба шарҳ додани он нест. Дар намоиш дигар паҳлуҳои зиндагии наврасону ҷавонон ва хусусан оилаҳои тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд. Аз тамошои он тамошобинон як ҷаҳон маъни гирифтанд. Ба андешаи ман намоиш ба аксарияти иштирокдорон писанд омад, чунки баъди ба итмом расидани он онҳо аз ҷойи худ хеста ба қарсақи баланди худ, ҳунармандонро шод гардонданд. Ман пешниҳод мекунам, ки ин намоиш дар ҳар як деҳа бо иштироки васеи омма намоиш дода шаваду дар тамошои он бештар наврасону ҷавонон бекоргашта ҷалб карда шаванд, то ки онҳо намоишро тамошо карда, аз он тарбия гиранду ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ва фиребдиҳанда шомил нашаванд ва инчунин роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд. Ҳамзамон падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурда, фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣарбия намоянд. Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.