ОДАМОН АЗ ДЎСТӢ ЁБАНД БАХТ7-03-2018, 09:25
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
1 марти соли 2018 дар 9 минтақаи сарҳадии ду кишвари ҳамсоя:- Тоҷикистону Ўзбекистон садде, ки ба рафту омади ду халқи бо ҳам дўсту бародар - тоҷику узбек монеъ мешуд, бардошта шуд. Ин лаҳзаи таърихӣ, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҳарду кишвар пахш гардид, касеро бетараф нагузошт. Иштирокчиёни ин рўзи фаромўшнашаванда, ки аз ду ҷониб ба истиқболи якдигар оѓуш кушода ашки шодӣ мерехтанд, аз байн бардоштани девори Берлинро ба хотир меорад. Деворе, ки як миллат олмониҳоро беш аз 40 сол аз ҳам ҷудо карда буд. Зимни мусоҳибаи мухбири яке аз шабакаҳои телевизионӣ, ки ба рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон доир гардид, марди 65-70 солае мисраъҳои шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзодаро: То тавонӣ дўстонро гум макун, Дўстони меҳрубонро гум макун, Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст. О Мушкилосонкункасонро гум макун – ро мегуфту дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Нигоҳҳои пурмеҳру ашкбори ў аз дидори деринтизор далолат мекард. Кам андар кам одамоне буданд, ки дар ин рўз ба роҳбари ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои чунин як иқдоми нек аҳсан нахонда бошад. Ин тадбири дурандешона, ки аз ҷониби сарварони ҳамсоядавлат сурат гирифт, на танҳо тоҷикону ўзбекон, балки ҳамсоягони мо: қирѓизону туркманҳо, қазоқҳою афѓонҳоро шарики хурсандии мо гардонд. Зеро ин амал барои таҳким бахшидан ба ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамон рўз дар ҳама ҷо аз кушодашавии сарҳад ва оѓоз гардидани рафтуомад, ки як муддате коҳиш ёфта буд, сухан рафта, одамон бо як меҳру муҳаббати хоса аз аҳамияти он ёдовар мешуданд. Зеро дар ҳар ду тараф хешу табор зиндагӣ мекунанд. Вақти вохурӣ бо яке аз дўстон, сокини пойтахт, шахси хеле соҳибмаърифат Бахтиёр Қудратов хушҳолии худро бо овардани як қисса аз зиндагиномаи таѓояш Шониёз Мўсоев, ки бо амри тақдир солҳои зиёде дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон зиндагӣ мекард, тақвият бахшид: «Шониёз Мўсоев соли 1936 дар деҳаи Шавакти Поёни ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1965 баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) як муддате дар Тоҷикистон кор мекунад ва пас аз он муддати ду сол, то соли 1967 дар давлати исломии Афѓонистон ба ҳайси тарҷумони забони дарӣ ифои вазифа менамояд. Ҳамчун мутахассис аксар ҳамкасбони давраи Шўравӣ ўро наѓз дар хотир доранд. Баъди бозгашт аз соли 1968 то 1969 инструктори Кумитаи ҳизбии ноҳияи Айнӣ шуда, кор мекунад ва соли 1969 боз ба Афѓонистон фиристода мешавад. Баъди бозгашт аз он ҷо аз соли 1974 муддати як сол ҳамчун мухбири рўзномаи «Ҳақиқати Ўзбекистон» дар шаҳри Тошканд фаъолият мекунад. Дар Эрон низ мутарҷими забони форсӣ будааст. Соли 1983 боз ҳамчун тарҷумон ба Афѓонистон фиристода мешавад ва баъди бозгашт ҳаёту фаъолияти худро ба кори илмӣ дар Институти шарқшиносии ба номи Абўрайҳон Берунии Академияи илмҳои Ўзбекистон мебахшад. Соли 2007-ум рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, дар байни ҳамкорон ҳамчун шарқшинос ва олим обрўю эҳтироми баландеро сазовор шудааст. Ў дар давраи фаъолият дар Институти шарқшиносии шаҳри Тошканд якчанд феҳристи хати форсӣ, китоби «Гулчин аз гулзори дўстӣ», «Девони имло»-ро, ки аз 600 саҳифа иборат мебошад, таҳия намудааст. Шониёз Мўсоев муаллифи беш аз 150 мақолаҳои илмӣ, иштирокчии як қатор конфренсияҳои байналмилалӣ дар Теҳрон, Амрико, Ҳиндустон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Куриёи ҷанубӣ ва боз чандин кишварҳои дигар мебошад. - Сабаби дар Тошканд муқимӣ шудани Шониёз Мўсоев дар чӣ буд?- пурсидам аз ҳамсуҳбатам Бахтиёр. - Ў дар давраи ба кор шурўъ намудан дар ҳамон ҷо ҳамсарашро интихоб мекунад ва соҳиби фарзандон мешавад. Ҳамин ҷиҳат сабаб мегардаду дар Тошканд мемонад. Лекин доимо ба Тоҷикистон омаду рафт дошт ва аз ҳар комёбию пешрафти он хушҳол мегашт. Дар бораи дўстии ду халқ мақолаю корҳои илмӣ менавишт, ки аз аҳамият холӣ набуданд. Шониёз Мўсоев соли 2016 дар конференсияи Муҳаммад-Ал-Термизӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд. Солҳои 2014-2015-2016 бо даъвати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, дар наврўзиҳои ҷумҳурии мо иштирок карда, дар бораи дўстии халқи тоҷику ўзбек баромадҳо мекард. Шониёз Мўсоев ҳамчун олим бо мақолаҳои илмии навиштаи худ барои таҳким бахшидани дўстии халқҳои Тоҷикистону Ўзбекистон хизмати шоиста кардааст. Ҳамон давра меҳнати арзандаи ўро ба инобат гирифта, ҳукумати Шўравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон Шониёз Мўсоевро бо ордену медалҳо қадрдонӣ мекунанд. Афсўс, ки ба Шониёз Мўсоев дидани ин рўзи фараҳбахши таърихӣ, кушодашавии сарҳадҳо ва аз нав эҳё гардидани рафту омади ду халқи бо ҳам бародар – тоҷику ўзбек насиб нагардид. Ў моҳи августи соли 2016 аз ҳаёт даргузашт. Агар мебуд, чӣ қадар хурсанд мешуд, - гуфта ҳамсуҳбатам Бахтиёр аз марги таѓояш оҳи сарде кашид. Имрўз даҳҳо ҳамтақдирони Шониёз Мўсоев дар ду тарафи сарҳад бо ёди якдигар умр ба сар мебаранд. Боварӣ дорем ҳар кадоми онҳо барои расидан ба ин рўз ба сарварони оқилу дурандеши худ Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев таҳсин менамоянд. Мисли марди истаравшанӣ, ки дар мусоҳиба ба мухбири Телвизиони Тоҷикистон мегуфт: «Ин кас писари амакам аст (марди 55-60 солаи дар паҳлуяш бударо бо меҳр нигоҳ карда) 25 сол шуд, ки мо якдигарро надида будем. Хайрият ба дидори ҳамдигар расидем. Раҳмат ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев!». Барқарор гардидани омаду рафт ба воситаи роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ натанҳо ба дўстии ду халқ таҳким мебахшад, инчунин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ мусоидат ҳоҳад кард. Дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд таъсис дода шудани марказҳои савдо ва хатсайрҳои сайёҳӣ байни ду кишвар, баргузории нахустин Рўзҳои фарҳанги Ўзбекистон дар Тоҷикистон, инчунин Рўзҳои Тоҷикистон дар Ўзбекистон, ки бо иштироки адибону ҳунармандон баргузор шуд, аз ояндаи неки ин ҳамкориҳо далолат мекунад. Ин иқдоми дурандешона, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид, дар саҳифаи таърихи давлатдории ҳарду кишвар бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳад шуд. Саъдии бузургвор шоири классики тоҷик барҳақ гуфтааст, ки: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рўзгор Дигар узвҳоро намонад қарор. Шералӣ МУСТАФОҚУЛОВ, рўзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.