Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

8-01-2018, 09:38
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, бо Тоҷикистон дар мавриди аз нав кушодани роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ тавофуқ ҳосил шудааст. Мирзиёев гуфт, ба зудӣ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов барои таҳияи шартномаҳои "катта-катта” ва омода кардани сафари расмии вай ба Тоҷикистон меравад.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 5 январ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд хабар дод, ки дар муносибатҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба наздикӣ тағйироти инқилобие ба вуҷуд хоҳад омад.
Шавкат Мирзиёев гуфт, аз ҷумла иртиботи роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли барқ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор карда хоҳанд шуд. Мирзиёев ҳамчунин хабар дод, ки сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов барои таҳияи ин созишномаҳо ва омода кардани сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон меравад: "Дар ҷарёни тайёрӣ ба сафари Тоҷикистон бо Абдулло Неъматович, мо шартномаҳои катта-катта ба имзо мерасонем. Роҳи оҳан ба Тоҷикистон кушода мешавад, хатҳои интиқоли нирӯи барқ ҳам кушода мешаванд... Касе моро намебахшад, агар ҳама чиз хуб нашавад. Мо ин корро мекунем. Вале шикастани яхи 20-сола кори осон нест.”
Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2016, дар пайи даргузашти президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба мақоми раҳбари аввали ин кишвар омад. Ӯ дар ин як солу чор моҳ аз ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ расман боздид кард, вале то ҳол фақат ба як кишвари ин қаламрав - Тоҷикистон сафар накардааст.
Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон то кунун ҳамагӣ чанд мулоқоти кӯтоҳ дар ҳошияи нишастҳои байналмилалӣ анҷом додааст. Аз он миён видеои сӯҳбати пур аз шӯхиву хандаи онҳо ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҳошияи як нишасти моҳи май дар Саудӣ сарусадои зиёде ба по карда буд.
Бо ин вуҷуд, баъди ба раҳбарии Ӯзбекистон расидани Мирзиёев равобити Тошканду Душанбе баъди солиёни "ҷанги сард” рӯ ба гармшавӣ овардааст. Дар соли 2017 баъди 25 соли фосила парвози ҳавопаймоҳо байни Тошканду Душанбе аз сар гирифта шуд, дар Душанбеву Хуҷанд бори аввал намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистонро баргузор карданд ва як фави ситораҳои ҳунари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ доир карданд. Ахиран эълон шуд, ки ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” кушодани хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухороро пешниҳод кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: