ДЎСТИИ ХАЛҚҲО ПОЯНДА БОД!14-12-2017, 15:48
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Дар замири Осиёи Марказӣ ду миллату халқияти соҳибтамаддуну бо ҳам дўсту қарин тоҷикону ўзбекон аз қадимулайём дар мақому манзалати хушбахтона зиндагонӣ мекунанд. Воқеан, таҳгузори чунин анъанаи қадимаю тўлонии ин ду халқияти соҳибтамаддун, ду шахсияти таърихӣ, ду шоири шаҳир, ду пешвои адабиёту санъати волои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ буданд. Маҳз ҳаминҳо аввалин шуда аз гулзори шукуфони меҳру садоқати тоҷикону ўзбекон зеботарину муаттартарин гулдаста бастанд. Шоир Собир Султон бо илҳоми саршор ин байтҳоро рўи коғаз овардааст: Тоҷику ўзбек ҳастанд аз куҳан, Дўстони қадрдон аз ҷону тан. Як далел меоварам аз бостон, Аз ду тан марди бузургу олишон. Аз ду инсони ба ҳам меҳрофарин, Аз ду тан устоду шогирди қарин. Яъне, Ҷомию Навоӣ – ин ду кас, Чун адибони бузургу додрас. Додаанд эшон басе доди сухан, Суфта ҷавҳарпора аз навву куҳан. Соҳибони ганҷи ашъори наҷиб, Нуктапардозони алфози аҷиб. Бо қасида, бо ғазал, бо маснавӣ, Дода сайқал дар ҷаҳони маънавӣ. Чин садаф аз даҷлаи осорашон, Баҳра бар аз санъати ашъорашон. Рафтагонро ёд мебояд намуд, Рўҳашонро шод мебояд намуд. Ўзбекистон, Тоҷикистон зинда бод! Дўстии халқҳо поянда бод! Роҳбарони ҳарду миллатро Худо, Баҳри амният намояд раҳнамо! Умед аст, ки монанди замони пешин дўстию бародарӣ, рафтуои корвони адабиёту санъат ва робитаҳои бозоргонӣ намоишу фурўши масолеҳи саноатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ бештар рушду нумўъ меёбад. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Собир Султон ашъори чанд тан аз шоирони ўзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки намунае аз онҳоро пешкаши хонандаи азиз мегардонам. Зокирҷон Фурқати Сухангустар АЙЁМИ БАҲОР Дар айёми баҳорон сабз гулгашти чаман бошад, Чӣ хуш, ҳангоми сайр аҳли муҳаббатро ду тан бошад. Дар айёми хазон гар тавба кард аз майхўрӣ, майлаш, Вале дар мавсими майхорагӣ паймоншикан бошад. Гулистон анбарафзо, рўҳафзо, сабзаҳо хандон, Хушо, дар сабзакории чаман, гулпираҳан бошад. Ҳаво ҳам мўътадил, ҳавзи мусаффо суффаи дилкаш. Ба рўи обҳо себаргаи тар мавҷзан бошад. Сабўи лаълу ҷоми нуқрагину шишаи мино, Дар ин маҷлис агар соқӣ, нигори симтан бошад. Нишаста булбулу гул, қумриҳо дар шохсори сарв, Ба ёди оразу қомат чӣ сон фарёдзан бошад. Чӣ созад одами тўбию кавсар, равзаи ризвон, Дар айвони ҷаҳон аз шодиҳо гар анҷуман бошад. Ба боғи даҳр кай мебинам охир гулшани шодӣ, Чӣ хуш, гар Фурқаташро маскани байтул-ҳазан бошад. АФСОНА МЕКАРДАМ Туро дар байни мардум, хушлиқо, афсона мекардам, Чун замбўри асал аз шаҳди лабҳо хона мекардам. Ту месозию месўзам дар оташхонаи ишқат, Ба гирди шамъи рўят хешро парвона мекардам. Хабар дорӣ магар аз дардаму ҳам аз рухи зардам? Ҳама дарди ҷаҳонро сарфи як паймона мекардам. Шавад гар бодаи ишқи ту дармон бар тану ҷонам, Зи хоки поки Лайлисиратон кошона мекардам. Ту чандин бор дар рўъёи ман маскан гузидастӣ, Агар дар рўзи равшан ойиам, ҳамхона мекардам. Аё, Лайлӣ, маро дидастӣ дар симои Маҷнунам? Чӣ мешуд ин ки дар шохи чанорат лона мекардам. Иҷозат деҳ, ки бўсам аз лаби лаъли шакарҳоят В-агарна дар фироқат хешро девона мекардам. Агар машшотае чун кокулатро шона бинмояд, Ду дастони варо донӣ, ҷудо аз шона мекардам. Машомамро муаттар гар намекард анбари мўят, Миёни кўҳу барзан наъраи шерона мекардам. Накардӣ бандаро даъват ба рўзи ҷашни мавлудат? Ки аз ҷоми ғазал ин давраро мастона мекардам. Дили Фурқат шуда банди каманди зулфи шабгунат В-агарна майли дидори бути бегона мекардам. БЕ ҲУСНИ ЗЕБОИ ДИЁР Умри кас хуш нагзарад бе ҳусни зебои диёр, Ҳам бисоти айш кай барпо шавад бе лолазор. Гар набошад соқии гулчеҳра дар базми тараб, Кай муроди дил шавад ҳосил зи ҷоми бодаҳор? Мешавад хушрўй базми ҷумлаи майхорагон Гар зи ағёре нишон он ҷо набошад, эй нигор. Баҳра бардор аз насими тозаи боғу чаман, Андаке фориғ шав аз гардиши ин рўзгор. Аз дами софи Масеҳо гар набошад офият Умри ҷовид оби ҳайвон ҳам намеояд ба кор. Зери по гардад сарам аз шўру савдои ҷаҳон. Хок гардад пайкарам аз сўзиши ишқи нигор. Фурқат ин сон анҷуманро мепарастад умрбод, Бояд одам баҳра гирад аз шукўҳи навбаҳор. Набихон Хўҷаев (Аз ғазалиёти чустӣ) ШИРУ ШАКАР ЗАБОНАТ Бахшида бар Навоӣ чандин асар забонат, Ҳалвочӣ гуфт: - Оре, ширу шакар забонат. Ўзбекдухтар ин дам хон як суруди форам, Бахшад сабақ ба булбул шому саҳар забонат. Дар ошёни қалбат гўё, ки тўй барпост, Ҳардам ба гўшам орад ин хушхабар забонат. Лутфӣ, Атоӣ, Машраб, Мўнис, Муқимӣ, Фурқат, Пурэътибор гаштанд аз мўътабар забонат. Дўкони лаб кушоӣ, баҳри сухансароӣ В-он гаҳ шавад харидор аҳли башар забонат. Чун дар фалак кушоянд аз мадҳи ту дабистон, Таҳсин менамояд шамсу қамар забонат. Гардад писанди хотир ҳар мисраи муассир, Бар шоире, ки бахшад илҳом агар забонат. Бо сад забони дунё хешу мутарҷимастам, Аз нўги хомаи ман резад гуҳар забонат. Садҳо китоб бинвишт бо ин забон Алишер, Бар Чустӣ низ бахшад дарси ҳунар забонат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.