Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Хуш келибсиз! Хуш омадед!»

«Хуш келибсиз! Хуш омадед!»

7-03-2018, 09:29
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
«Хуш келибсиз! Хуш омадед!»
Раиси ташкилоти ибтидоии «Иттиҳод» ҲХДТ дар ноҳияи Сомонӣ Саидбег Мирзомиддинов, мушоҳидаҳояшро аз сафар бо қатори «Душанбе – Москва» чунин нақл кард:
Аз Душанбе мо соати 3 – и шаб баромадем. Мақсадамон шиносоӣ бо вазъият ва бо чашми худ дидани шароити роҳ буд. Моро корманди ТВТ низ ҳамроҳӣ мекард. То ин сафар мо чандин бор ба Русия бо қатор рафтуомад доштем. Аммо ин бор ҳар чизе дидем, аз гузаштаҳо мисли замину осмон фарқ мекард. Аввалин нуқтаи мушкил барои мусофирон дар гузашта гузаргоҳи марзии Сариосиё буд. Моро ин бор дар ин ҷо сарҳадбонон ва кормандони гумрук бо чеҳраи кушода пешвоз гирифтанд. Хушмуомила буданд.То ин дам гумон намекардам, ки кормандони давлатӣ ва мардуми Ўзбекистон ҳам тоҷикӣ гап мезананд. Онҳо ин бор бо меҳрубонӣ ва ҳама тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Ҳуҷҷатҳоямонро тафтиш, вазъияти санитарии вагонҳоро назорат намуданд. Намояндагони Хадамоти амнияти миллии Ўзбекистон ҳам бо чеҳраи пурханда моро пешвоз гирифта, ҳуҷҷатҳоро санҷиданд, Расмияти тафтиш ба таври лозим риоя мешуд, бинобар ин сагҳои бўгирро барои пайдо кардани маводи мухаддар ба вагонҳо дароварданд, аммо лому монтировкаро, ки солҳои пеш аз асбобҳои маъмулӣ дар дасти кормандони ин ниҳод барои шикастани вагонҳо буд, ин бор надидем.
«Хуш келибсиз! Хуш омадед!»
Сардори қатори мо Аскар Саидов як ҷавони серѓайрату кордон, ки маълум шуд, ба наздикӣ ба ин вазифа таъин шудааст, доим аз аҳволи мусофирон ва фаъолияти кормандони вагонҳо хабар мегирифт. Вақти гузар аз марз ва дар суҳбат бо намояндагони Ўзбекистон ҳам хеле фаъол ва боҷасорат буд.
Дар қаламрави Ўзбекистон ҳар ҷое, ки поезд ист мекард, бо мо, чи кормандони ниҳодҳои давлат ва чӣ мардуми одӣ меҳрубониҳо мекарданд. Дар истгоҳи Қаршӣ қатор бештар ист кард ва моро ба берун даъват намуданд. Дар саҳни вокзали роҳи оҳан модарони бузургсол ва духтарон ба пешвозамон баромаданд. Баъзе аз модарон бо мо салом карда, дастонашонро ба абрўи худ мемолиданд. «Хуш келибсиз! Хуш омадед! Ката раҳмат!», «Эмомалӣ Раҳмон, Мирзиёев – ба, ката раҳмат! – мегуфтанд. Масъулони вокзал, мақомоти ҳукумати шаҳр бо мо бародарвор суҳбат карданд. Маълум мешуд, ки ташнаи дидору аз нав барқарор шудани робитаҳои дўстона ҳастанд. Кўшиш мекарданд, бо мо тоҷикӣ гап зананд. «Ба наздикӣ ҳама чиз хуб мешавад», мегуфтанд. «VIP – зал»-и саристгоҳи Қарширо ба мо нишон доданд. Он калонтар аз истгоҳи марказии Душанбе буда, хеле ҷаззоб сохта шудааст. Чанде аз пешвозгирандаҳо моро ба шаҳр ба як пиёла чой даъват карданд, вале вақте фаҳмиданд, ки сафари Москва дорем, бо меҳрубонӣ «Роҳи сафед!» – орзу карда, гуфтанд: «Сафари оянда бафурҷатар оед».
Қатори мо пас аз Ўзбекистон ба Туркманистон дохил шуд. Дар марзи ин кишвар ҳам бо мо муносибати хуб карданд. Дар Қазоқистон ҳам муносибати кормандони марзбону гумрукчиён ва ниҳодҳои санитарӣ нисбати мусофирони қатори Тоҷикистон таѓйир ёфтааст.
Аз ин сафар бардошти мо чунин буд, ки дар Ўзбекистон бисёриҳо интизори сафари Сарвари кишварашон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳастанд. Онҳо ҳам монанди мо умедворанд, ки дар ҷараёни ин сафар ва дар музокирот дар сатҳи олӣ тамоми масъалаҳои мавриди баҳс баррасӣ мешаванд ва мушкилоте, ки аз сўи раҳбарияти пешини ин кишвар дар муносибат бо ҳамсояҳо сохта шуда буд, аз байн бардошта мешаванд. Мо дар як роҳи гузар аз хоки Ўзбекистон ва дар вохўриҳои кутоҳ бо мардум эҳсос кардем, ки дар он сўйи марз ҳам муштоқи дидор бо мо, тоҷикҳо ҳастанд.
Ю.Солеҳ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: