Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Поёни шаби сияҳ сафед аст

Поёни шаби сияҳ сафед аст

7-03-2018, 09:28
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
     Поёни шаби сияҳ сафед аст
То андозае, ки воқифам, дар ҷаҳон дигар нест халқу миллате, ки мисли тоҷикону ўзбекон ин қадар ба ҳам наздик бошанд. Урфу одат, расму оин, ягон хел фарқият надоранд.
Ҳамаи ин ва бисёр чизҳои дигар, ки ҳар яке боз ба чандин ному намудҳо ҷудо мешаванд, барои ҳарду халқ ҳам муштараканд. Танҳо нону шириниҳоро ба ёд оваред, ки чӣ қадар ному намудҳо доранд ва дар байни ҳарду халқ ҳам якхелаанд.

Ҳатто симои ин ду халқ то андозае ба ҳам наздиканд, ки аз рўйи чеҳра ба кадом миллат мансуб буданашон фаҳмида намешавад. Инро устод Боқӣ Раҳимзода бисёр самимӣ ва воқеӣ тасвир кардаанд:
Фарқи ҳама мардумони олам осон,
Аммо ману ту чунон бо ҳам наздик.
Бинанда чунин савол орад ба миён,
Эй ҷўра, бигў, узбакӣ ё тоҷик?
Деҳаҳои мо тоҷикону ўзбекон аксаран омехтаанд ё ҳамшафат. Дар тўю маъракаҳои ҳамдигар чун меҳмон не, чун дўст, бародар, рафиқ, ҳамсоя иштирок мекунанд, махсусан дар маъракаҳои мотам. Кам нестанд, мактабҳое, ки таҳсил дар онҳо бо ду забон мегузарад. Ҳастанд мактабҳое, ки фарзандони ҳарду миллат дар як синфхона, паси як миз нишаста бо ҳам таълим мегиранд.
Дар Тоҷикистон хеле каманд тоҷикону ўзбеконе, ки забони ҳамдигарро надонанд. Аҷоибот дар он аст, ки ҳамон намедонистагиҳо ҳам байни ҳамдигар бо забони худ гуфтугў мекунанд. Тоҷик бо тоҷикӣ, ўзбек бо ўзбекӣ. Аммо якдигарро пурра мефаҳманд.
Барои ман бисёр гуворо аст, ба ёд овардани солҳои бачагию наврасӣ. Байни мо бачаҳои тоҷику ўзбек ягон хел фарқият набуд. Ҳатто аз миллати тоҷик ё ўзбек будани нафаре ба ёди ҳеҷ кадомамон намерасид. Мо ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ не, ҳамеша чун ба хонаи дўст, рафиқ ва бародар равуо мекардем. Байни мо як анъанаи хубе буд. 6 – 8 нафар бо ҳам, гандуми якдигарро дарав мекардем, заминҳоро побел менамудем, ғўзапояро ҷамъ меовардем. Агар дигарон ин корҳоро дар як моҳу ду моҳ мекарданд, мо дар 8 ё 10 рўз пурра ба анҷом мерасонидем.
Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ байни давлатҳои мо андаке хунукӣ сар зад. Таъкид мекунам: Байни давлатҳо ва сиёсат. Аммо, дар байни халқҳои ҳарду кишвар ҳаргиз чунин набуд. Ман инро бо камоли масъулият мегўям, зеро, маҳз ҳамин тавр буданашро бисёр хуб медонам. Медонам, ки намояндагони ҳарду миллат ҳам, алалхусус адибон, рўзноманигорон аз сард шудани муносибатҳои сиёсии давлатҳоямон бисёр ғамгин буданду афсўс мехўрданд. Лекин поёни ҳар торикӣ рўшноӣ аст. Ман чун як марди солманд дуо мекунам, ки чунин рўшноӣ саросари ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистонро фарогир шавад, дилҳои ин ду халқи таърихан дўсту бародарро боз ҳам нармтару қаринтар гардонад. Худованд ба сарварони дилогоҳи ҳарду кишвар қудрату тавоноӣ диҳад, то ки эшон хости дил, орзу ю умед ва азму иродаи мардумони кишварҳояшонро амалӣ гардонанд ва бо ҳамин дар таърихи башарӣ чун ду роҳбари хайрандешу хайркор, устуворгардонандагони дўстию бародарии халқҳояшон ҷой бигиранд.
Ҳасан Юсуфи Файзбахш



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: