Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тозагӣ - ҳусни шаҳр

Тозагӣ - ҳусни шаҳр

5-03-2018, 10:37
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Тозагӣ  - ҳусни шаҳр
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам санаи 3-юми марти соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Амал - 300 рӯзи ободонӣ» бо ҷалби васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ аз ҷониби саҳмгузорон кӯчаҳо аз партовҳо тоза карда шуда, зиёда аз 600 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуданд.
«Дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва ҳифозати табиати кишвар мардуми сарбаланди Тоҷикистон, хосатан, Раёсати ДДҲБСТ муташаккилона баҳри дар амал татбиқ намудани рушди экологӣ заҳмат мекашад.
Татбиқи амалии созандагиву ободкорӣ, сабзу хуррам гардонидани Ватани азиз рисолати шаҳрвандии мо буд ва хоҳад монд, - мегӯяд раиси КИИ «Сомон» Шарифзода Мӯмин Машокир. Ҳамзамон, сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо баҳори нозанин ва Рӯзи Модарон табрику таҳният намуда, хоҳони саломатӣ, хонаи обод ва рӯзгори шод мебошанд.»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: