Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ

Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ

6-10-2017, 10:13
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ
Бо ширкати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон»- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан» рузи гузашта 4 октябр дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» доир гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат дошт.
Шарифзода Мӯмин Машокир, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Ҷамшед Тӯраев оид ба масъалаи якуми рӯзнома-ҷамъбасти фаъолияти кумиҷроияи ибтидоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва вазифагузориҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ 5 январи соли 2017 баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2017 тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи ҳизб, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ба Парлумони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз 22-декабри соли 2016, Маводҳои Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд, маводҳои Конференсияи 19-уми ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ монда шуд.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроия ибтидоӣ Шарифзода Мӯмин Машокир оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Баъдан, раиси комиссияи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Ғайрат Бобоҷонов дар мавзӯи «Пешвои миллат –ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» маърӯза намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликсиломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, фаъолияти кори Кумитаи иҷроияи ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид ва якчанд пешниҳодҳо оиди фаъолияти минбаъда пешкаш намуд. Дар ҷамъбасти маҷлис аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ барои фаъолияти пурсамар ба Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» Сипоснома супорида шуд. Инчунин 7 нафар аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд, ки ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуд.
Бо ҳамин ҷаласа ба кори худ хотима пазируфт
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: