Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёдкориву ободонӣ боз дар як гӯшаи Деваштич

Бунёдкориву ободонӣ боз дар як гӯшаи Деваштич

25-04-2017, 14:33
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Бунёдкориву ободонӣ боз дар як гӯшаи Деваштич

Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аз Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2016 ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Сарвари давлат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ саъю кӯшиш намуда истодаанд. Махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ташаббусҳои нав ба нави сокинону фаъолони ноҳия баҳри сарсабзии диёр ба назар расида, маорифчиён низ дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Деваштич, яъне дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Муҷун бо ташаббуси сарвари муассиса Ботир Саломов ва дастгирии раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Комилҷон Отабойзода ва раиси Шӯрои маҳаллаи деҳаи Муҷун Абдурауф Нарзуллоев дар масоҳати зиёда аз 1,5 га хоҷагии ёрирасон ва боғи дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ташкил намуда, дар шафати роҳравҳо гулу буттаҳо шинонида шуданд. Мавриди зикр аст, то имрӯз гирду атрофи муассисаи мазкур бинобар бо сабаби тангдастӣ кашидан ба оби полезӣ ба як ҳолати ногувор қарор дошта буд ва пас аз он, ки ду сол қабл бо ташаббусу дастгирии фаъолону сармоягузорон дар деҳаи Муҷун кофта ба истифода додани чоҳи артезианӣ (амудӣ) зиёда аз 500 оила ба оби нӯшокӣ ва зиёда 150 хоҷагиҳои деҳқонӣ, алалхусус МТМУ №4 низ ба оби полезӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Маҳз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Роҳбари муаззами давлатамон дар соҳаи об низ, сокинони диёрамонро руҳбаланд намуда, ба онҳо такони ҷиддие мебахшад, ки барои ободиву гулгулшукуфии Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳамин буд, ки бо роҳбарии сарвари муассиса омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа гирду атрофи муассисаи мазкур ба сабзазор табдил гардида, боғоту гулгашт ташкил ёфт ва дар майдони хоҷагии ёрирасони муассисаи зикршуда сабзавоту маҳсулоти полезӣ кишт карда шуд.
Чунин ташаббусҳои маорифчиёну хонандагони МТМУ №4-ро ба инобат гирифта, дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри хотирмон таҷлил намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» бо ташаббуси Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия, дар якҷоягӣ бо Ҷамоати деҳоти Муҷун ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар муассисаи таълимӣ рӯзи шанбегии боҳашамат баргузор гардид. Фаъолони деҳаи Муҷун барои нашъунамову обод гардидани як гӯшаи дигари диёр дастархони идона ороста, пирони нуронӣ барои ташаббуси аъзову ҷонибдорони НТТТ «Созандагони Ватан» ва тақвият бахшидан ба нерӯъи ободкоронаи онҳо дасти дуо бардоштанд. Шанбегии мазкур дар руҳияи идона ва дастаҷамъона баргузор шуд, ки натиҷаи он пас аз муддати начандон дур самараи нек ба бор хоҳад овард.

Сарвар Саидов
роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: