Тарғибот тавассути созандагиву бунёдкорӣ16-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин густариши корҳои созандагию ободкорӣ фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, бобати эълон гаштани иқдоми навбатии ҳизбиёни вилоят таҳти унвони «Тарғибот тавассути созандагиву бунёдкорӣ» ба имзо расидааст. Дар доираи иқдоми мазкур пешбинӣ шудааст, ки дар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо шанбегӣ доир намуда, барои тозагиву ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррам гардонидани маҳаллот ҳизбиён низ саҳм хоҳанд гирифт.
Бо дастури Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб баҳри сари вақт иҷро гаштани фармоиш нақшаи корӣ ва чорабиниҳои дахлдорро омода намудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.