Ободонӣ шиори мост18-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 407 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бо супориши Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 2520 м.кв. роҳҳои пиёдагарди шаҳрак таъмир шуда, ба маблағи 8300 сомонӣ дар маркази ноҳия лавҳаи Каҳрамонони миллат гузошта шуд. Аз ниёгонамон то ба имрӯз чун анъана ҳисси ватандӯстиву ободкорӣ дар замирашон ҷой дораду боқӣ мондааст, то кунун идома дорад. Бо талабу дархост ва дастгирии кумитаи падару модарон баҳри ободу зебо намудан ва дар руҳияи созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас дар Гимназияи №1 ва муассисаи таълимии №1-и шаҳраки Ғончӣ роҳравҳояш таъмир ва атрофашро панҷараҳои рангину зебо муҷҷаҳаз карда шуданд. Беморхонаи марказии ноҳия ва КАТС низ баҳри ободонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ тамоми роҳҳои пиёдагарди атрофашро пурра таъмир ва гулзор намуданд. Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ низ ин иқдоми некро идома дода, роҳи пиёдагардро таъмир ва бинову панҷараҳояшро ранг намуд. То таҷлили 25-солагии Истиқлолияти ватани азизамон мардуми ободкору бунёдкори ноҳияи Деваштич бисёр иқдомҳои некро дар амал татбиқ намуда, ҳоло низ идома дода истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


