Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд

Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд

8-02-2018, 03:54
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0


Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд
ХОРУҒ, /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии қисми низомии 011-23, мутааллиқ ба Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намудҳои волейбол, футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук шурӯъ шуд. Муовини комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосим гуфт, ки ҳамасола мутобиқи нақша, аз аввали моҳи феврал дар ҳамаи қисмҳои низомӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Ин мусобиқаи кушод аст ва дар он кормандони раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти оташнишонӣ ширкат мекунанд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаҳо машқи бадан, баланд бардоштани малакаву маҳорати варзишӣ ва дӯстию ҳамкорӣ миёни кормандони сохторҳои низомию қудратӣ мебошад.

Соли гузашта дастаи шуъбаи Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ дар сабқат хеле фаъолона ширкат намуда, дар аксари намудҳо пирӯз гардид. Сардори шуъбаи мазкур Кишвар Аҳмадбеков изҳор дошт, ки “барои ҳар як корманди Хадамоти оташнишонӣ тарбияи ҳаррӯзаи бадан хеле муҳим аст. Онҳо ба ҳар як ҳодисаи сӯхтор- хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, бояд омода бошанд. Барои обу тоби бадан дар шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ ҳамаи шароит муҳайёст. Як гурӯҳи дигар дар толорҳои варзишии шаҳр тамрин мекунанд. Аз ин рӯ дар бисёр мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ кормандони мо ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд”.

Комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосимов гуфт, ки ин сабқат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Артиши миллӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: