Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗОНИ ДПТДТТ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА

ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗОНИ ДПТДТТ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА

25-04-2017, 12:09
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗОНИ ДПТДТТ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон мусобиқаи кушоди Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд аз рӯйи намуди баскетбол, ба хотири ёдбуди полковники Вазорати корҳои дохилӣ, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ Абдуллоҷон Шамсиев санаҳои 11- 15 байни духтарон доир гардид.
Мусобиқа дар толори варзишии Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, мақсад ва вазифаи баргузории он тарғибу ташвиқи намуди баскетбол байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин иборат буд.
Дар мусобиқа варзишгарони Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят, дастаҳои яккачини ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, мактаби варзишии № 1 и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Духтарони баскетболбози Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бори нахуст дар ин мусобиқаи вилоятӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи якум ва бо Ҷом, медал, туҳфаҳою ифтихорномаи Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: