Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мусобиқаи варзишии волейбол дар байни донишҷӯёни муассисаҳои касбии ноҳия

Мусобиқаи варзишии волейбол дар байни донишҷӯёни муассисаҳои касбии ноҳия

1-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаи варзишии волейбол дар байни донишҷӯёни муассисаҳои касбии ноҳия
Дар асоси нақшаи кории бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва «Ҳафтаи варзишу саломатӣ», ки аз ҷониби бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» эълон шуд, дар ҳамдастӣ бо шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар толори варзишии Литсеи касбии саноати кишоварзӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди воллейбол баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои касбии ноҳия иштирок доштанд. Нахуст сардовари мусобиқа, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармаҳмад Иноятов дар бораи омодагии дастаҳои литсею коллеҷҳои ноҳия ба мусобиқа маълумот дод. Раиси КИ ҲХДТ Дилшод Зокиров мусобиқаро ифтитоҳ карда, иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2016 чун Соли фарди солим баргузор мегардад. Сипас аз ҷониби иштирокчиёни мусобиқа Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зинда садо дод. Бозӣ дар байни 4 даста аз коллеҷҳои омӯзгорӣ, кишоварзӣ, тиббӣ ва Литсеи касбии саноати кишоварзӣ хеле тезу тунд ва шавқовар ҷараён гирифт.

Донишҷӯёни дастаи МТД Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ бо ба даст овардани холҳои бештар сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дастаҳои Литсеи касбии саноати кишоварзӣ ва МТД Коллеҷи омӯзгорӣ мутаносибан соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуданд. Ғолибон бо Диплому мукофтоҳои КИ ҲХДТ, бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Дастаи МТД Коллеҷи тиббии ноҳия низ барои иштироки фаъолона бо туҳфаи хотиравӣ қадр карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: