Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мусобиқаи варзишии оташнишонон

Мусобиқаи варзишии оташнишонон

3-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Қобили қайд аст, ки варзиш яке аз воситаҳои тарзи ҳаёти солим ва пешравии ҷомеа ба шумор рафта, ҳамчунин ба пешрафти фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як шахс, ба хусус оташнишонон, ки ин соҳа чусту чолокиро тақозо менамояд, нақши назаррас дорад.

Бо ҳамин мақсад ҳамасола мусобиқаҳои варзишӣ байни ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани намудҳои гуногуни варзишӣ дар хадамоти мазкур ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҳамин буд, ки дар варзишгоҳи машқӣ- таълимии РХДО шаҳри Душанбе, мусобиқаи СХДО оид ба варзиши сабук байни ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии горнизони Душанбе баргузор гардид.

Мусобиқа байни 16 даста аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла давидан ба дарозии 100 метр, давидан ба масофаи 5 км, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва эстафетаи оташнишонӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ ҷойи аввалро дастаи қисми 1-уми хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюмро дастаи қисми 2-юм оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюмро дастаи қисми 13-ум оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода ишғол карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Сарраёсат ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабиниҳои зидди сӯхтории кӯдакон
Аз тарафи кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ВКД баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор аз оташбозии кӯдакону наврасон пайваста озмунҳо дар мавзуъи беҳатарӣ аз сӯхтор ташкил ва гузаронида мешавад. Чанде қабл чунин озмунҳои зидди сӯхтори байни муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҳисор ва Варзоб баргузор гардид.

Дар ин чорабини кӯдакону наврасон дар баробари дар расмҳояшон тасвир намудани омилҳои сар задани ҳодисаҳои сӯхтор боз шеъру саҳначаҳои ҷолиб дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор ба тамошобинон ва аъзоёни ҳакамон пешкаш намуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани озмун ин омузиши кӯдакон бо риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, тарбия ба кӯи некиву накукорӣ, бо ҳамдигар ва нисбати арзишҳои молию шахсии диёр мӯнису ғамхор буданро ҳидоят менамояд.
Дар охир аз тарафи роҳбарияти хадамотҳои мазкур ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, инчунин ба онҳо боадаб будану хубу аъло хондан, рост гуфтану, рост пазируфтан иброз карда шуд.
Толиб Ҳаётов, Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: