Бетарафи бешарафист4-01-2018, 09:55
Хабарро хонданд: 657 нафар
Назарҳо: 0
Дар давоми ҳаёт борҳо бо ашхосе рӯ ба рӯ мешавем, ки ба тамоми зуҳурот ва таҳрикҳои зиндагӣ назари бетафовут дошта, дар ҳама холатҳо бетарафиро интихоб мекунанд. Бетарафӣ ба одамон, муҳити атроф, воқеоти рӯйдода, фарзандон, ба падару модар ва боз чандин мазмун ва ҳолатҳои дигар, ки ҳамқадами ҳаёти мо ҳастанд. Аслан бетарафӣ мавзўи васеъ аст ва таҳлили он вақти зиёдеро тақозо мекунад. Бемеҳрӣ Мувофиқи ақидаи равоншиносон, чунин одамон ба се гурўҳ ҷудо мешаванд. Иддае дар зоҳир хеле меҳрубон ва содадиланд, гурўҳи дигар дағал ва муносибати бад доранд ва фирқаи сеюм аз заковати одамӣ фарсахҳо дуранд. Аммо, ҳар се гурўҳро рафтори бетарафона, бепарвоӣ ва тарсуӣ ба ҳам муттаҳид месозад. Агар маънии ин мафҳумро фасеҳтар мавриди назар карор диҳем, бетарафӣ даҳшат аст ва он ба дилхоҳ ҷомеа оқибатҳои ниҳоят вазнин ва иснод меорад. Бубинед, агар дар оила падар ва ё модар нисбат ба фарзандон муносибати бетарафона дошта бошад, он гоҳ дар руҳияи онҳо бемеҳрию бемурувватӣ, бефаросатию бераҳмӣ ташаккул ёфта, эҳсосоти садоқату рафоқат, муҳаббату вафодорӣ аз онҳо дур мешавад ва манзалати падару модар дар назди онхо ҳеч мегардад ва оқибат қисми зиёди чунин фарзандон даст ба ҷиноят мезананд. Биёед як бор ба атрофи худ назар меандозем ва мебинем, ки кадоме аз шиносҳоямон бароямон азиз аст ва чаро? Дарвоқеъ, аз байни даҳҳо нафар ошноён барои шумо танҳо чанд нафар маҳбубият доранд ва боқӣ шиносҳои мо муқаррариянд. Чаро? Чунки онҳо ба шумо кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, дар мавридҳои шодӣ ва мушкилоти ба саратон омада бо шумо нестанд ва шумо низ як андоза ба онҳо бетафовут менигаред. Дар оила низ маҳз ҳамин мазмун ба назар мерасад, танҳо фарқ дар он аст, ки аҳли хонадон ҳар рӯз бо моянд ва бо хам муошират мекунем. Бетарафии оилавӣ аҳли хонадонро пароканда карда, эҳсоси эҳтирому садоқатро аз онҳо дур месозад. Манфиатҷӯӣ Мувофиқи тадқиқоти равоншиносон, одамони бетараф дар тафаккури худ барномаи махсусе доранд, ки дар он ашхоси алоҳидаи манфиатбахшро ҷой додаанд. Пас, инсоне, ки манфиатҷӯӣ мекунад, ба гурўҳи одамони бетараф шомил аст. Манфиатҷӯӣ низ мазмуни хеле васеъ дорад ва онро дилхоҳ шахси солимақл ҳамаҷониба дарк мекунад. Равоншиноси рус Жанна Немсова дар бораи чунин одамон навиштааст: «Одамони бетараф дар ҷомеа бо тавоноии музлимона зиндагӣ мекунанд ва онҳо манфиатҷў буда, танҳо ба супориш ва ё фармони додашуда гӯш медиҳанд». Бале ва ба «ман»-и худ «назари баланд» доранд, агарчӣ «ман»-и онҳо ниҳоят кӯтаҳ аст ва дидашон яктарафа ва бемазмун буда, зиндагиашон танҳо як паҳлӯ дорад, паҳлӯи дигари ҳаёти онҳо барояшон муҳим нест. Дар ҷои дигар Жанна Немсова навиштааст, ки «чунин бетафовутӣ дар байни мардуми Аврупо ба авҷи аълояш расидааст. Имрӯз қисме аз мардум ҳатто дар интихоботҳои сиёсии давлатӣ иштирок кардан намехоҳанд, аммо баъдан садо баланд карда мегӯянд, «иштироки мо суде надорад, аллакай ҳама чиз аз ҷониби дигарон ҳал шудааст…» ва ибрози норизоӣ мекунанд. Мутаассифона, дар байни шахрвандони мо низ чунин шахсон ҳастанд ва ба зиндагиномаи ҷомеаи муосир назари ниҳоят паст доранд. «Дарди ҳарина» Бетарафӣ алҳол барои иддае дарди ҳарина гаштааст, ки сол то сол нуфуз меёбад. Баъзан дар кӯчаю паскӯчахо бо наврасоне рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳайвонеро озор медиҳанд ва ё ҷавонеро мебинем, ки дар назаридигарон нисбат ба калонсоле беҳурматӣ зоҳир мекунад, аммо инро дигарон нодида мераванд. Чанд рӯз пештар шоҳиди воқеаи нангине шудам- гурўҳи наврасони тақрибан 10-12 сола дар як гӯшаи роҳ бо ҳам дағалона муноқиша мекарданд. Аз назди онҳо даҳҳо нафар калонсолон мегузаштанд ва касеро аз ғавғои онҳо парвое набуд. Иттифоқан марди солоре онҳоро бо дӯғу пуписа ва дашномҳои қабеҳ аз ҳам ҷудо кард. Рафтори ин мард гӯё хуб ба назар расид, аммо дашномҳое, ки дар назди чанд нафар занони роҳгузар нисбат ба наврасон раво дид, таҳқиромез ва аз иффати одамӣ дур буданд. Муносибат Паҳлўи дигари бетарафӣ, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии моро доғдор мекунад, ин муносибат аст. Муносибат ба атроф, одамон, ашёҳо ва ғайраҳо…Бубинед, Душанбешаҳр ободу зебо ва хеле дилкаш гаштааст. Кас ба хиёбону гулгаштҳо ва боғҳои пойтахт назар андохта, мафтуни олами зебоӣ мегардад. Аммо, мутаассифона, баъзан бо нафароне рў ба рў мешавем, ки нисбат ба ин зебоӣ иснод меоранд. Гулҳои хиёбону гулгашҳоро мекананд, поймол мекунанд ва ба ҳавзҳои фаввораҳои шахр пасмондаҳои хўрданӣ, шишаву қутиҳоро мепартоянд. Гарчанде дар ин ҷойҳои фароғатӣ даҳҳо нафар калонсону зиёиён қадам зада, ин ҳама бемаърифтиро бинанд ҳам, вале хомўширо ба худ авло медонанд. Ва ё дар микроавтобусҳои шахрӣ,бахусус «Старекс»-ҳо ронандагон мусиқии дилхарошеро бо садои баланд мемонанд ва аз он фаромўш мекунанд, ки шояд мусофире дард ва ё мусибате дорад. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки бо телефон аз шиддати баланд будани садои мусиқӣ гап зада наметавонем. Агарчӣ нафаре пайдо шаваду хоҳиши паст кардани мусиқиро аз ронанда талаб кунад, паҳлӯбудагон аз ҷанҷоли ронанда ҳаросида, бетарафӣ зоҳир мекунанд. Ҳатто роҳбарияти колоннаҳои микроавтобусҳо агарчӣ аз ин ҳолат бархурдор бошанд хам, лекин аксуламале нишон намедиҳанд. Дар атрофи ин мавзўи зикргардида борҳо ба воситаи радио ва телевизион барномаҳо таҳия шуда буд, аммо бадтар шуду хубтар не… Нигоҳе ба атроф Дигар паҳлуи бетарафӣ, ки имрўз дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ба назар мерасад, муносибати шаҳрвандон ба нуқтаҳои савдо, мағозаву ошхона ва тарабхонаҳо мебошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ нисбат ба воридоти ғайриқонунии маводи хӯрока ва аз он осеб дидани шаҳрвандон иброз доштанд, имрӯз дар кӯчаю паскўчаҳои шаҳр, дар хонаҳои шахсӣ, хатто дар роҳравҳо нуқтаҳои тиҷоратие амал мекунанд, ки маҳсулоти хўрокаи нигаҳдошташ кўҳнаро ба фурўш бароварда, одитарин шароити гигиениро надоранд. Ин аст, ки айни ҳол дар кишвар бемориҳои зиёде хурўҷ кардаанд. Агар шаҳрвандони мо нисбат ба чунин савдогарон бетарафӣ зоҳир накарда, онҳоро ҳушдор медоданд, мазмуни дар боло зикр гардида ранги дигар мегирифт. Имрўз зумрае аз савдогарон чунон беор гаштаанд, ки мақоли «Худам шоҳу таъбам вазир»-ро шиори кории худ карда, аз оламу одам бехабар гаштаанд. Чанд рўз пештар вориди мағозаи хўроквории назди истгоҳи марказии микроавтобусҳои 12 шудам ва хостам ҳасиби «Салями» харид кунам. Дар мағоза зани солоре ба ҳайси фурўшанда кор мекард. Аз ў нархи ду дона бастаи (стандартӣ) ҳасиби «Салями»-ро пурсидам. Тоҷирзан бепарвоёна «чордаҳ сомонӣ»- гўён ҳасибро дар халтаи селофанӣ андохта ба ман дароз кард. Ба ў фаҳмондам, ки «бастаи ин ҳасиб дар ҳама мағозаҳои шаҳр панҷ сомонӣ нарх дорад, чаро шумо қимат мефурўшед?». Бо ситеза ҷонибам нигариста гуфт: «Мо онро қимат мехарем». Ростӣ, бо он зан муноқиша кардан нахостам ва андешидам, ки бо зане, ки синну солаш ба ҷое расидааст, баҳс кардан маъние надорад, аллакай дер шудааст… Даҳони баста … Ё дар ҷои дигар пешхизматҳои тарабхонаю ошхонаҳо ҳар рӯз садҳо нафар мизоҷонро фиреб медиҳанд, вале мо бозори фиреби онҳоро намебинем ва агар бинем ҳам, худро нодида вонамуд мекунем ва ё аз пушташон онҳоро мазаммат менамоем. Дар боби ошхонаву тарабхонахо хаминро бояд иброз намоям, ки кисми зиёди ин муассисаҳои маишӣ қариб, ки беназорат мондаанд. Бахусус ошхонаву тарабхонаҳое, ки дар назди корхонаҳою паҳлўи роҳҳо амал мекунанд. Нархгузорӣ ба маводи хўрока ва таъоми ба мизоҷон пешниҳодгардида мувофиқи таъби «дӯкондор» мебошад. Баъзан нархи гузоштаи онҳо аз будаш ниҳоят зиёд нишон дода мешавад. Аммо мизоҷон дар бисёр мавридҳо бетарафӣ зоҳир карда, ба нархномаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки нафси саркаши пешхизматҳо рӯз то рӯз калонтару васеътар гашта истодааст. Қисми зиёди ин пешхизматҳо на ҳуҷҷати корӣ доранду на дар қайди шаҳр ҳастанд ва ҳар рўз бо 30-40 сомонии аз тарафи раҳбари муассиса қонеъ нашуда, мизоҷонро фиреб медиҳанд. Дар боби дафтарчаи санитарӣ ва дафтаи номгўи хўрокҳо ва нархи онҳо доштанашон ҳоҷати гап ҳам нест. Кас аз он ҳайрон мешавад, ки як зани чоплуси аз кўча омада, ҳар рўз даҳҳо нафар мардони зиёиву соҳибмаълумотро фиреб медиҳад, вале боз ҳамон бетарафӣ… Хулоса Равоншиноси австриягӣ Пет Ҳайн навиштааст, ки «бетараф будан нишонаи мағлубиятро дорад». Бале, мағлуб шудан дар набардҳои зиндагӣ, шикасти инсон аст ва ин шикаст дар хислати одамӣ маскан гирифта, зина ба зина одат шуда мемонад. На танҳо ба мағлубшуда зарар мерасонад, балки таъсири бади худро ба одамони атроф ва оила низ мерасонад. Равоншиносон исбот намудаанд, ки шахси бетараф андешаи солим надорад ва одамонро ба гурўҳҳои хубу бад ҷудо карда наметавонад, зеро ў бо худаш ҳасту эҳсосоти волои инсонии шарафу номусу виҷдонро дарк карда наметавонад ва агар дарк ҳам кунад, эҳсоси оҷизияш ўро маҷбур месозад, ки бетараф бошад. Пас бетарафӣ ин бешарафист!... Тағоймуроди Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.