ҲАҚОРАТ КАФШЕРИ СУХАН МЕШАВАД?23-10-2017, 14:15
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Ба қарибӣ қазияи бисёр нангини ба намозгузорони масҷид ва ҳамдеҳагони хеш ҳақоратҳои гаштаву баргашта додани Шокир Холдоров масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати «Чоряккорон» тавассути шабакаи «Фейсбук» расонаӣ шуд. Ин ҷавон воқеан сахт беодобӣ кардааст, ки ӯро бо ҳеҷ каломе «сафед» карда намешавад. Зеро ӯ аз номи мақомоти маҳал намояндагӣ мекард, яъне корманди давлат аст. Ҳарчанд аз навор эҳсос мешавад, ки ӯро ба қавле «провокация» кардаанд. Набошад, кӣ пешакӣ медонист, ки ӯ ҳақорат медиҳаду нуқтаи сабтро пешакӣ зер кунанд ё аз пеш ӯро ошкоро ба навор бигиранд. Вале магар имрӯзҳо танҳо алфози Шокир Холдоров чунин аст? Не, албатта! Зинҳори ба зинҳор ин матлабро ба тарафдории ин «чиновник»-ча наҳисобед, баръакс бисёр мехостам ба намунаи ибрат ӯро аз кор сабукдӯш кунанд, то дигарон бидонанд, ки таҳқир ҳам як моддаи қонун асту ҷазо дорад. Ин матлабро дер боз навиштанӣ будам. Маро ва шояд аксариятро ин мушкил дер боз ба ташвиш меорад. Рӯзи душанбе 16 октябр аз назди мактаби № 54-и шаҳри Душанбе мегузаштам. Лаби роҳи пиёдагард се наврас – дутояш паҳлуи ҳам ва сеюмаш тақрибан 10 қадам дуртар нишаста буданд. Чун ман ба онҳо баробар шудам, оне, ки дур менишаст гуфт: «Додарҷон илтимос ҳамин кора кун, ман ба ту ёрдам карда будам- ку?» Писарчаи тақрибан 15-16- солае, ки шояд бародари инаш буд ё аз меҳрубонӣ ӯро аввалӣ «додарҷон» садо карда буд, медонед чӣ посух дод? «К…-ма хурдай, намекунам». Ин алфози қабеҳро, вақте ки озодона дар пеши як зани калонсол ин бачаҳо мегӯянд, дигар маълум аст, ки инро онҳо барои худашон беодобӣ ҳам намеҳисобанд. Ман ба роҳам идома додаму то дур садои пуртаҳқири он бача дар гӯшам садо медод. Рӯзе дар назди бинои истиқоматиям аз мошин фаромадаму ҷавонеро дидам, ки бо телефон гуфтугӯ мекард. Ончунон асабонӣ буд, ки зимни гуфтугӯ бо ҷаҳл пасу пеш мерафт. Вале чун ба ҷойи овозрас расидам шунидам, ки ӯ сухан намегуфт, аз даҳонаш борони ҳақорат меборид. Қабеҳтарин суханон, ки вожаи сухан ин ҷо ҳаром мешавад, аз гӯшии телефони ӯ ба гӯши касе мерехт. Одамони зиёде он ҷо равуо доштанд. Ман фикр кардам, ки ҳозир чашми ин ҷавон ба ман меафтаду шарм дошта ҳақоратро бас мекунад. Вале куҷо? Ӯ на касеро «медид» ва на одамонро писанд мекард. Шояд ӯ намедонист, ки ин қадар ҳақоратҳои гӯшношунидро дар кӯча дар ҳузури дигарон ва умуман чун як инсон ба забон овардан аз рӯи одобу одамгарӣ нест? Дили ман дар ин ҳолатҳо то чанд рӯзи дигар дард мекунад. Вале аксариҳо хомӯшу бетараф аз бари чунин фардҳо мегузаранд. Он рӯз ба худ андешидам, агар мард мебудам, ин ҷавони беодобро мурданак мезадам, то «тарбият» биёбад. Вале чӣ даруни нақлиёти ҷамъиятӣ, чӣ дар кӯчаву атрофи мактабҳо лафзи одамон пуропури таҳқиру тавҳин шудааст, аммо намедонам чаро ҷомеа бетараф аст? Пасттарин суханҳоро «ҷӯраҳо» ба ҳам мегӯянд, ки дар онҳо на хоҳару на модару на авлодашон амон мемонанду боз онҳо паҳлуи ҳаманд, дӯстиро идома медиҳанд, ин гӯё сӯҳбати ҷӯраҳост. Мухотаби ҳар як ҷумлаи наврасону ҷавонон ҳақорат аст, ки овардани онҳо коғазро ҳаром мекунад. Ҳамагон навори устоди донишгоҳи Қӯрғонтеппаро ёд доранд, ки бо чи алфозе шогирдашро ҳақорат медод. Устод гӯё сахт асабонӣ буд, вале инсон, агар дар таркиби луғавияш ин қадар ҳақорат надошта бошад, дар ҳолати асабоният ҳам, касеро таҳқир карда наметавонад. Наворҳои видеоии зиёде дар шабакаҳои интернет партофта мешаванд, ки гӯё он ҷо барои хандондани одамҳо гузошта мешаванд, вале онҳо саропо ҳақорату дашному қабеҳтарин алфозеанд, ки боз ҳазорон навраси дигар онро тамошо карда аз онҳо «меомӯзанд». Аммо шабакаҳои хориҷиро кай парвоест, ки дар онҳо чӣ гуфта мешавад. Барои онҳо муҳим муштариёнашон зиёд бошад. Чунин наворҳо аз сермуштаритарин саҳафоти интернет аст, ки касро даҳшат фаро мегирад. Чаро одамон ин қадар ҷоҳил, хашмин ва сангдил гаштаанд? Замони пеш, агар касе модару падар ва ё хоҳару зани касеро ҳақорат мекард, онҳо душмани якдигар мешуданд. Аммо имрӯзҳо ҷавонон дар пеши духтарони ҳамсинфу ҳамкурсашон якдигарро «фалониоча» меноманду ин сухан гӯё чун мухотаб истифода мешавад. Касе аз касе хафа ҳам намешавад. Мардҳо агар чизеро нақл карданӣ шаванд, «баодобтарин калимаҳояшон «фалонизан» «занша фалон кунам», «очағар», «хоҳару модарша фалон»- ро чун пайвандаки байни ҷумлаҳояшон истифода мекунанд. Часпаки калимаҳо ё кафшери сухан шудааст ҳақорат, мутаассифона. Баъзан аз он ба даҳшат меафтам, ки ин «забон» тарзи ифодаи фикр қариб, ки забони гуфтугӯии одамон шуда истодааст. Мардеро бо даҳони пури носу алфози пур аз калимоти ҳақоратӣ, ки хафи даҳонашро парронда гап мезанад, дида гумон мекунам, ки ӯ бо касе ҷанг дорад, вале аҳли нишасти атрофаш бо таваҷҷуҳ ба ӯ гӯш медиҳанду механданд ё аз вай дида ибораҳои қабеҳтарро ба гуфтори бешармонаи вай зам мекунанд. Агар таваҷҷуҳ кунӣ, онҳо ҳодисаеро ба ҳам нақл доранд, пас магар вақти он нарасидааст, ки бонги изтироб бизанем, ки забони гуфтугуии мо, яъне забони кӯчаву бозор дар ҳоли фаносту часпаки сухангӯйӣ аз ҳақорат иборат гаштаву дорад ин расм мешавад. Баъзан дар ҷойи кор, яъне дар идораҳо ҳам ҳақоратҳои болохонадори ҷамъи мардонро мешунавӣ, ки гӯё бе ҳузури занон чунин гап мезананд, вале онҳо хуб медонанд, ки дар утоқи ҳамсоя ё даҳлез занҳои ҳамкорашон онҳоро мешунаванд, аммо парвое надоранд. Онҳо чунин суҳбатҳои пурҳақоратро ба тавраш «суҳбатҳои мардона» меноманд. Аҷаб, не? Ҳақорат додани ҳамдигар аз ҷониби ашхоси босаводу бесавод, яъне маданиву авом дар шабакаҳои интернетӣ «ба ҳукми анъана» даромада истодааст. Албатта, чунин беақлиро касоне мекунанд, ки бо исмҳои мустаор ва ба қавли муосир ҳамчун «Фейк» шинохта мешаванду аслан ноошноянд. Вале, вақте инсоне ба худ иҷоза медиҳад, ки дар мазҳари ом сухани қабеҳ бигӯяд, пас мусаллам аст, ки ӯ аз кӯчаи фарҳангу одамгарӣ нагузаштааст. Чӣ фарқ дорад, ки ӯ кисту чи кора. Охир одам бояд буд. Аз ҳама хандаовараш он аст, ки аксари ин ҳақоратчиҳо дар «Фейсбук» гӯё ба тарафдории ислом дигаронро таҳқир кардаву «кофир» мебароранд, ки ин хилофи шариати исломист. Яъне онҳо худро «муҷоҳиди роҳи ислом» пиндошта, бо таҳқири як мусулмони дигар хешро ба дину ойин содиқ нишон медиҳанд, ки ин на аз роҳи ақл асту на дину на шариат. Охир забони мусулмон бояд намозӣ бошад –ку? Қисмати дигаре дар ин шабакаҳо гӯё «политик» ҳастанду ба сиёсати давлат дахл мекунанд ё шахсеро чун мансабдори давлатӣ ҳақорат мекунанд. Оё магар ин муборизаи сиёсӣ аст ё аҳмақӣ? Агар ту ин қадар мехоҳӣ, ки чизеро аз сиёсати кишварат интиқод бикунӣ, магар бо андеша, назар ё далелу арқом собит кардани он гуфтаат мутаассиртар нест, аз он ҳақоратҳо, ки дар як замони кутоҳ бесаводиву беақлии худатро фош месозад? Умуман ин миллати қадимафарҳанги ман аз кай чунин ҳақоратчӣ шуда? Чаро ҷомеа инро таҳаммул мекунад? Ҳамсуҳбатони ман дар ин мавзуъ бар ин назаранд, ки баъди солҳои навадум бо ҷангу ҷидолу душманӣ ба ҳамдигар ин лафзи бад ба лексикони мо ворид гаштааст. Чун ҳарбиёни ба қавли худашон «сарвайрон» дигар дар мазҳари ом одамонро таҳқир карданду миёни ҳам бо алфози қабеҳ сухан гуфтанду ин вожаҳои пуртаҳқирро ба мардум боқӣ гузоштанд, он «муд» шуда? Вале дар ҳоле ки мо зиёда аз 20 сол дар амнияту офият мезием, чӣ тавр метавон забони хешро тоза накард? Охир дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон, ки қариб ним аср боз ноосоиштагист, вале касе дар кӯчаву бозор чунин лафзи бадро намешунавад. Умуман на дар кишварҳои ҳамзабон ва на дар давлатҳое, ки мо забони онҳоро медонем ин қадар таҳқир дар забони муошираташон нест, ба ҷуз русҳо. Вале русҳо боз чизҳои омӯхтании зиёде доранд, ба ҷуз «блядь»-у ҳақорат. Бархе бар ин назаранд, ки сатҳи тарбия дар макотиби мо поин рафтаасту онро бояд боло бурд, то кӯдакон аз хурдӣ ба алфози бад одат накунанд. Қисмати дигаре андеша иброз медоранд, ки бадлафзонро бераҳмона ҷарима бояд карду ҷазо бояд дод. Зеро ҳақорат он қадар дар забони мардум нишастааст, ки дигар ба «хубӣ» онро наметавон берун кард. Аммо чаро ҳамагиро аз роҳи зулму маҷбурӣ пеш бибарем? Аҷаб он аст, ки ин ҳама бардзабонӣ дар пойтахти кишварамон тӯли даҳсолаҳо чун яке аз шохаҳои урбанизатсия (шаҳрнишинӣ) муқимӣ мегардад. Солҳои пеш, агар нафаре аз шаҳр ба деҳа мерафт, мардум мехостанд ин одами маданиро бубинанд. Зеро маданияти шаҳриён хеле аз деҳотиён фарқ дошт. Дар суҳбаташ бишинанд, зеро забон, ҷаҳонбинӣ, дониш ва фаҳмиши вай хеле болову баланд буд. Аммо ҳозир гӯё баръакс шудаву лафзи пуртаҳқири шаҳриён боиси нигаронӣ гаштааст. Вале айб аст, агар моро бо зӯрӣ ширинзабон хушлафзу лаҳҷа гардонанд. Фикр мекунам, ки ниёгонамон ки мо онҳоро бо ифтихор ёд меорем, агар зинда мебуданд, шарм аз ин рафторҳои мо мекарданд. Гумон мекунам, ки агар ҳар кадоми мо чи пиру барно, чи олиму деҳқон ва чи зану мард худро бетараф нагирему бар зидди баддаҳонӣ мубориза барем, то андозае ҳам бошад, муваффақ мешавем. Мо бояд шахси ҳақоратчиву тавҳингӯйро дар маъракаҳои худ роҳ надиҳем, бо онҳо дӯстӣ накунем ва аз ҳама муҳимаш бо забони ширину нутқи пуртакаллуми хеш намунаи ибрат бишавем, зеро бадзабонӣ танҳо бефарҳангӣ нест, балки бадахлоқист. Биёед аон бипарҳезем. Хуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.