Яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бошарафи инсонӣ осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мутаассифона дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ таҳрикҳои террористӣ хеле зиёд шудааст ва ҳатто инсонҳое пайдо шудаанд, ки дар алоҳидагӣ даст ба ҷиноят зада хуни садҳо мардуми бегуноҳро мерезонанд. Чунин инсонҳо (агар онҳоро одам шуморидан мумкин бошад) арз ва мудавои манфур доранд ва бо ихтилофи хунину тақаллубомези худ бозори ваҳшату фитнаро барангехта, ҳаёти ороми сайёраро халалдор месозанд.
Терроризми байналмилалӣ мувофиқи як қатор санадҳои ҳуқуқи башарӣ ба қатори ҷиноятҳои мудҳиштарини умумиинсонӣ дохил мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм дар ақсои олам алафи заҳрпечакро мемонад, ки он рӯз то рӯз печидагии худро васеъ мекунад.
Ҳодисаи хунину манфуре, ки чанд рӯз пештар дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико рӯй дод тамоми инсонҳои солимандеши ҷаҳонро бетараф нагузошт. Стивен Паддок-шаҳрванди Амрико аз ошёнаи 32-юми ҳуҷраи меҳмонхонаи Мандалай-Бэй ҷониби иштирокчиёни Фестивали мусиқии кантрӣ оташ кушод ва дар натиҷа 59 нафар кушта ва 527 нафар захмӣ гардид.
Яке аз мутасаддиёни полиси музофотӣ Кларк Джо Ломбардо ба саволи журналистон ҷавоб дода гуфт, ки боварии кас намеояд, ки ин ҷинояткор танҳо кор карда бошад, аммо ҳукуматдорони маҳаллӣ ӯро «Гурги танҳо» ном бурданд ва иброз доштанд, ки худаш бе ҳамроҳии касе ин корро кардааст.
Стивен Паддок 33-номгӯи яроқи оташфишонро аз мағозаҳои яроқфурӯшӣ харида, ба меҳмонхонаи баландошёнаи Ogden, ки дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Лас Вегас воқеъ аст, ба утоқи зисташ овардааст.
Ходимони меҳмонхона гуфтаанд, ки Стивен Паддок дар моҳи август дар рок фестивали Lollapalooza ба ҳайси меҳмон даъат шуда, дар ҳамин меҳмонхона то кунун маскан гирифта буд.
Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро Стивен Падок, ки 64 соли умри худро паси сар кардааст, яъне дар аёми балоғати ақл ва дар вақте ки бояд боқии умрашро оромона гузаронад, чунин ҷинояти гушнонушид кардааст.
Иддае аз раҳбарони ДИИШ Стивенро ҳаммаслаки худ эълон доштанд. Аммо агенти ФБР Арон Руз иброз доштааст, ки Паддок бо ягон гурӯҳи террористӣ ҳамбастагӣ надорад. Агар чунин бошад, пас чӣ ин нафақухӯри 64- соларо, ба чунин ҷинояти хунин раҳнамоӣ кард?
Бубинед, дар чанд соли охир дар Амрико чӣ қадар чунин ҷиноятҳои хунини ба ҳам монанд рӯй доданд. Дар яке аз мактабҳои ИМА дар штати Колорадо «Колумбайн» ду нафар хонандаи синфҳои болоӣ Эрика Харриса ва Дилана Клиболда, 20-уми апрели соли 1999-ум ҷониби ҳаммаслаконаш тир кушоданд. Дар натиҷа 13 нафар хонанда кушта ва 37 нафар маҷруҳ шуд. Чунин ҳодисаҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ИМА ба монанди мактаби ибтидоии «БЭТ», дар донишгоҳи Остинеи иёлати Техас, дар мактаби ибтидоии «Сенди -Хук» ва дигар муассисоти таълимии Амрико дар тӯли чанд соли пешин рӯй доданд ва дар натиҷа даҳҳо нафар муҳассилин кушта шуданд.
Ба назар чунин мерасад, ки содир кардани чунин ҷиноят дар ин давлат гӯё ба ҳукми «анъана» даромадааст. Пайравӣ касе буданд ва ё бо ҷинояти вазнин номвар шудан яке аз хатоиҳои ислоҳнашавандаи одамӣ дониста мешавад. Мутаассифона дар тӯли қарнҳо чунин ҳодисаҳои хунин борҳо рӯй додаанд.
Омили дигари сар задани чунин ҷиноят фурӯши озоди яроқу аслиҳа дар ин давлат мебошад. Имрӯз қариб дар тамоми иёлоти Амрико яроқу аслиҳа ба тариқи озод фурӯхта мешавад. Ин ҷо гуфтаи маъмули мардумӣ ба хотир мерасад: «Ҳар ҷое камон аст, он ҷо амон нест».
Дар ҳамбастагӣ ба маънои дар боло зикр гардида, метавон таъсири филмҳои пур аз ваҳшату даҳшати филмсозони амрикоиро низ мавриди назар қарор дод. Мувофиқи тадқиқоти мутахассисони равоншинос таъсири як филм дар шароити имрӯза метавонад ҷои 12 китоби мазмуни рағбатангез доштаро гирад. Ҳол он, ки дар даврони муосир ҷойи китобро дастгоҳҳои аудиовизулӣ, сомонаҳо ва дигар нашрияҳои электронӣ рӯз аз рӯз ғасб карда гирифта истодаанд. Аз ҳама риққатовараш он аст, ки аз ин расонаҳо иддае танҳо мазмунҳои манфии онро ба зеҳни худ қабул мекунанд.
Инчунин даст задан ба чунин ҷиноят таъсири бемории шизофрения шуда метавонад ва мутаассифона ин беморӣ рӯз то рӯз дар байни мардуми сайёра паҳн шуда истодааст. Шизофрения аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш ба забони тоҷикӣ андеша, ақида, сустақлӣ буда, бемориест, ки дар бисёр ҳолатҳо ноаён мемонад ва ба тафаккур, нигоҳ ва ҳаракати одамӣ таъсир мерасонад. Гирифторони ин беморӣ хайёлпараст шуда, пеши назарашон тасвирҳои гуногун (галлюцинация) падидор мегардад ва дар мафкураи онҳо ҳар гуна андешаҳои матлубу номатлуб пайдо мешавад.
Моняк Андрей Чикатило дар Россия 65 нафарро ба қатл расонд ва ҳангоме муфаттишон сабаби кушторашро пурсиданд, ҷавоб дод, ки «кори савобро анҷом додааст». Пас дар назари зумрае аз беморони шизофрения куштан ва ба қатл расондани одамон амали хуб аст.
Соли 1971 дар ИМА ва Англия оиди ин беморӣ тадқиқот гузаронида шуда буд ва маълум гардид, ки мубталоёни ин беморӣ дар Амрико нисбат ба Англия хеле зиёдтар ба назар мерасанд.
Нахустин маротиба оид ба бемории шизофрения, дар асри 10 олими тоҷик Абуалӣ ибни Сино бо номи бемории «ҷунунӣ» дар китоби худ «Ал-қонун» маълумот додааст. Баъдтар Эберс ном олими англис дар асари илмии худ «Китоби дилҳо» дар асри 17 нишонаҳои пайдоиши ин бемориро нишон додааст.
Бемории шизофрения намудҳои зиёде дорад ва мутаассифона, мо дар мубталоёни ин беморӣ на ҳама вақт нишонаҳои онро дида метавонем. Қисме аз беморон чун Стивен Падок бо камгапӣ ва «хушахлоқӣ»-и худ паси парда мемонанд ва барои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле хатарноканд.
Дар охир ҳаминро бояд иброз дорем, ки паҳлуҳои мухталифи пайдоиш ва табобати шизофрения омӯхта нашудааст ва дар таърихи илми равоншиносӣ бемориест, ки то ҳанӯз барои насли одамӣ хатарнок аст ва ҳамчун муаммо дониста мешавад. Хуб мебуд, ки дар ватани мо низ намудҳои ин беморӣ аз ҷониби равоншиносон ва табибон омӯхта мешуд ва ашхоси ба чунин беморӣ мубтало бударо табобат мекарданд, зеро солимии зиндагӣ солимии ҷомеа аст.
Тағоймурод Орифӣ