Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

29-12-2017, 11:07
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!
Соли нав ба мо чӣ меорад?

Гумон мекунам дар рўи замин кам инсонҳое ҳастанд, ки ояндаро донистан нахоҳанд. Бале донистани оянда, агарчӣ тахмини бошад ҳам, аммо барои бисёриҳо шавқангез аст. Ситорашиносон имсол ҳам нисбат ба соли нав пешгўиҳо кардаанд.
Инак, Соли Нав ба чӣ меорад? Пеш аз ҳама мувофиқи нишондоди тақвимии шарқӣ шаби 28-уми феврал Хуруси сурхи оташнамо тахти худро ба Саги Зарди Заминӣ месупорад. Чаро Саги Зарди Заминӣ? Пеш аз ҳама чӣ хеле ки медонем саг вафодортарин ҳайвон барои инсон аст ва нисбат ба соҳиби худ хиёнат намекунад. Мафҳуми «Замин» бошад, мазмуни онро дорад, ки мо дар сайёраи замин ба сар мебарем ва бе он зиндагӣ карда наметавонем. Замин барои инсон ҳамчун Модар аст ва ба одамӣ рисқу рўзӣ медиҳад. Зард бошад намоди тилло, муқаддасот ва меҳрубонӣ аст.
Шояд аз ҳамин сабаби садоқаташ бошад, ки номи сагро дар навиштаҳои гузаштагону имрўзиён вафодор гуфта навиштаанд. Пас соли нав барои мо фараҳбахшу гуворо шуда метавонад ва дар соли вафодор месазад бар қудрату матонати худ бовар намоем.
Мувофиқи пешгўии ситорашиносон дар ин сол ҳар нафаре, ки дар худ мақсади иҷрои кори наверо дошта бошад, метавонад таваккал карда аз паи суботи он шавад, зеро саг ба хотири ҳифзи хонадони хеш таваккал карда, ба аҷнабиён ҳамла мекунад ва ғолиб мешавад.

Чӣ гуна Соли Навро бояд пешвоз гирифт?

Мо ҳамагон медонем, ки саг дўстдорӣ ҷамъият аст ва бисёриро дўст медорад. Аз ин рў, шаби Соли Навро агар мо бо ҷамъи дўстон пешвоз гирем, он гоҳ дар зиндагиномаи мо мувофиқи нишондоди ситорашиносон муҳаббату садоқат нуфуз ёфта, хиёнатро аз ҷониби дўстонамон намебинем. Инчунин, дар шаби Соли Нав агар бо аъзои оила ба сайру гашт бароем, манфиати хуб меорад ва оянда моро сайёҳати бузурге интизор аст.
Рафтори дигаре, ки имсол мо бояд дар шаби Соли Нав иҷро кунем, ин муносибат ва муоширати хуб кардан ба ҳамагон аст, зеро вафодор муносибати хубро дўст медорад ва вафодорияш нисбат ба инсон зиёд мешавад.

Шаби Соли Нав чӣ гуна таом бояд тайёр кард?

Албатта ҳар кадоме аз кадбонуҳои хона кўшиш мекунанд, ки шаби Соли Нав хўрокҳо ва хўришҳои гуногун тайёр карда, дастархонашонро пурфайзу зебо гардонанд. Саг, ки ҳайвони ҳамахўр аст, сериро ниҳоят дўст медорад. Зеро агар ин ҳайвон сер бошад, он гоҳ вафодории ў даҳчанд шуда, барои инсон садоқати ниҳоят баланд зоҳир менамояд. Барои ҳамин дастархони соли навӣ бояд пур аз хӯрданиҳои зиёд бошад ва ҳамагон серӣ бояд хўрок хуранд.

Кадом намуди таомҳо дастурхони моро оро диҳад?

Ба гуфти ситорашиносон саг ба гурўҳи ҳайвоноти хонагии ваҳшӣ шомил аст ва пеш аз ҳама гуштро дўст медорад ва агар дар шаби Соли Нав дар дастурҳони мо хуриш ва хурокҳои гуштӣ бошад, ин ба рўзгори мо файз меорад.
Дар шаби Соли Нав аз хўрдани гўшти моҳӣ ва нўшокиҳои қавии спиртӣ даст бояд кашид.

Шаби Соли Нав чӣ гуна либос бояд пўшид?

Мувофиқи пешниҳоди ситорашиносон шаби Соли Навро бояд бо гулҳои зардранги на он қадар рўшан пешвоз гирем ва аз гулҳои рангоранги ҳархела даст кашем. Шаби Соли Нав пўшидани либосҳои хокистарранг, зард ва ранги тилло доштаро ситорашиносон тавсия медиҳанд.
Аз сабаби он ки саг вафодору содиқ аст ва бегонагонро дўст намедорад, занон набояд дар Соли Нав либосҳои нимбараҳна пўшида, таваҷҷуҳи мардони бегонаро ба худ ҷалб кунанд.
Агар занон либосҳои гиребони пашмӣ доштаро пўшанд, то охири сол зиндагиномаи онҳо рангину зебо мегардад.
Ситорашиносон мегўянд, ки шаби Соли Нав овехтани гўшвораҳои зард ва тиллоӣ ба занон то охири сол барор меоранд.



Хулоса

Зиндагӣ дар гузар аст, саманди подпои ҳаёт дар як мижа задан фарсахҳоро тай месозад ва дар ин шоҳроҳи ҳаёт мо бо шебу фарозҳои бешу каме рў ба рў мешавем ва зебо намудани зиндагиномаву рўзгорамон аз худи мо вобаста аст. Аммо одамӣ дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ дўстдори ояндаи нек аст ва бошад, ки Соли Нав ба дастурхони мо файзу баракат оварда, рўзгорамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонад. Нуфузи давлати мо дар арсаи байналмиллӣ боз ҳам зиёдтар шуда, Тоҷикистони азизи мо ҳамеша орому осуда бошад.
Соли наватон муборак бошад!

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: