Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Рӯзи энергетика” дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашн гирифта шуд

“Рӯзи энергетика” дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашн гирифта шуд

23-12-2017, 09:50
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
“Рӯзи энергетика” дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашн гирифта шуд
Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Энергетика ва захираҳои об”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи энергетика” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо суханронии табрикоти ба муносибати “Рӯзи энергетика” Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Усмонзода Усмоналӣ ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин зимни чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Файзуллозода Заррина Файзулло баромад намуда ёдовар шуд, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми чораҳои судмандро андешида истодааст.

Бо талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 мегаватт фоли нек буда, бо ин вазъи кунунии таъминоти сокинони кишвар бо нерӯи барқ хусусан аҳолии деҳот хеле беҳтар гардид.

Боиси ифтихор аст, ки роҳбарияти кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки новобаста аз мушкилоту мамониатҳои мавҷуда нерӯгоҳи пуриқтидори барқи обии Роғунро бунёд намояд”.

Дар фарҷоми суханронии худ Файзуллозода З.Ф., ҳамаи кормандони Вазоратро бо иди касбии энергетикҳо самимона табрик намудамяк қатор кормандони Вазорат барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва бахшида ба “Рӯзи энергетика” бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонид.


Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Нарзиқулов Ҷ.С.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: