Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Усмоналӣ Усмонзода: «Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон афзудааст, сатҳи обанбори Норак ҳам баланд аст »

Усмоналӣ Усмонзода: «Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон афзудааст, сатҳи обанбори Норак ҳам баланд аст »

25-01-2017, 09:32
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Усмоналӣ Усмонзода: «Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон афзудааст, сатҳи обанбори Норак ҳам баланд аст »


/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли сипаригардида дар Тоҷикистон беш аз 17,2 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015-ум беш аз 105 миллион кВт соат зиёд мебошад». Ин матлабро Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.
Истеҳсоли беш аз 17,2 миллиард кВт соат неруи барқ дар кишвар дар соли гузашта дар ҳолест, ки шурӯъ аз 14 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ дар мавсими зимистон пурра аз байн бардошта шуда, имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон бо неруи барқ таъминанд. Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар пурра аз байн бардоштани меъёри маҳудияти нерӯи барқро дар кишвар ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 400 МВт ва афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои кишвар ва дар ин замина фароҳам омадани имкониятҳо дар низоми энергетикии кишвар ё худ изофа гардидани аз 8 то 9 миллион кВт соат неруи барқ марбут донист. Ҳамзамон вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар афзуд, ки алҳол сатҳи обанбори неругоҳи барқи обии Норак нисбат ба соли 2015-ум 3 метр ва дар қиёс ба соли 2016 беш аз 1,5 метр баланд мебошад.
Аз 17, 2 миллиард кВт соат неруи барқи истеҳсолгардида дар соли гузашта дар кишвар 14,4 миллиард кВт соат ба ширкати «Барқи Тоҷик», зиёда аз 1,9 миллиард кВт соат ба неругоҳи «Сангтӯда -1» ва боқимонда ба неругоҳи «Сангтӯда-2» ва ширкати «Помирэнерҷӣ» рост меояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: