Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бист солагии Ваҳдат

Бист солагии Ваҳдат

3-07-2017, 11:01
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Бист солагии Ваҳдат
Бо мақсади тарғиби ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа ва дар ин замина таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабинии таблиғотию сиёсӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Дар ин замина дар Литейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Файзуллозода Заринна- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҷлисро нахуст, Туманов Наимҷон – директори литсей ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, қайд карданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти онҳо ба талаботи бозори меҳнат бояд чораи амалӣ андешида шавад.
Дар Паём, инчунин оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи ҷавонон дар тамоми зинаҳои таҳсилот, алалхусус, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ изҳори назар карда шуд. Инчунин ёдоварӣ намуд, ки имрӯз бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мо аҳли кормандони Литсей муттаҳид шуда, тасмим гирифтем, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Нахуст, Файзуллозода Заринна- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба 53- нафар омӯзгорон ва кормандони Литсей, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиашонро дар вазъияти тантанавӣ супорид ва ба онҳо барои садоқад ба Роҳбарияти ҳизб ва арҷгузорӣ баҳри амали намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ изҳори сипос намуд.
Сипас, аз рӯи Муминов Абдумаҷид – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз рӯи масъалаи қабул ба сафи ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мутобиқи талаботи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар ва ё зиёда аз он ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода мешавад.
Дар ин замина бо овоздиҳии аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «20- солагии Ваҳдат» ва Туманов Наимҷон – директори литсей, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлис Туманов Наимҷон – раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, қайд кард, ки мо дар оянда кушиш менамоем, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ ва ташкилоти намунавии ҳизб дар ноҳия бошем.




Мутахассиси шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ. Назриқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: