«Қайроққум» ва «Сарбанд» таҷдид мешаванд5-08-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Бино ба иттилои Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири соли равон дар нерӯгоҳҳои барқи обии «Қайроққум» ва «Сарбанд» корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ хоҳанд шуд.
Номбурда дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки барои нерӯгоҳи «Қайроққум» аз ҳисоби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо 70 млн. доллар маблағ ҷудо шудааст ва баъд аз таъмиру барқарорсозии 2 агрегат ва трансформаторҳо тавоноии нерӯгоҳ аз 126 ба 148 мегаватт расонида мешавад. Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар мегӯяд, барои бозсозии нерӯгоҳи «Сарбанд» бошад, аз ҷониби Бонки рушди Осиё 136 млн. доллар грант ҷудо гардидааст ва баъд аз интихоби пудратчӣ ва имзои шартнома то охири соли равон корҳои барқарорсозии он оғоз мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.