Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд

Маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд

18-12-2017, 16:16
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Инак, то охири соли ҷорӣ камтар аз ду ҳафтафурсат мондааст. Фаъолияти Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб дар ин сол чӣгуна буд? Маблағҳои ҳизбӣ дар комиҷроияҳои маҳаллӣ то кадом андозабомақсад ва самаранок истифода бурда шудаанд? Ҳангоми тафтиши риояи истифодабарии онҳо диққати комиссия бозба кадом масъалаҳо равона мегардад? Дар ин бора суҳбате дорем бо раиси Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳусейн Ализода.

- Муҳтарам Ализода, фаъолияти Комиссияи марказии тафтишотии ҳизбро дар соли 2017 чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Соли 2017 Комиссияи марказии тафтишотии ҲХДТ фаъолияти худро аз рӯйи нақшаи корие, ки дар ҷаласаи комиссия тасдиқ шудааст, ба роҳ монда, дар давоми сол фаъолияти қариб ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ, аз ҷумла комиҷроияҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳуриро доир ба истифодаи мақсаднок ва босамари маблағҳотафтиш намуд. Ва тафтишҳо нишон доданд, ки солҳои охир бо зиёд шудани теъдоди аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ маблағҳои ҳизбӣ низ афзоиш ёфтанд, шароити кор беҳтар шудааст ва вобаста ба ин, масъулияти аъзои ҳизб дар супурдани аъзоҳаққӣ ва муҳосибони ҳизбӣ дар риояи истифодабарии мақсадноки сметавии онҳо хеле баланд гардида, имконият фароҳам омадааст, ки корҳо хуб ба роҳ монда шаванд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар соли 2017 маблағҳои ҳизбӣ ба мақсад мувофиқ ва самаранок истифода шудаанд.

Бояд гуфт, ки асосан даромади комиҷроияҳо аз ҳисоби аъзоҳаққии аъзои ҳизб ташаккул меёбад ва маблағҳои ҷамъшуда асосан барои нигаҳдории комиҷроияҳои ҳизбӣ, яъне маоши кормандон, хароҷоти конселярии онҳо, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ, ҳамчунин тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои хайриявӣ сарф карда мешаванд. Имрӯз ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ шумораи зиёди оилаҳои комбизоат, занҳои бесаробон ва мактаббачагони болаёқатро дастгирӣ мекунанд.

Ҳар як комиҷроияи ҳизб сметаи хароҷоти солонаи худро дар комиҷроияи болоӣ тасдиқ мекунад ва албатта, бояд, ки маблағҳо танҳо дар доираи сметаи хароҷотӣ сарф карда шаванд. Андозаи сарфи маблағ ба ин ё он масъалае, ки дар смета нишон дода шудааст, бояд риоя гардад.

Мақсади комиссия аз тафтиш танҳо ошкор намудани камбудӣ ва ҷазодиҳӣ набуда, қабл аз ҳама пешгирии истифодаи ғайримақсадноки маблағҳост. Ва албатта, дар ҷое, ки камбудӣ дар натиҷаи беиттилоотӣ ва ё нофаҳмии муҳосибон содир мешавад, дар навбати аввал бояд онро ислоҳ кард. Дар сурате, ки камбудӣ вазнин аст ва дидаю дониста содир карда шудааст, мувофиқи Ойинномаи ҳизб дидани чораҳои ҷиддӣ пеш меоянд.

- Дар тафтиши имсолаи фаъолияти комиҷроияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ҳастанд далелҳое, ки маблағҳои ҳизбиро ғайримақсаднок истифода бурда бошанд?

- Албатта, кор бе камбудӣ намешавад. Камбудиҳо гоҳҳо ба таври ҷузъӣ аз нофаҳмӣ дар тартиби коргузорӣ ошкор мешаванд, вале мо ҳаракат мекунем, ки ин камбудиҳои ҷузъиро дар навбати аввал дар ҷояш ислоҳ намоем. Аммо агар камбудӣ калону вазнин ва ислоҳнашаванда бошад, гунаҳгорон, албатта, ҷазо мебинанд.

- Чунонки аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар ҷумҳурӣ дар бисёр корхонаю ташкилотҳо муҳосибҳо мувофиқ ба сатҳи фаҳмишу дониши худ ба таври гуногун ҳисобу китоб карда, гоҳҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Оё оид ба бозомӯзии муҳосибони ҳизбӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии онҳо андешае ба миён наомадааст?

- Дар ҳақақат, бояд дар корҳои муҳосибӣ дар ҳама ҷо тартибу низоми ягона ҷорӣ бошад, то шаффофияти омор таъмин гардад. Дар ҲХДТ аксарияти муҳосибон таҷрибаи хуби корӣ доранд. Дар ҳизб гоҳи интихоби кадрҳо кӯшиш мекунанд, ки кормандони камтаҷрибаи тасодуфӣ ба муҳосибот роҳ наёбанд. Ғайр аз ин, санҷишу тафтиш ва маслиҳату машварат дар комиҷроияҳо аз ҷониби аъзои комиссия-мутахассисони баладтахассусдар ҳар навбат ба навъе худдарси бозомӯзианд.

- Маълум, ки комиссияи тафтишотии ҳар як комиҷроияи ҳизб дар баробари назорат ва тафтиши маблағҳои ҳизбӣ дар ҳалли дигар масъалаҳои дахлдори ҳизб, аз ҷумла иҷрои қонунҳои давлатӣ сару кор дорад. Ба андешаи Шумо, ҳамчун шахси масъули комиҷроияи марказии ҳизб, ҲХДТ сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими расму ойинҳои мардумиро чӣ гуна истиқбол мекунад?

- Ҳар як узви комиссияи тафтишотӣ пеш аз ҳама аъзои қатории ҳизб аст ва он бояд дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбию давлатӣ фаъолона иштирок карда, ба қадри тавон дар ҷорӣ намудани сиёсати ҳизб ва давлат миёни ҷомеа саҳмгузор бошад. Вақте ки аъзои комиссияи тафтишотӣ ба ноҳияҳо мераванд, дар баробари санҷиши истифодаи мақсадноки маблағҳо, ба рафти иҷрои дигар масъалаҳои ба ҳизб дахлдор, назири ҳолати корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, бақайдгирии аъзои ҳизб, инчунин ба рафти иҷрои қонуни давлатии танзими расму ойинҳои мардумӣ - масъалаи хеле муҳими ҷомеаи мо - ошноӣ пайдо мекунананд. Зеро аз ин қонун касе дар канор буда наметавонад.

Имсол бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули гардидани қонун доир ба танзими расму ойин ба мардуми мо, бахусус гуруҳи камбизоати аҳолӣ, руҳу илҳоми тоза бахшид. Маъракаороиҳои серсарфу хароҷоти бемаънии миёншикан, ки бо роҳи таассуб бар дӯши мардум бор шуда буданду ҷомеаро аз пешрафт бозмедоштанд, бо риояи қонун аз ҷониби аҳолӣ бартараф мешаванд. Ҳоло дар ҳама ҷо мо мебинем, ки мардум ба Пешвои миллат барои қабули қонун оид ба танзими расму ойин ва ба ин васила фароҳам омадани имкони сабуки баргузории маъракаҳо ва равона намудани маблағҳояшон ба дигар мақсадҳои зарурии ҳаётӣ – ободии хонаву дар, хариди асбобу анҷоми хонишӣ барои фарзандон ва тарбияву таҳсили онҳо, ҳисси миннатдорӣ баён мекунанд. Ва мо мушоҳида менамоем, ки назорати қонуни танзим дар маҳалҳо аз тарафи мақомоти дахлдор низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва мардум онро риоя мекунанд.

Албатта, ба касе пӯшида нест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳизби пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он нафарони корозмудаю донишманд буда, миёни мардум обрӯю нуфузи калон доранд. Аз ин рӯ, ҳисси масъулияти аъзои ин ҳизб нисбат ба дигарон дар пешбурди ҷомеа ва рушди он бештар ба назар мерасад.

ҲХДТ аз рӯзҳои аввали қабули қонун доир ба танзими расму ойинҳои мардумӣ мавқеи худро тариқи расонаи комиҷроияи марказии худ – ҳафтаномаи «Минбари халқ» равшану возеҳ баён дошта, онро дар ҳаёти мардуми мо инқилоби маънавӣ номид ва аксарияти кулли мардуми ҷумҳурӣ мувофиқ будани худро ба ин мавқеъ тариқи матбуот ва расонаҳои электронӣ изҳор доштанд.

Ҳоло ташкилотҳои ҳизбии мо дар маҳаллаҳо риояи қонуни танзимро таҳти назорати қатъӣ гирифтаанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар маъракаҳо ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳанд. Аъзои ҲХДТ дар ин кор рисолате доранд, ки барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ намуна бошанд. Шахсан ман дар зиндагиам кӯшиш мекунам, ки қонуни танзимро риоя намоям ва барои дигарон намуна бошам.

Мусоҳиб Неъматулло Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: