Танзими анъана ва ҷашну маросим ба зиндагии мардум баракат меафзояд17-04-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроия Ҳайриниссо Темирова бо сокинони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳри Хуҷанд оид ба риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зикр гардид, ки «воқеан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади саривақтӣ буда, мақсади асосии он коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар давоми 10 соли амали қонун он натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Қонуни мазкур барои сарфакоронаю самаранок истифода бурдани маблағу даромадҳои мардум роҳнамоӣ мекунад. Масалан ба ҷои хароҷоти барзиёд беҳтар аст, он маблағҳоро барои бунёди манзил ва таҳсили фарзандон сарф намоем». Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва сокинони маҳалла дар атрофи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои худро баён намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.