Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи XVII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Конференсияи XVII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

5-07-2017, 09:58
Хабарро хонданд: 511 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи XVII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
4 - уми июли соли 2017 Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти он аз январи соли 2015 то июли соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз декабри соли 2014 то июни соли 2017, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни конференсия маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзодаро дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз январи соли 2015 то июли соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе шуниданд. Чунонки дар ҳисобот қайд гардид, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои анҷуманҳои ҳизб, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Конференсияи XVI ҳисоботӣ - интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои судмандро ба анҷом расонидааст.
Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ дар давраи сипаригардидаи ҷомеасозӣ ба сифати сохтори ҳизби пешбарандаи ҳокимияти сиёсӣ яке аз таблиғгари асосии идеологияи давлатӣ ва созандаю бунёдкор рисолати хешро аз ҳарвақта дида бештару амиқтар дарк намуда, давраи ҳисоботиро барои ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе, ҳамчун марҳилаи тақвияти фаъолияти ҳизбӣ, самаранок гардонидани корҳои ташкилӣ, таблиғотӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, инчунин зери назорати қатъӣ қарор додани ҳаракати аъзои ҳизб ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳу манзалат, эътибори ҳизб ва таҳким бахшидани мавқеи он ба роҳ мондааст.
Бояд гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 96 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 26 923 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафи ҳизб қабул гардидааст. Айни ҳол, шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то 1 июни соли 2017 ба 709 адад расида, 60 828 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид сохтааст. Аз ин шумора 27 143 нафарро занон ва 25 601 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоии он камбудиҳо низ ҷой доранд. Бо дарназардошти корҳои анҷомёфта, камбудиҳои ҷойдошта ва таъкиди масъалаҳои зикргардида, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва муайян намудани фаъолияти минбаъда дар Конференсияи XVII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарорҳои дахлдор қабул кард.
Сипас, вакилони конференсия - Соҳибназар Раҳмонов аз ноҳияи Сино, Шаҳзода Қаюмова аз ноҳияи Шоҳмансур, Носирҷон Салимӣ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Оқилҷон Маҳмудов аз ноҳияи Шоҳмансур ба музокира баромада, андешаҳояшонро перомуни фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, нақши он дар ҷомеа ва атрофи корҳои басомонрасида бахшида ба Соли ҷавонон, саҳми ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар баргузории чорабиниҳои гу¬ногун, мавриди омӯзиш қарор додани таърихи ҳизб, роҳҳои тайнамудаи он ва дастраси мардум намудани иттилооти зарурӣ, ширкати ҳизбиён дар маъракаҳои муҳими тақдирсоз, оид ба хонданбобу оммавӣ гардидани нашрияҳои ҳизбӣ ва нақши онҳо дар инъикоси масоили рӯз, дигаргуниҳо дар мазмуну муҳтаво ва ғайра ибрози назар намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома аъзои комиссияи тафтишотӣ Лутфия Абдухолиқзода баромад намуда, дар бораи мақсаднок истифода шудани маблағҳои масрафшуда ва баъзе камбудиҳои дар бахши ҳуҷҷатгузорӣ ҷойдошта маълумоти мушаххас дод.
Сипас, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз нав интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзномаи конференсия Каримзода Ҳақназар Изатулло бори дигар сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт” интихоб гардид.
Дар ин миён, Мавсума Муинӣ - муовини Раиси шаҳри Душанбе зимни баромади хеш аз саҳми муҳими аъзои ҳизб дар иҷрои супоришҳо ва баргузории чорабиниҳои шаҳрӣ, хурраму кабудизоркунии пойтахт, беҳсозии зиндагии шаҳрвандон, кумаку дастгирии ниёзмандон ва созандагию ободкории онҳо сухан ронда, ба масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуд.
Абдураҳмон Хонов - роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар баробари зикри муваффақиятҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ пешниҳодҳои хешро баён дошта, аз ҷумла қайд кард, ки истифодаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб аз маҷлисҳои КИМ ҲХДТ, масъалагузориҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот дар бораи мавқеи аъзои ҳизб дар Фраксияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгӯӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва муваффақияту дигаргуниҳои баамаломада бояд дурнамои ҳамешагии ташкилотҳои ҳизбӣ бошанд.
Конференсияи XVII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо изҳори сипоси раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба аъзои ҳизб барои ширкати фаъолона ба кори худ анҷом бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: