Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таблиғот донишҳои васеи сиёсӣ мехоҳад

Таблиғот донишҳои васеи сиёсӣ мехоҳад

2-10-2015, 19:00
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Таблиғот донишҳои васеи сиёсӣ мехоҳадДар Кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ семинари омӯзишӣ дар масъалаи таблиғот ва истифода аз воситаҳои муосири электронӣ бо мақсади таблиғу ташвиқ барпо гашт.
Сайдалӣ Асоев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баён дошт, таблиғот дар ҷараёни фаъолияти ҳизбӣ кори муҳим маҳсуб ёфта, аз аъзои он донишҳои васеи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳунари сухангӯӣ мехоҳад.
Тағоймурод Орифӣ, муовини сардори маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз ҷараёни омӯзиши фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоии қаблан дар ноҳия анҷомдода ҳарф зада, аз кори онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки «Асоси ҳизб аъзо ва ташкилотҳои ибтидоии он мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем сиёсат ва барномаи ҳизбро ба таври бояду шояд таблиғ намоем ва ин таблиғ саҳҳеҳ, дурусту фаҳмо бошад».
Одинаев Абдулазиз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кори хуби ҳизбиёнро дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон баҳои баланд дода, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи обуна изҳори миннатдорӣ намуд. Дар мавриди бурдани корҳои таблиғотӣ гуфт, ки ин самт алҳол нисбати солҳои қаблӣ беҳтар гаштааст, вале онро боз беҳтар намудан лозим аст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ин гуна ҳамоишҳо дастовардҳои давлати навини тоҷикон, вазъи сиёсии ҷаҳон, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ низ мавриди ташвиқ ва омӯзиш қарор дода шавад.
Дилшод Яҳёев. мудири бахши иттилоот ва воситаҳои электронии ахбори оммаи маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавриди фаъолияти таблиғотӣ ҳарф зада, баён дошт, ки кори таблиғотию ташвиқотӣ яке аз самтҳои асосии кори ҳизбӣ буда, таваҷҷуҳи махсус мехоҳад. Ӯ аз ҷараёни омӯзиши кори ташкилотҳои ҳизбии ноҳия, ки қаблан анҷом дода буданд, таъкид дошт, ки кори таблиғот дар бештарини ташкилотҳои ибтидоӣ хуб ба роҳ монда шудаанд, вале ҷиҳати такмили ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бояд кор кард. Дар хотима, мавсуф, қайд менамояд, ки «Ҳар як узви ҳизб агар вазифаи худро содиқона анҷом диҳад, аллакай кори бузургеро ба сомон расондааст».
Сипас, директори бозори «Саховат» Давлаҳмад Саидов ҷиҳати тарбияи кӯдакону наврасон ҳарф зада, таъкид дошт, ки кори тарбияро имрӯзҳо интернет халадор намудааст. Ин воситаи электронии иттилоот бояд зери назорати қатъии мақомотҳои дахлдор бошанд. Аз фарҳанги бегонаву зиёновар, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ паҳн мешаванд, фарзандони мо бояд эмин бошанд.
©КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: