Ватандӯстиву ватандорӣ аз гӯшаи имон ва аз сифатҳои беҳтарини мардист5-10-2015, 16:36
Хабарро хонданд: 577 нафар
Назарҳо: 0
17 ҷавон ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ ихтиёран барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан муроҷиат намуданд. Бо мақсади гусели ин наваскарони ватандӯст чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он Ҳусайн Ишонов- иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Сафар Нурмуҳаммадов-раиси Шӯрои ветеранҳои ноҳияи Фирдавсӣ даъват шуда буданд.
Сайрам Лангариева-муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, ба ҷавонон барои ин иқдоми хайру наҷиб аз номи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барору сарбаландиро дар хизмат таманно кард. Сайдалӣ Асоев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷавонон барои зоҳир намудани шуҷоату далерӣ изҳори ташаккур гуфта, таъкид дошт, ки хизмати шумо барои Ватан қарз аст ва аз шумо беҳтарин муҳофизатгарон, кормандони ҳарбии содиқу вафодор хоҳад баромад. – Ташаккур ба падару модароне, ки чунин фарзандони худшиносу худогоҳ ва ватандӯстро ба воя расониданд, ки дар амнияту сулҳу суботи кишвар мекӯшанд саҳм гузоранд. Баъдан аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия, ба ҷавонон ҳадя иборат аз ашёи муҳим барои сарбозон тақдим гардид. Сипас, Ҳусайн Ишонов-иштирокчии ҶБВ ба ин 17 нафар ҷавони ҷасуру содиқ ба Ватанро бо ин ташаббуси ҷавонмардияшон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бо ин рӯзи хотирмони ҳаёташон муборакбод гуфт. - Ватандӯстиву ватандорӣ аз гӯшаи имон ва аз сифатҳои беҳтарини мардист, – гуфт ӯ. ©КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.