Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тарғибот аслиҳаи дастрас

Тарғибот аслиҳаи дастрас

29-09-2015, 19:30
Хабарро хонданд: 620 нафар
Назарҳо: 0
Тарғибот аслиҳаи дастрасДар асоси фармони Муовини якуми Раиси ҲХДТ ва тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Билол Гадоиев – раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси ҳадафҳои асосии Ваҳдати миллӣ, мақоми ҷавонон дар таҳкими мақсаду мароми оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ибрози назар намуд.
Тағоймурод Орифӣ – муовини сардори Маркази таблиғотӣ ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲҲДТ зимни баромади хеш аз ҷумла изҳор дошт, ки тарғибот ва ташвиқоти дуруст ва ҳадафрас ҳамеша ба манфиати кор ва таъмини амнияту муваффақиятҳост.
Барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ метавон аз усулҳои пешқадами таблиғотӣ истифода намуд. Пешбурди корҳои ҳизбӣ маҳз аз таблиғот вобастагии калон дорад ва мушоҳидаю таҳлилро метавон яке аз рукнҳои муҳими таблиғот арзёбӣ намуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти хосро ба худ дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарини ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Роҳандозии ҳадафҳои барномавии ҲҲДТ пеш аз ҳама ба ҷалби аъзои ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ дар заминаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи ҳизб, сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, дастовардҳои истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ бо баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба корҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ, баррасӣ ва мусоидат намудан ба мушкилот ва муроҷиати шаҳрвандон ва зиёд намудани ташаббусҳо марбут аст.
Дар рафти суҳбат Т.Орифӣ, дар хусуси таъсиси гурӯҳҳои мобилӣ ва саҳми онҳо дар тарғиби ғояҳои ҳизб ва сиёсати пешгирифтаи давлат ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки истифодаи афкори мавҷудаи мусбии мардум оид ба ҲҲДТ дар рафти таблиғот ва истифодаи потенсиали мавҷудаи аъзои ҳизб ҳамчун захираи стратегӣ барои зиёд намудани аъзо ба ҳисоб меравад.
Сипас, Дилшод Яҳёев – мудири бахши иттилоот ва воситаи электронии ахбори оммаи Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар атрофи истифода аз воситаҳои муосири техникӣ ва истифодаи самараноки интернет, ҷалби ҷавонон ба корҳои судманд ва аҳамиятнок нуқтаи назари хешро изҳор намуд.
Дар ҷамъомад роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷовид Қурбонбеков низ иштирок дошта, оид ба масъалаҳои матраҳгардида ибрози ақида намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ А.Муҳаммадиев – аъзои комиҷроия, муовини раиси ТИ «Нафиса», Ҷамшед Исмоилов – раиси ташкилоти ибтидоии «Базморо», Ширин Қурбонова – аъзои комиҷроия, вакили ноҳиявӣ, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Бобохонов – роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», Эмомалӣ Миралиев – узви ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва чанде дигар аз иштирокдорон баромад намуда, атофи масъалаи матраҳгардида ибрози андеша карданд.
© КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: