Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ…

ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ…

23-11-2017, 09:37
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ…
Дар доираи сафарҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ, дар бораи ҳамватаноне, ки бо сабабҳои гуногун тарки Ватан кардаву, дар кишвари бегона зиндагӣ ихтиёр намудаанд, зиёд навиштаам… Вале дар ҳар сафари наве, ки анҷом медиҳам ҳамватанони худро ба гунаи дигар мебинам. Мебинам, ки онҳо на танҳо аз лиҳози моддӣ вазъи зиндагиашон хубтар шудааст, балки андешаву афкорашон низ, ба истиснои чанд нафар мутаассибе, ки ба ҷуз ҷаҳонбинии маҳдуди асримиёнагии худ чизи дигареро қабул надоранд, ғолибан ба самти мусбӣ тағйир ёфтааст…
Чанде қабл бо ҳайъати гурӯҳи кории ҲХДТ ба минтақаҳои гуногуни Федратсияи Русия бо мақсади мулоқот бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқими Русия сафаре анҷом додем, ки пораеро аз таассуроти худ манзури хонандагон месозам.
Муҳоҷирони тоҷик дигар Одинаву Дохунда нестанд…
Солҳои навадум, бар асари ҷанги бародаркуш селаи муҳоҷирони тоҷик рӯ ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус Русия оварданд. Борҳо шоҳиди он будам, ки он замон чи гуна ҳамватанони мо барои пайдо намудани як пора нон ва ба шарти ба даст овардани ҳаққулзаҳмати ночизе даст ба корҳои сангин мезананд ва бори миннати «хоҷа»-ҳои корфарморо мекашиданд. Хеле сангин буд назар андохтан ба чеҳраи ғамгину чашмони маҳзунашон, ки ҳатто дили сангро об мекард.
Гоҳҳо ба назарам чунин мерасид, ки ин тӯдаи Одинаву Дохундаҳо буданд, ки тасвирҳои ҳузнангезро аз асарҳои гаронмояи устод Айнӣ дубора зинда мекарданд. Зери юғи Арбоб-Камолҳо қарор доштанду, ба ҷуз наҷот ёфтан аз гуруснагӣ ва ҳуқуқи ночиз барои зинда мондан дигар орзуе дар дилашон намесабзид. Исми тоҷик дар ҷомеаи Русия бо маҳфумҳои «аробакаш», «фаррош», «коргари беҳунар» (ва ё ба истилоҳи дигар «сияҳкор», ки русҳо «чернорабочий» мегӯянд) сахт алоқамандӣ дошт. Гӯё дигар фаромуш шуда буд, ки ин миллат дар рушди тамаддуни ҷаҳон бо нақши боризи фарзандони фарзонааш Синову Берунӣ, Фирдавсиву Хайём ва мисли ин такони ҷиддие додааст. Мардуми кӯчманчие, ки ба чуз саҳронишинӣ дигар шевае надоштанд аз ӯ савод, хат, ҳунар ва тиҷорат омӯхтаанд…
Имрӯз вазъи иҷтимоии тоҷикони муҳоҷир хеле тағйир ёфтааст. Онҳо дигар Одинаву Дохунда ва ё Равшану Ҷамшуд нестанд. Дар ҷомеаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби мақому мавқеи устувор шудаанд. Агарчи то ҳанӯз дар васоити ахбори оммаи Русия аз рӯи одати дерин онҳоро аробакашу кӯчарӯб меноманд, (Дар ВАО-и Русия як одат ҳокӣ аст, ки агар як образ дар сархати ахбори онҳо қарор гирад, ба осонӣ аз он даст намекашанд. Аз ин рӯ ақоиде мисли ин, ки тамоми укроиниҳо пайравони бандера, тамоми тоҷикон аробакаш ва тамоми аврупоиҳо бадхоҳи русҳоанд, пайваста ба зеҳни мардуми рус талқин мешавад. ) бахши азими тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифта, соҳиби мағозаву тарабхонаҳо шудаанд ва ҳатто дар сохторҳои гуногуни давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд. Теъдоде аз онҳо аз корҷӯ ба корфармо табдил ёфтаанд ва на танҳо тоҷикон, ҳатто муҳоҷирони миллатҳои дигар ва мардуми бумиро низ бо кор таъмин мекунанд.
Аслан истилоҳи «муҳоҷир» имрӯз дар зеҳнҳо ҳамоҳанг бо маҳфуми «беватан», «гуреза», «бекор» садо медиҳад. Дар аксари кишварҳои мутараққии ҷаҳон мутаассифона то ҳанӯз ба муҳоҷирон ба ҳайси як мушкилоте, ки ба сари ҷомеаашон бор шудааст муносибат мекунанд. Бархӯрд низ бо ин қишри ҷомеъа аз эътидол зиёд хушунатомез аст ва сабабҳои асосии ин омил агар аз як ҷиҳат бо расму оини мардуми маҳаллӣ ба зудӣ хӯ нагирифтани муҳоҷирон бошад, аз ҷониби дигар воситаҳои ахбори омма ба оташи хушунату бадбинӣ равған мерезанд...
Вале… Як нуктаро бояд фаромӯш накард, ки имрӯз дар сайёра миллате ё давлате нест, ки мушкилоти муҳоҷиратро аз сар нагузаронида бошад. Тасаввур кунед, ки ИМА, Австралия ва Канада аз бузургтарин ва бойтарин кишварҳои дунё, тақрибан мардуми бумӣ надоранд ва беш аз 90-95% аҳолиашон муҳоҷронанд, ки ғолибан аз кишварҳои Аврупо ҳиҷрат кардаанд.
Аз ҷониби дигар, агар мо ба таърихи муҳоҷирати халқҳои ҷаҳон назар афканем, худи кишварҳое, ки имрӯз аз ҳаракати анбӯҳи зиёди муҳоҷирон меноланд, ба авҷ гирифтани он сабаб шудаанд. Бубинед, ки имрӯз агар аксари муҳоҷирони Фаронса аз Африқо ва кишварҳои араб бошанд, ба Англия ҳиндуҳо, покистониҳо, афғонҳо, ба Федератсияи Русия тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, ба Амрико бештар африқоиҳо, эрониҳо, мексикоиҳо ва филипинҳо ҳиҷрат мекунанд. Чаро? … Ба ин хотир, ки нахуст намояндагони ин кишварҳо ба манотиқи муҳоҷиршаванда ҳамчун кишварҳои таҳти нуфуз худ ворид шуда, ба онҳо забон ва фарҳанг худро таҳмил намудаанд ва ё ҳароина ба тарзи зист сиёсат ва иқтисодиёти онҳо таъсир расонидаанд. Вале мутаассифона вақте ки дар ВАО-и кишварҳои мутараққии ҷаҳон доир ба мушкилоти марбут ба муҳоҷират, таъсири он ба фарҳанги аҳолии бумии ин кишварҳо ҳарф мезананд, тарафи дигари масъала, яъне таъсири худи онҳо ба сиёсат, иқтисодиёт фарҳанги кишварҳои Шарқ, сарфи назар мешавад.
Насли нав
Ба суҳбати ду соҳибкори муваффақи тоҷик гӯш медиҳам: - Дар хотир дорӣ, - мегӯяд яке- чанд сол қабл чӣ гуна дар ҳавои сард ҳанӯз чашми рӯз накафида, дар китф бастаи матоъ ларзидаву ҳаросида ба бозор мерафтем? Метарсидем, ки милисае ё шаробзадаву нашъаманде пеши роҳи моро мегираду «доля» талаб мекунад. Бале, рӯзҳои сахт буданд,- тасдиқ мекунад ҳамсуҳбаташ,- садои «смотри, чурка идёт» аз ҳар ҷониб ба гӯш мерасид. Борҳо воқеъ шудааст, ки пулу моли бо ранҷи зиёд ба даст овардаи моро ғорат кардаанд…
-Ҳоло чӣ?- ба суҳбаташон ҳамроҳ мешавам. – Имрӯз низ бархӯрди баъзе сохторҳои қудратӣ мисли пешин аст. Гоҳо бо ҳар баҳона шаҳрвандони моро боздошт ва депортатсия мекунанд, вале муносибати мардуми одии рус хеле тағйир ёфтааст, дигар бо лаҳни таҳқиромез ҳарф намезананд,- посух медиҳад ҳамсуҳбатам.
Ҳамсафарам, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Қабодиён Муҳаммадаюби Шарифзода маро ба хонаи яке аз хешовандонаш даъват кард. - Зарурати меҳмонхона рафтан нест, - гуфт ӯ бо қатъият, - вагарна тоҷикони маҳал аз мо сахт меранҷанд. Чун соҳибхона бо кори заруре дар шаҳри Маскав қарор дошт, моро бародари ӯ Каримҷон, ки дар шаҳри Екатеринбург бо тиҷорат машғул буд, роҳбаладӣ мекард. Нахуст таваҷҷуҳи маро фарзандони хонадон, ки яке дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи Екатеринбург ва дигаре ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекарданд, ҷалб намуд. Онҳо сари дастархон бо як одоби хоси тоҷикона моро меҳмондорӣ мекарданд. Эҳсос мекардам, ки агар чӣ дар Русия бузург шудаанд, расму оини тоҷикиро фаромӯш накардаанд... Баъд аз ҳамсуҳбат шудан бо ин ҷавонон, асрори ба таври мусбӣ тағйир ёфтани муносибати русҳоро ба муҳоҷирони мо дарк намудам. Ин ҷавонон насли нави тоҷиконанд, ки беҳтарин анъанаҳои миллии моро бо фарҳанги халқи рус омезиш додаанд. Забони русиро хеле хуб медонанд, аз таърих, тарзи зист ва фарҳанги халқи рус огаҳанд, вале дар замири худ тоҷик боқӣ мондаанд. Ин наслест, ки эҳтиром, одоб, расму оини тоҷикиро фаромӯш накардааст, вале аз маҳдудаи афкори қуруни вустоӣ, ки ҳанӯз дар мағзи иддае аз ҷавонони мо ғолиб аст вораста, ҷаҳонбиниашон низ аврупоӣ шудааст.
Агар ба таърихи миллатҳое, ки мавриди таъқиб қарор гирифта ба таври иҷборӣ рӯ ба муҳоҷират овардаанд таваҷҷуҳ намоем, ҳамин саргузашти талх, таҳқиру хушунатро аз сар гузаронидаанд. «Инсон мисли оҳан аст, ҳар қадар ба обу оташ занӣ ҳамон қадар обутоб меёбад», - омадааст дар як масали русӣ. Агар мо ба сарнавишти мардуми африқоӣ, яҳудӣ, араб, ҳиндӣ ва ё арманӣ, ки рӯзгори аз мо сангинтарро паси сар намудаанд, мутаваҷҷеҳ шавем, дурустии масали боло собит хоҳад шуд. Агар даҳсолаҳо қабл, ин мардум ба хотири дарёфти қути лоямут ба кишварҳои Ғарб рӯ оварда буданд, имрӯз олами Ғарб аз фарзандони онҳо ифтихор дорад. Ашрофзодагони аврупоӣ ҳанӯз чанд сол қабл ҳатто тасаввур намекарданд, ки Барак Обамаи сиёҳпӯст президенти бузургтарин кишвари дунё Иёлоти Муттаҳида Амрико мешаваду, Содиқ Хони покистонӣ мери шаҳри Лондон ва ҳар як навраси фаронсавӣ орзу мекунад, ки мисли Зиёмуддин Язид Зиддани алҷазоирӣ футболбози машҳури ҷаҳон шавад. Хушбахтона имрӯз садои тоҷик на танҳо дар кӯчаву бозори Русия, балки дар Думаи Давлатӣ ва Академияи улуми Русия низ ба гӯш мерасад…
Бахтиёр Ҳамдам
(давом дорад)
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: