Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД

ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД

29-11-2017, 11:18
Хабарро хонданд: 493 нафар
Назарҳо: 0
ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД
(тарҳи мазкур бо дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон амалӣ шудааст)
ДУ ДАРСИ ИБРАТ
Ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл Одамушшуаро устод Рӯдакӣ фармуда буд:
Ҳар, ки номухт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад, зи ҳеҷ омӯзгор.
Дар воқеъ зиндагии инсон аз оғоз то ба анҷом омӯхтан будааст ва дар ин ҷода раҳнамо агарчи устод аст, махуфтарин дарҳои асрорро ҳароина мактаби зиндагӣ боз мекунад. Дар ин сафар ду сӯҳбат барои ман хеле хотирмон, балки ҳатто дарси ибрат буд, ки якеро ба ман пири солеҳу соҳибмаърифати гурҷӣ ва дигареро ҷавонони огоҳу соҳибдили тоҷик доданд…
Борҳо аз тариқи расонаҳо, пойгоҳҳои хабарӣ ва нақли муҳоҷирон шунидаам, ки дар мусофират душмани асосии тоҷикон худи тоҷиконанд, ки барои мақом, маблағ ва ё як шуғли ночизе ба сари ҳам теғи кина мекашанд, ба хотири шикаст додани якдигар аз хизмати гурӯҳҳои ҷинойии маҳаллӣ истифода мебаранд. Ҳатто дар яке аз сафарҳои худ шоҳиди моҷарои ду соҳибкор будам, ки яке дигареро таҳдид мекард: «Агар маблағи фармудаамро овардӣ хуб, агар не доғистониҳоро ба сарат меорам, сарборӣ «доля»-и онҳоро ҳам медиҳӣ».
Қазияи қабристони «Хованский» ва гирудорҳои Маркази савдои «Москва» аз маъруфтарин намунаи ин моҷарои соли ахир буд, ки тоҷикон бо истифода аз «хизмат»-и мафияи маҳаллӣ бар зарари худ оташи фитна ангехтанд…
Вале, вақте бо мардуми муҳоҷир аз наздик ошно мешавӣ дарк мекунӣ, ки байни онҳо муҳаббату иттиҳод ва дастгириву кумак бештар аз хушунату хиёнат аст, вале сад афсӯс, ки амали нохуш зуд паҳн мешаваду, кори нек зуд фаромӯш. Мо журналистон низ кӯшиш менамоем, ки ба хотири хонданӣ шудани матлаби худ аз хиёнату ноҷавонмарди бештар ҳарф занем, вале ба навиштани амалҳои нек камтар таваҷҷӯҳ дорем. Андеша мекунем, ки агар воҳима камтар бошад, касе намехонад
Нахустин сабақе, ки омӯхтам эҳтиром ва муҳаббати ҷавонони тоҷик дар Екатеринбург, Перм ва Москва буд. Агар худо накунаду ба сари касе мусибат ояд, фавран ҷамъ шуда маслиҳат мекарданд, ки чӣ кӯмак расонанд.
Маро қиссаи шаш нафар зане, ки бо яке аз хадамоти ватанӣ ба шаҳри Екатеринбург рафта, тӯли чанд моҳ бо маоши ночизе дар ширкати ветнамиҳо кор мекарданд, ба риққат овард. Тасаввур кунед, шаш зани бесаробони тоҷик, ки ба хотири сер кардани шиками кӯдакони худ тарки хонаву дар карда ба муҳоҷират рафтаанду, дар як моҳ беш аз 5000 рубли русӣ маош намегирифтанд, ки ҳатто ба буду боши худи онҳо дар мусофират намерасид. Ин бонувони сарсону овора маҷбур мешаванд, ки ба Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург муроҷиат намоянд. Сардори консулгарии ӣ Сафар Сафаров бо дастгирии соҳибкори тоҷик Бобоҷонов Раҳимҷон, ки тақрибан дар тамоми манотиқи Русия марказҳои савдо дорад онҳоро бо шуғли муайян ва ҷои зист таъмин мекунад.
Бо вуҷуди он, ки синну сол ва маълумоту таҷрибаи ин модарон ба кори мо мувофиқат намекунад, ба хотири ҳамватан буданашон маҷбур шудем, ки ба кор қабул намоем ва қарзи роҳкирое, ки ширкати ветнамиҳо пардохта буд, бозгардонем, - мегӯяд директори маркази савдо Сайвалӣ Ҳоҷиев.
Борҳо шоҳиди он будам, ки аз якдигар мепурсиданд: «Ҳоли фалонӣ, ки дар роҳи Челябинск ба садама гирифтор шудааст, чи гуна бошад? Оё кумаке лозим аст?» Ва ё ба хотири ҳамватанашон будан зуд-зуд аз ман мепурсиданд: «ҳаво сард аст, мабодо хунук нахӯрдед?», «чи хизмат кунам, гурусна намондед?», «мошини ман ба хизмат тайёр аст, куҷо барам?» ва мисли ин…
Ман тақрибан ин ҷавононро намешинохтам, вале одамияту ҷавонмардиашон дар пояе қарор дошт, ки одамро ба ҳайрат меовард. Аз меҳрубониҳои онҳо хеле дар хиҷолат будем ва гоҳо мунфаилу шармсор мегуфтем «Хизмате барои Шумо анҷом надодем, заҳмат накашед», вале дар посух мешунидам, ки ҳамин аз ҳоли муҳоҷирон хабар гирифтанатон бузургтарин хизмат аст. Воқеан ин яке аз дарсҳои бузурги саховату ҷавонмардӣ буд, ки аз инсонҳои комили ба синну сол хеле ҷавонтар аз худ омӯхтам.
Сабақи дигар бардошт аз сӯҳбати вайберӣ бо актёри маъруфи гурҷӣ Вахтанг Кикабидзе буд, ки як соҳибкори гурҷӣ аз хешовандони ин одами наҷиб ба хотири эътиқод доштанам ба ҳунари асили ӯ ба ман фароҳам овард. Вақти сӯҳбат ҳунарманди шӯҳратёри гурҷӣ гуфт: «Ту ҳоло марди ҷавонӣ, аз хушиҳои зиндагӣ баҳраварӣ, вале чеҳраи хеле ҷиддӣ ва хаста дорӣ. Синни ман ба таки ҳаштод расидааст, даҳҳо беморӣ дорам, шояд аз умрам ҳам чору панҷе беш намондааст, вале пайваста табассум мекунам. Ту ҳам табассум кун, ки таъби дигаронро хуш кунӣ. Агар дар олам ҳама сидқан табассум мекарданд, касе бемор намешуд, пир намешуд, садои шуми тиру тӯп ҳеҷ гоҳ ба гӯш намерасид…».
Нақшҳои офаридаи ӯро ба хотир меорам. Шояд сирри маҳбубияти ӯ байни мардум табассуми сеҳрнокаш буд, ки ба атрофиён рӯҳу тавон мебахшид, дили онҳоро ба зиндагӣ гарм мекард.
ҶОЕ, КИ КОР ҲАСТ ЭҲТИРОМ ҲАСТ
Яке аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудани ҳимояи ҳуқуқии онҳо аст. Имрӯз теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик, ки бегуноҳанд ва ё ҷурми ночизе содир намудаанд, дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия қарор доранд. Вале ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоя кунад тақрибан вуҷуд надоранд ва ё бошанд ҳам аз фаъолияташон касе дарак надорад. Ҷамъиятҳои зиёди тоҷикон дар тамоми манотиқи Русия фаъоланд, вале ҷанбаи асосии фаъолияти онҳо бо дастгирии иҷтимоӣ ва таблиғи арзишҳои милливу баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ маҳдуд шудааст. Дар рафти сафар бо муҳоҷирони зиёде мулоқот доштем, ки аз набудани ёрии ҳуқуқӣ шикоят мекарданд. Зимнан хеле хуб мешуд агар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия сари ин масъала андеша мекарданд ва ба хотири ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъиятҳои махсусе, ки иборат аз ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони варзида аст, таъсис медоданд. Чунки ин масъала на танҳо заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, балки сиёсӣ низ дорад. Эътимоди муҳоҷирони тоҷикро нисбат ба сиёсати Давлат ва Ҳукумат тақвияти бештаре медиҳад.
Дар рафти сафар шоҳиди он будем, ки дар манотиқе, ки намояндагии расмии Тоҷикистон фаъол аст, то кадом андоза муҳоҷирон эҳтиром ба Давлату Ҳукумат доранд ва гуррӯҳои манфиатдори сиёсиву иртиҷоие, ки ҳадафашон зидди сиёсати давлат ангеза додани муҳоҷирон аст, таъсирашон ночиз...
Дар шаҳри Перм роҳбари ҷамъияти тоҷикони Приволжие Одинаев Сайфиддин ва ҳамтои ӯ роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм Сайидов Хуршед нақл карданд, ки чанд нафар намояндагони муҳоҷирони тоҷик ба хотири мулоқот бо Сардори консулгарии генералии Тоҷикистон ва ҳалли баъзе мушкилот ба шаҳри Екатеринбург меоянд. Вақте онҳо вориди бинои консуланрӣ мешаванд, нафареро мебинанд, ки барои омода кардани ҳуҷҷат ба муҳоҷирон кӯмак мекард. Чун ба фаросат дармеёбанд, ки корманди консулгари аст, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки то уттоқи Сардор онҳоро раҳнамоӣ кунад. Он шахс бо шӯхӣ мегӯяд, ки аз дидани Сардори консулгарӣ ба шумо чӣ манфиат ва хоҳиш мекунад, ки андаке таҳаммул кунанд, то ӯ корашро ба анҷом расонад. Меҳмонон ноҳинҷор мешаванд ва андаке бо лаҳни дурушт мегӯянд, ки аз роҳи дур, шаҳри Уфа омадаанд, наход як хоҳиши кӯчаки онҳоро иҷобат кардан ин қадар душвор бошад?
Мард аз онҳо узрхоҳи мекунад ва ба уттоқи кории Сардор даъват намуда, бо табассуми малеҳ мегӯяд: «Ман Сафар Сафаров, сардори консулгарӣ, бори дигар узр мепурсам, ман надонистам, ки шумо меҳмон ва аз роҳи дур омадед». Намояндагон баъд аз баргаштан, нақл мекунанд, ки мо гумон намекардем, ки як роҳбари соҳибмақом, мисли як корманди оддӣ ба муҳоҷирон барои таҳияи ҳуҷҷат шахсан ёрӣ мерасонад. Мушкили моро низ ба зуддӣ ҳал крд. Хеле хиҷолатзада будем ва аз шарм наметавонистем, ки ба рӯяш нигоҳ кунем.
Дар аксари мулоқотҳое, ки бо муҳоҷирон доштему, сардори консулгарӣ бо вуҷуди серкор буданаш моро ҳамроҳи мекард, муҳоҷирон ӯро бо чеҳраи кушод ва эҳтироми хосса истиқбол мегирифтанд. Шояд фаъолияти хуби Консулгарии Генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург буд, ки мо дар сӯҳбату мулоқот бо муҳоҷирон як ҳарфи эътироз нашунидем…
(Давом дорад) Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: