Ватандустӣ ҷузъе аз имон аст…8-11-2016, 12:09
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Қарни 21-ро метавон бидуни шаку шубҳа қарни муҳоҷират унвон кард, зеро раванди он кулли сайёраро фаро гирифтаву тақрибан кишваре нест, ки бо ин зуҳурот алоқамандӣ надошта бошад. Тоҷикистон низ ба ҳайси як кишвари соҳибистиқлол наметавонад аз ин раванд берун бошад. Вале бояд мардуми мо дар кадом кишвари дунё зиндагиро интихоб накарда бошанд, ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки мардуми ориёнажоданду аз чашмаи мусаффои фарҳангу тамаддуни башарӣ обишхӯре доранд. Банда, ки худ низ дар муҳоҷират бо шукргузорӣ аз Ватани аҷдодии хеш ва ифтихор аз тоҷик буданам кору иқомат дорам, бо як ҳамватани хеш, ки новобаста аз ҳама душвориҳо дар пайи ҳалли мушкилоти ҳамватанон аст, мусоҳибае анҷом додам. Шоҳназар Хушназаров, ҷавонмарде, ки дар яке аз рустоҳои ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудаву пас аз хатми Омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳияи мазкур ва фаъолияти чандинсола дар филиали корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе дар ин ноҳия, рӯ ба муҳоҷират овардааст. Ӯ дар оилаи деҳқону коргари оддӣ ба камол расида, сиву як сол дорад. Замоне, ки дар ватанаш ҷанги хонумонсӯз ҳамаро ба коми худ мекашид, падару модар ва аҳли оилаи хешро ба дасти тақдир ҳавола намуда, рӯ ба муҳоҷират овард, то ҳадди ақал паи «қути лоямут»-е шаваду азизони хешро аз вартаи гуруснагӣ наҷот диҳад. Аз он рӯзҳои мудҳиш, аз хотироти Шоҳназар Хушназаров бармеояд: «лаб-лаби ҷӯйбор осори марг буду қад-қади кӯчаҳо ҷасадҳои беҷон ва оромии шабро бе овози тиру туфанг тасаввур карда наметавонистем»… - Банда соҳиби чор фарзандам ва бо тақозои замон тақдири ҳамаи онҳоро ба Яздони пок супорида, худ дар муҳоҷират аробаи вазнини рӯзгорро мекашам. Шукрона аз он дорам, ки акнун дар ватани ман сулҳу оромӣ ҳукмфармост, зеро ба қадри сулҳ фақат ҳамоне мерасад, ки амну осудагӣ ва хатарро бо ҷони худ ва азизонаш эҳсос карда бошад. Гарчанде, ки имрӯз ман дар муҳоҷират кору зиндагӣ дорам, лекин сарчашмаи ифтихорам ин аст, ки ман тоҷику соҳибватан ҳастам. Зиёда аз бист сол аст, ки берун аз кишвар кору зиндагӣ дорам ва соле як маротиба муяссар мешавад, ки давоми як моҳ аз обу хоки Ватан ба серӣ баҳра барам. - Гуфтед, ки имрӯз дар муҳоҷират, дур аз аҳлу пайвандон кору зиндагиатон доред, пас нигоҳи Шумо ба сиёсати имрӯзаи ҳукумати мамлакат, ба хусус Пешвои миллат чӣ гуна аст? - Агар гӯям, ки ҳазорҳо шукр, ин кам аст. Зеро ба қадри Эмомалӣ Раҳмон фақат ҳамон шахс мерасад, ки азоби он рӯзҳои мудҳишро худаш кашидааст. Воқеъан имрӯз миллату мардуми тоҷикро фарзанди фарзонаи миллат роҳбарӣ дорад. Ҳамчун ватандори комил, агар заррае муҳаббат ба Ватан дошта бошад, инро ҳар як фарди тоҷикистонӣ гуфта метавонад. Дар муҳоҷират кору зиндагии муваққатӣ доштанам проблемаи рӯзмарраи танҳо ман нест, зеро раванди муҳоҷират имрӯз замину замонро фаро гирифтааст. Бо ин раванд бояд ҳар яки мову шумо муросо кунем, зеро мо дар қарни нав кору зиндагӣ дорем ва ақидаву андешаҳои даврони шӯравиро аз сар дур кунему ҳамқадами замон бошем. Бузургтарин дастовард барои миллати тоҷик он аст, ки мо соҳибихитиёрем, худшиносу Худошиносем ва барои мо маҳдудияте нест дар роҳи эътиқодот – яъне, мусалмон будану дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ зиндагӣ кардан. Бояд қоил шавем, ки ин ҳама озодиро барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ Яздони бузург ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон додааст. - Имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро аз номи Ислом даст ба амалҳои террористӣ зада, мардуми ҷаҳонро ба таҳлука овардаанд. Мутаассифона, дар байни онҳо баъзе ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик низ ба назар мерасанд. Андешаи Шумо дар ин маврид чист? -Имрӯз ҷаҳонро ваҳшонияти терроризм ва ифротгароиву қатлу куштор фаро гирифтааст, вале мутаассифона алҳол башарият хатари онро дуруст дарк намекунад. Чун дар паси ин пардаҳои саҳнасоз давлатҳои абарқудрат истодаанду мардуми оддӣ азият мекашанд. Ҳар яки мо мусалмонзодаему бояд даст ба амали хайр занем, лек сиёсати муғризонаи олами Ғарб доғ бар номи олами Ислом меорад. Дур намеравем, солҳои охир чанд нафар «ватандорон» пайдо шуданд, ки аз ғамхориву меҳрубонии Роҳбари давлат истифода намуда, даст ба хиёнат задаанд, ки ин амалро миллат ҳеҷ гоҳ нахоҳад бахшид. Гурӯҳҳои террористӣ бо номи ДИИШ ва амсоли онҳо ҳамагӣ зархаридоне ҳастанд, ки танҳо ба манфиати шахсияту гурӯҳҳои алоҳида кору фаъолият мебаранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ манфиати миллиро арҷ намегузоранд ва ба хотири чор тангаи хоҷагони хориҷиашон Меҳани худро мефурӯшанд. Ягона орзуи ман он аст, ки агар ҳар як шаҳрванди кишвар ба мантиқи гуфтаҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҳм мерафт ва онро дарк мекард, кишвари мо хеле пеш мерафт. Суханони Ҷаноби Олӣ «мо як Ватан, як Давлат ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст», бояд ҳамеша дар гӯшҳои мо садо диҳад. Агар ҳар яки мо заррае баҳри миллат ва ояндаи кишвар саъю талош кунем, Тоҷикистони азиз ба биҳишти воқеӣ табдил хоҳад ёфт. - Хуб, мехостам мушаххастар ба ин масъала равшанӣ андозед-то кадом андоза дуруст аст, ки ҷавонони мо тавассути ҳамватанони хеш дар Федератсияи Русия ба доми шахсони авомфиреб меафтанду рӯ ба Сурияву Ироқ меоранд? -Вокеъан ин гуна овозаҳо тақрибан се сол, бахусус дар шаҳри Москва, тариқи васоити ахбори умум ба гӯш мерасанд. Бо боварии том гуфта метавонам, ки дар Маркази савдои «Москва», ки бо номи «Люблино» байни муҳоҷирон машҳур аст, аъзошавии сафи шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгаро ба қайд гирифта нашудааст, зеро дар ин марказ маҳз бо ташаббуси яке аз ҳамватанони мо-Абдусамад Абдуғаниевич, ки шахсияти шинохтаву соҳибмақом аст, ба таври ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати пешгирӣ аз афзоиши сафи ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро гузаронида мешавад. Инчунин намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия бо роҳбарии Саидбек Мирзомудинов чанд моҳи охир дар ин самт корҳои хеле назаррасро ба анҷом расонидааст. Вале минтақаҳои зиёди дигаре низ дар Русия вуҷуд доранд, ки мутаассифона муҳоҷирони мо аз ҷониби ҷамъият (диаспора)-ҳои тоҷикон фаро гирифта нашудаанд. Нигаронии мо низ аз ҳамин муҳоҷирон аст, ки имкон дорад зери таъсири таблиғоти баъзе гурӯҳҳои радикалӣ қарор гирифта, даст ба амали номатлуб зананд. - Оё то ба имрӯз буд ҳолате, ки ягон ҳамватан ба Шумо, ба хотири дарёфти кумак муроҷиат карда бошад? - Бале, ин гуна ҳолатҳо буданду ҳастанд. Камина дар иртибот бо Абдусамад Абдуғаниевич соли 2006 ба хулосае омадем, ки як фондеро бо номи «Кумак ба ҳамватанон» таъсис диҳем, лекин ба расмият даровардани фонди мазкурро зарур надониста, тариқи шифоҳӣ ин ташаббусро роҳандозӣ намудем. То имрӯз, бемуҳобот, ҳазорҳо ҳамватанон аз дастгирии мо баҳраманд гардидаанд. Имрӯз «Бозори Люблино»-ро ҳамчун макони осон ва рафъ намудани мушкилоти муҳоҷирони тоҷик унвон мекунанд. Нест корафтодае, ки бо муроҷиати худ аз даргоҳи мо ноумед рафта бошад. Дастгирии ҳамватанон барои мо қарз ва мояи ифтихор аст. - Аз ин иқдомоти Шумо сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагии дигар ниҳоди кишвар огаҳӣ доранд ва ба унвонии онҳо аз корҳои анҷомшуда ҳисобот медиҳед? - Мо сохтори давлатӣ нестем, балки чанд нафар соҳибкорем. Он коре, ки мекунем, барои хайру савоб аст, дигар ҳеҷ мурод надорем. Вале бояд тазаккур дод, ки бо сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия ҳамеша дар иртибот ҳастем. Дар аксар ҳолат аз маслиҳату дастгирии сафири кишварамон дар Федератсияи Русия муҳтарам Имомуддин Сатторов бархӯрдорем. Бешубҳа гуфта метавонам, ки сафири кунунии Тоҷикистон дар Русия дипломати соҳибиродаву менеҷери хуби арсаи байналмиллалист. Итминон дорам, ки дар ҳамбастагӣ бо намояндагии дипломатии кишвар дар Федератсияи Русия ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Москва бо номи «Иттиҳод» дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо корҳои назаррасеро анҷом хоҳем дод. Дар расм: Шохназар Хушназаров, соҳибкор, мудири шуъбаи ташкилӣ ва хоҷагидории Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иттиҳод» дар шаҳри Москва бо муҳоҷирон. Суҳбаторо Ҷамшед Зоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.