Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНҚИЛОБИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ

ИНҚИЛОБИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ

5-10-2017, 11:44
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
                            ИНҚИЛОБИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ

Дар ин маврид суҳбате доштем бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, ки манзури хонандагон мегардонем:

- Муҳтарам Саидмурод Самад, Шумо дар яке аз суҳбатҳои худ дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ва ворид гардидани тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур «инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ» номидед.Лутфан бигӯед, ки ин ба чӣ далел буд?

- Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ин яке аз қонунҳои нодир ва бесобиқа буд, ки ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва даст кашидан аз хароҷоту исрофи иҷборӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат ба мақомоти маҳаллӣ, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳоят худи мардум имкон дода шуд, ки таъсири қонуни мазкурро дар зиндагии воқеии худ санҷанд ва оид ба бурду бохти он андешаашонро баён намоянд.
Бо вуҷуди он, ки қонуни мазкур ва тағйиру иловаҳои ба тозагӣ ба он воридшударо аксарияти шаҳрвандон дастгирӣ намуданд, як зумра либералҳо низ пайдо шуданд, ки роҳҳои татбиқи онро зери суол мегузоштанд: «Чаро ин корро аз тариқи тарғибу ташвиқ неву тавассути қабули қонун анҷом диҳем?».
Вале бубинед, ҳангоми дар мулоқотҳои худ Пешвои миллат аз олимону рӯҳониён суол кардан, ки «оё тасмими мо дар мавриди танзим дуруст аст?», ҳама бо як овоз аз Каломи Шариф ва осори бузургон мисол оварда ҳақиқати ин иқдомро тасдиқ менамоянд. Пас чаро олимон ва рӯҳониёни арҷманди мо, ки пешсафи ҷомеа мебошанд, то қабули қонуни мазкур мардумро раҳнамоӣ накарданд? Муҳри хомӯшӣ бар даҳон задаву ба истилоҳе «қатори мардум» пешдарои ин гуна маъракаҳо буданд? Ва ё онҳо мегуфтанду суханашон асар надошт?
Як чиз мусаллам аст, ки давоми даҳ соли сипаригардида, гарчанде, ки Қонуни мазкур барои мардуми одӣ сабукиҳои назаррас овард ва теъдоди зиёди шаҳрвандонро аз зери бори гарони қарз раҳо кард, тоифаи «баргузида»-е низ буданд, ки куҷо равад тарғибу ташвиқ, ҳатто талаботи қонунро сарфи назар намуда, бо роҳҳои гуногун маъракаҳои дабдабанок ташкил мекарданд.
Мутаассифона баъзе аз ин тоифа то ҳанӯз дарк накардаанд, ки бо харҷу исрофкории зиёд баргузор намудани маъракаҳо ба дасткушодӣ ва саховатмандӣ ҳеҷ рабт надорад, балки як роҳи худнамоӣ ва ман-манӣ аст, ки дар зеҳни мардуми мо реша давонидааст.
Чи бояд кард, ки психологияи мардуми мо ба зиёфатхурии маҷонӣ (ройгон) хӯ гирифта, номи тамоми маъракаҳо ба хӯрдани ғизо иртибот дорад, мисли «оши наҳор, оши худоӣ, зиёфат…» ва ҳатто баъзе бонуҳои бадзабони мо вақте ки касеро дуои бад мекунанд, истилоҳи «ошакатро хӯрам, чилшикан кунам»-ро истифода мекунанд, ки ишора боз ба ҳамон оши ҳафту чилу сол аст, ки дар маъракаҳои мотам бо харҷи зиёд таҳия мешаванд. Гоҳо ин ифрот то ба ҳадде мерасад, ки ба қавли мардум «шустани» як пояфзоли арзишаш садсӯма ба паҷсад сӯм мерасад. Англисҳо як зарбулмасал доранд: «Чашм аз шикам бузургтар аст». Воқеъан ҳам сер кардани шиками инсон саҳл аст, нисбат ба он ки чашмашро сер кунӣ…
Қабули қонуни мазкур дигар имкон медиҳад, ки мардум аз зери бори гарони «нангу номус»-и дурӯғин ва сунъӣ, ки боз ҳамон «менталитет»-и миллии мо таҳмил намудааст, раҳо ёбанд ва маблағҳои изофии худро ба таҳсили фарзандон ва беҳбудии шароити зисти худ сарф намоянд. Чаро мо бояд дар ин маврид аз мардуми Аврупо, ки бо вуҷуди доро будану роҳат зистанашон ҳаргиз ба исрофкорӣ даст намезананд, ибрат нагирем? Бубинед, ки мо имрӯз либоси аврупо мепӯшем, аз техникаю технологияи аврупоӣ истифода мебарем, вале тафаккури мо ҳанӯз побанди баъзе урфу оини асримиёнагист. Оё шумо дар ягон маърака ва ё суҳбате шоҳид будед, ки мардуми мо аз илму технологияи пешрафта ва ё ҳадди ақал аз осори гаронмояи бузургони мо ҳарф зананд? Ба гумон. Агар пештар дар суҳбатҳо аз Бедилу Хайём ё Ҳофизу Саъдӣ мегуфтанд, ҳоло барои баъзе тоифаҳо «ҳазрат»-у «тӯра»-ҳое, ки хоки ягон мадрасаро ба қавле «налесидаанд», «авторитет» шудаанд ва фатвою мавъизаи онҳо доираи сӯҳбатҳоро «гарм» мекунад.
Пешниҳоди Пешвои миллат дар зеҳну мафкураи миллати мо таҳаввулотеро ба амал овард ва мардумро ҳидоят намуд, ки аз расму одати зарароваре, ки тӯли садсолаҳо дар мағзи устухони мо ҷо гирифта буд, даст кашем. Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренесанс аст, ки дар кишварҳои Аврупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд. Натиҷаи ҳамон инқилоби маънавӣ буд, ки Аврупо аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ раҳо ёфта, имрӯз ба яке аз манотиқи пешрафта ва пуриқтидори дунё табдил ёфтааст… Пас худ қазоват кунед, ки ин оё «инқилобе» нест дар тафаккур, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи мо?
- Аммо… Баъзе олимон, ҷомеъашиносон ва рӯҳониёни мо бар ин назаранд, ки маъракаву маросимҳои мо низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост…
- Дар қонун ҳаргиз баҳс дар мавриди маҳдуд кардани расму оини миллӣ ва ё суннатҳои санияи мардумӣ намеравад. Мо инро бояд дуруст дарк кунем.Ҳадафи асоси қонун баръакс даст кашидан аз урфу одатҳои сунъиву хурофотӣ ва камхарҷ кардани маъракаву маросимҳост. Мо бояд иқрор шавем, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо маҳфуми «буҷети оила» вуҷуд надорад. Ин яке аз иллатҳои асосии исрофкорӣ дар ҷомеа аст. Худ як қазоват кунед, ки дар баргузории маъракаҳои беҳудаи серхарҷ ҳамто надорем, вале барои фарзанди худ либос ва ё пояфзоли як-ду андоза бузургтарро мегирем, ки соли оянда низ пӯшад. Ва ё як умр либосу ҷузвдони бародари бузург мероси бародари хурдӣ аст…
Мо бояд аз эроду эътирози онҳое, ки намехоҳанд ҷомеа пеш равад, натарсем. Таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон гурӯҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ бо назари шубҳа менигаристанд. Агар ибтидои асри 20 - ро ба хотир орем, ҳамин гурӯҳи эътирозӣ, ки зидди илму маърифату навовариҳо буданд,ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Онҳо бунёди беморхонаҳо, хати роҳи оҳан, барқ, алоқа ва мисли инро куфр эълон мекарданд. Аз рӯи инсоф бигӯед, ки кадоме аз инҳо ба ҷомеа бештар манфиат расонидаанд? Большевикони «кофир»-е, ки мактабҳои маҳви бесаводӣ мекушоданду мардуми камбағалро соҳиби маълумот, касбу ҳунар, замин, фабрикаву завод мекарданд ва ё босмачиёни «мусалмон»-е, ки ба хотири ҳимоя аз сохти феодалӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷиҳод мекарданд ва мафкураи ҷомеаро ба андозае заҳролуд менамуданд, ки то дер мардум автомобилу қатораро шайтонаробаю оташароба меномиданд.
Солҳои 90-уми қарни гузашта низ вақте ки насими ҳувияту демократия вазид, қабл аз ҳама ҳамин тоифа ноором шуданд, ошӯб бардоштанд ва вақте ки кишварҳои ҳамҷавори мо орому осуда мероси Иттиҳоди Шӯравиро тақсим мекарданд, ҷумҳурии моро ба коми оташу ҷанг кашиданд. Давлат ва артишро фалаҷ карданд.Боз ҳамон афсонаҳои шайтонаробаро бо оҳанги дигар такрор мекарданд. Ба мардуми осоишта фатво медоданд, ки «боке нест агар бо аслиҳа ошно набошед, шумо тирро файр кунед малоикаҳо худашон онро ба синаи кофирон мезананд». Андеша намекарданд, ки «кофарон» ҳаммиллату ҳаммазҳаб ва ё бародару хоҳарони онҳоанд.
Ин ҷо ба маврид аст суханони як дӯстамро ёдрас намоям, ки дар сафари Чин маро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ба этирозҳои як марди ба ном «диндор», ки ба ҳар чиз эрод мегирифт, бо тамасхур посух дод: «Бале, домулло, чиниҳо ба қавли Шумо «ҳаромхӯранд», вале бубинед, ки корашон чи қадар тозаву ҳалол, мо бошем «ҳалолхӯр»-у билло, ки ба ҷуз эрод гирифтан дигар ягон кори ҳалол надорем»
Мо бояд як чизро фаромӯш насозем, ки мавқеи ҷуғрофии кишвари мо хеле ҳассос аст. Мо дар сарҳади бархӯрди ду тамаддун қарор дорем. Агар арзишҳои миллии худро ҳифз кунему ба самти Ғарб рӯ орем аз илму технологияи муосир бархурдор хоҳем гашт. Вале агар ба самти Шарқ рӯ орем, боз побанди ҳамон урфу одатҳои асримиёнагӣ, хурофоту ҷаҳолат хоҳем буд…
-Бо иҷозаи Шумо, боз бармегардем сари баҳси қонун… Яъне ҷиҳати пешгирии исрофкориву зиёдаравиҳо дар ҷашну маъракаҳо қабули ҳамин гуна як қонун муҳим буд…
- Агар мо ба таърихи халқи худ назар афканем, на зулму истибдоди асримиёнагии аҷнабиён, ки садҳо ҳазор нафар аз дасти бардагиву гуруснагӣ ба ҳалокат расидаанд, на давраҳои инқилоб ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва ё дар гузаштаи на чандон дур, ки касрати ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба қути лоямут зор кард, дарси ибрат нашудааст. Мардуми мо як одати аҷиб дорад, ки агар андаке аз фақру нотавонӣ раҳо ёбаду дар ҷайбаш ду се танга пайдо шавад, боз ҳамон «менталитет»-и миллӣ дастболо мешаваду роҳи баҳудаву беҳуда сарф кардани ҳамон маблағи ночизро меҷӯяд.
Рӯзе яке аз дӯстон қиссаи марғуберо нақл кард, ки ҳамин одати «суннатӣ»-и моро бозгӯ мекунад: - Солҳи 90-ум, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, бо мошини боркаше аз шаҳри Кӯлоб ба самти Қӯрғонтеппа ҳаракат мекардем. Дар роҳ марди шиносеро дидам, ки дар даст сатил интизори мошин буд. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки ӯро низ ҳамроҳ гирад. Баъд аз ҳолпурсӣ аз ӯ суол кардам, ки куҷо меравад?Ӯ ба дард оҳ кашида посух дод, ки дар хона ғизое намондааст ва як хешаш аз Сарбанд ваъда кардааст, ки агар ноилоҷ монд, биёяд ба ӯ як сатил орд медиҳад. – Барои овардани ҳамон орд меравам, агар ду маротиба нон бандем, як ҳафта ҷонамон аз гуруснагӣ халос,- ашки чашмонашро пок карда бо ҳасрат мегуфт мард. Тифоқо аз ин ҳодиса чанд сол гузашт, ҷанги шаҳрвандӣ низ паси сар шуд, мардум боз ба зиндагии осуда бармегаштанд. Рӯзе фарзанди ҳамон мард маро ба хонаашон меҳмонӣ даъват кард, вале нагуфт, ки ба кадом хотир. Ҳанӯз ба хонаашон наздик нашуда садои карнаю мусиқиро шунидам, гумон кардам, ки тӯй бошад. Дар саҳни ҳавлии хона мизу курсӣ ва катҳои ороста ва сари он беш аз 200 нафар меҳмонон нишаста буданд, дар кунҷи ҳавлӣ, сари оташдонҳо дегҳои бузурги хӯрокпазӣ ва дар шохи дарахт нимтанаи гӯшти гови фарбеҳ овезон буд. Соҳиби хона, ки бо чеҳраи кушод ба пешвозам баромада буд, аз нигоҳи суоломези ман рамуз гирифта гуфт: - Ҳамтуякак, фарзандҳо аз Россия омада ба хотири рӯзи таваллуди банда як маъракачаи хоксорона оростанд. Дигар пешорӯи ман як марди босалобату бовиқор, ки аз сериву пурӣ маст шудааст, меистод ва аз он марди ҳақири сатилбадаст, ки ордгадоӣ мерафту аз сахтиҳои зиндагӣ менолид ва ашки надомат мерехт, осоре намонда буд… Қиссаи дӯстамро шунидаму як мақоли англисӣ ба хотирам расид: «Камбағал он нест, ки кам дорад, балки он аст, ки орзуҳои бешумор дорад». Эҳтимоли зиёд аст, ки он мард ҳанӯз сатил дар даст вақте ки ордталабӣ мерафт, дар дил орзу дошт, ки рӯзе соҳиби пул мешаваду зиёфати калон дода ҳамаро ба ҳайрат хоҳад гузошт.
Ҳама гуна урфу одат бо мафкураи мо аз овони тифлӣ хӯ мегирад. Кӯдак аз волидайни худ ё сарфаву сариштаро меомӯзад ё исрофкориро. Вазифаи қонуни мазкур низ ҳамин аст, ки бо роҳи манъ кардани исрофкориву хароҷоти беҳуда, насли навро дар рӯҳияи сарфакорӣ тарбия намоем. Пас, дар мавриди зарурати қабули қонун ҷои баҳс нест…
- Сайёҳон ва меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, ба ин урфу одати марғуби мо чӣ назар доранд?
- Борҳо мушоҳида кардаам, ки меҳмонони хориҷӣ ин расму оини «булаҷаб»-и моро дида, чи гуна ангушти ҳайрат мегазанд.Боре корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ ба таври малеҳ ишора кард, ки баъзе расму одатҳои моро комилан дарк карда наметавонад. Фаразан?-суол кардам аз ӯ. Нақл кард, ки дар шафати корхонаашон бонуи бешавҳаре зиндагӣ мекард, ки шаш кӯдаки хурдсол дошт. Бону ва атфолаш, ки ҳоли хароб доштанд, мо ӯро ба ҳайси фаррош ба кор даъват намудем, то андаке ба зиндагиаш кумак шавад,- гуфт ӯ. Аз сари ҳар маош як миқдор маблағеро ба унвони хайр медодем, ки то кӯдаконаш гуруснаву бараҳна нагарданду, дар мактаб таҳсил кунанд. Вале рӯзи иди Рамазон дар даст табақи шириниҳо ва дар тан либосҳои гаронарзиш ба корхона омаду кӯдаконаш мисли ҳамеша побараҳнаву дур аз таҳсил буданд.
Як сайёҳи олмонӣ низ бо оҳанги ҳайрат нақл мекард, ки маро ба таъзия модари як нафар бурданд. Гумон мекардам, ки чун модарашро аз даст додааст, сахт рӯҳафтодаву мотамзада аст ва дигарон мераванд, ки ӯро дилбардорӣ кунанд. Вале мизҳои ороста пур аз нуқлу наво ва таомҳои мухталифро дидам… Ҳама гӯё ба хурсандии модари фавтида зиёфат мехӯрданду шахси мотамзада даст пеши бар ба ҳама «хуш омадед, меҳмонони модар» мегуфт ва пиру ҷавонро арзи сипос мекард. Нафаҳмидам, ки ин мотам буд ва ё маъракаи шукронаи фавти модар…
Ин хориҷиён аз куҷо донанд, ки вақте мардуми мо «хуби»-ҳои инсонро сифат мекунанд, қабл аз ҳама мегӯянд, ки фалон намуд хонаву мошин ва либосу палос дорад, «дасткушод» аст, «дастархондор аст», «мардумро нон медиҳад»…
Ҳанӯз соли 1899 иқтисодшиноси машҳури амрикоӣ Торстейн Бунде Веблен қошуқчаҳои нуқрагӣ ва корсетҳои занонаро (як ҷузъи либоси бонувон) нишони доштани мақому мартабаи олӣ дар ҷомеа номида буд. Дар асари машҳури худ «Назарияи табақаҳои бекорхӯҷа» (Теория праздных классов) маҳфумеро бо унвони «истеъмоли намоишкорона» ворид кард, ки маънои он намоиш додани дороӣ ва мақоми баланди иҷтимоии худ аз тариқи истеъмоли сарватҳои модӣ ва ҷамъ овардани ҳар гуна ашёи қимматбаҳо буд.
Шояд садсолаҳо қабл аз ин дар олами Ғарб, ки имрӯз ба куллӣ тағйир ёфтааст, чунин буд, вале мо то ҳанӯз дар банди ин «одат»-и бад қарор дорем. Ҳатто агар ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунем ҳам аз ин «одат»-и суннатии худ даст намекашем. Вагарна дар тӯйи арӯсии духтари худ ба як миллион доллар харидани куртаи тӯёнаи як соҳибкори русиягии тоҷиктабор ҳаргиз сархати ахбори ВАО-и тамоми ҷаҳон қарор намегирифт.
- Пас моро зарур аст, ки дар интихоби худ ба фарҳанги Ғарб бартарият диҳем?
- Не, ин ҷо баҳс сари чизи дигар аст. Мо бояд беҳтарин анъана, расму оин ва арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, аз урфу одати нолозим ва ба мо таҳмилшуда даст кашем. Зимнан барои ин ба мо зарурати пайравӣ ба ягон миллати дигар нест.Агар мардум осори безаволи ниёгони мо ва ё фаразан китоби Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро мутолиа кунанд ба хубӣ дарк хоҳанд кард, ки то кадом андоза миллати мо соҳибтамаддун ва соҳабфарҳанг будааст.
Вале пайравӣ аз беҳтарин дастовардҳо, илму технологияи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ ҳамеша ба манфиати кор аст. Агар ба умқи таърих назар афканем, олимони Ғарб низ беҳтарин дастовардҳои илми тиб, нуҷум ва мисли инро аз олами Шарқ иқтибос кардаанд. Ва ё кишварҳои Шарқ мисли Ҷопон ва Чин арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намуда, бо истифода аз илму тамаддуни аврупоӣ ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфтаанд.
Агар дар мавриди фарҳанги кишварҳои Ғарб ҳарф занем, ин мавзӯи баҳси дигар аст. Бартарӣ додан ба арзишҳои либералӣ дар Аврупо маҳфумҳоеро мисли миллат, ифтихори миллӣ комилан аз байн бурдааст. Гумон мекунам дар ин замина таи чан даҳсолаи охир фарҳанг ва маънавиёт дар Аврупо комилан рӯ ба инқироз овардааст. Агар дар гузаштаи начандон дур Мотсарту Коперник, Балзаку Леонардо де Винчи мояи ифтихори Аврупо буданд, имрӯз мутаассифона Роналдову Месси ва Мейвейзеру Мак Грейгерҳо ҷойгузини онҳо шудаанд. Тасаввур кунед, ки дар як рақобати чанддақиқаинаи худ бо Мак Грейгер, Мейвезер соҳиби сесад миллион доллар шуд. Вале агар андеша кунед, ки ин қаҳрамони замони муосир дар зеҳни насли ҷавон ба ҷуз фарҳанги муштзӯрӣ таъсири дигаре намерасонад, хеле риққатангез ва таассуфовар аст.
- Дар радифи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз ба як силсила қонунҳои дигар низ тағйирот ворид гардиданд, зарурати онҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Тавре ки дар оғози суҳбат таъкид намудам, қабули қонун оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар заминаи он ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни дигар, дар ҷомеаи мо барои инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ замина фароҳам меорад. Чунки қонунҳои мазкур самти рушди ҷомеаи моро муайян месозанд, баробарии қишрҳои мухталифи ҷомеъа, масъулият ва ҷавобгарии онҳоро дар назди қонун таъмин менамояд. Биёед мутаваҷҷеҳ мешавем ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни маориф, кодекси маъмуриву ҷиноӣ ва мисли ин…
Фаразан, дар Аврупо сарвату дороӣ тӯли садсолаҳо аз насл ба насл мегузарад. Шахсони сарватманд низ, ки арзиши сарвату дороиро дуруст дарк мекунанд, фарзандонашонро дар рӯҳияи қаноат тарбия менамоянд. Аксарияти олигархҳои аврупоӣ ва фарзандони эшон хеле хоксорона зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ҳангоми ба кор ё таҳсил рафтан бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода менамоянд. Дорои худро ба намоиш намегузоранд. Вале дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар кишвари мо вазъият каме дигар аст. Пӯшида нест, ки баъд аз истиқлолият як қишри ҷомеаи мо ба зуддӣ соҳиби сарвату дороӣ шуданд. Вале фарҳанги онҳо дар ҳамон сатҳе, ки буд, боқӣ монд. Дороӣ ва сарват барои аксарияти оилаҳои мансабдор ва тоҷир ба мояи худнамоӣ табдил ёфт. Туҳфа намудани автомобилҳои қимматбаҳо ба фарзандон ва ё аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» ташкил намудани мошинпойгаҳо дар кӯчаҳои шаҳр, ки боиси садамаҳои мудҳиш гардиданд, ба донишгоҳу донишкадаҳо бо автомобилҳои тамғаи навтарин рафтан, ба ҳукми анъана даромад.
Иқдоми созандаи Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо аз тариқи роҳандозии як қатор қонунҳои муҳим, пеши роҳи ин манманӣ ва «мусобиқаҳои беъманӣ»-ро гирифт. Барои дар рӯҳияи дигар тарбия ёфтани ҷавонон, масъулиятшинос шудани онҳо заминаи мусоид фароҳам омад.
Бояд тазаккур дод, ки тасмимҳои бесобиқа ва ташаббусҳои беназири Пешвои миллат на танҳо дар кишвари мо таҳаввулоти ҷиддиеро ба амал овард, балки барои кишварҳои дигар, ки ҳамин мушкилиро доранд, як роҳнамои мукаммал гардид. Имрӯз пӯшида нест, ки баъзе давлатҳои ҳамҷавор қонунҳои мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои татбиқи онро вобаста ба шароиташон мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.
Дар фарҷоми суҳбат мехоҳам як нуктаро таъкид намоям. Татбиқи қонуни мазкур аз кору фаъолияти мову шумо, дигар ниҳоди дахлдор ва масъулияту хоҳиши ҳар фарди ҷомеа вобаста аст. Пас моро зарур аст, ки дар амри иҷрои он камари ҳиммат бубандем ва ҷомеаи худро аз банди ҷаҳолату таассуб раҳо созем
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво

Мусоҳиб Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: