Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Оид баргузории чорабинии таблиғотӣ зери мавзӯъи «Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста» дар ташкилотии ибтидоии «Чароғи ҳидоят».

Оид баргузории чорабинии таблиғотӣ зери мавзӯъи «Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста» дар ташкилотии ибтидоии «Чароғи ҳидоят».

31-10-2017, 15:34
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Оид баргузории чорабинии таблиғотӣ зери мавзӯъи «Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста» дар ташкилотии ибтидоии «Чароғи ҳидоят».

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери мавзӯъи «Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста» дар ташкилоти ибтидоии «Чароғи ҳидоят»-и аҳли кормандони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимдухтарони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини бо иштироки Муминов Абдумаҷид- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзоёни ҳизб чорабинии таблиғотӣ доир гардид.
Пеш аз ҳама Муминов Абдумаҷид- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханрни намуда, аз ҷумла ёдовари кард, ки имрӯзҳо бо иқдоми созандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ карда шудааст.
А.Муминов аз рӯи мавзӯи чорабини андешарони карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.
Сипас, мавсуф дар бораи як қатор тағйироту иловаҳои ворид гардида андешарониҳо намуд. Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда мешаванд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.
Оид баргузории чорабинии таблиғотӣ зери мавзӯъи «Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста» дар ташкилотии ибтидоии «Чароғи ҳидоят».
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Инчунин зимни чорабини дар барои ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишондиҳандаҳои муқарагардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор андешарониҳо карда шуд.
Дар фарҷоми чорабини Собони Занигор-директори Марказ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо дар байни ҷавонон изҳори миннатдорӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки вақти он раисдааст, ки мо аҳли ҷомеа дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизиби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, пайваста дар амали намудани Қонунҳои воқеъан миллиамон, ки кафолати зиндагии шоистаи мост саъю талош намоем.

Мутахассиси
шуъбаи таблиғот
ва иттилооти Кумитаи
иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе Ҷ.Нарзиқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: