Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият рамзи ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик

Истиқлолият рамзи ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик

28-08-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият рамзи ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 26 - солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташвиқоти талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, аз он ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, санаи 23- августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Қарамиршикор”-и маҳаллаи Қарамиршикори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ мазкур Муминов Абдумаҷид- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Раҳмонова Муборакхон- раиси маҳаллаи Қарамиршикори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллаи иштирок намуданд.
Сараввал, А.Муминов баромад намуда, дар бораи таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар бораи шарҳи тағйиру иловаҳо ба “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешарони кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳа ба қонуни мазкур ин пеш аз ҳама барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ба хурофотпарастиву исрофкориҳои беҳуда роҳ надодан мебошад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бояд ҳар як фарди ҷомеа зоҳирану ботинан дар замири қалби хеш дарк намоянд, ки пояи ҳастӣ ва ташаккули ҳар як миллат арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихи тамаддуни миллӣ ва гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагон ва эҳтироми расму оин ва урфу одатҳои миллӣ вобаста мебошад.
Сипас, дар фарҷоми чорабини Раҳмонова Муборакхон- раиси маҳаллаи Қарамиршикори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда, аз иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бардоштани сатҳи манфиатҳои иҷтимоии тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори арҷгузори кард ва бо исҳор таъкид намуд, ки мо ҳамагон баҳри иҷрои ин дастуру ҳидоятҳои неки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ тамоми саъю талошҳоямонро дар байни аҳолии маҳалла равона месозем.



Мутахассиси шъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ. Нарзиқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: