«Мусофирбар»29-08-2017, 08:59
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташвиқоти талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, аз он ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда кишвар ва баҳри таҷлили ҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Мусофирбар»-и ККВД «Автобус-1» мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни чорабинии мазкур Муминов Абдумаҷид – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шоев Файзулло – директори ККВД “Автобус-1”, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. Мутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ.Нарзиқулов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.