DataLife Engine > Точикистон > Хатсайри ҳавоии Душанбе-Сеул кушода мешавад

Хатсайри ҳавоии Душанбе-Сеул кушода мешавад


26-10-2017, 08:45. Разместил: orifi Хатсайри ҳавоии Душанбе-Сеул кушода мешавад

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи созишномаи баимзорасида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ нигаронида шудааст, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул парвози техникӣ анҷом медиҳад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин парвоз 31 октябри соли равон, соати 09:00 амалӣ мешавад. Бо ҳавопаймои «Боинг 737-900», ки хатсайри мазкурро амалӣ менамояд, ҳайати корӣ парвоз карда, дар музокирот оид ба кушодани хатсайри мунтазам иштирок мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки хатсайри мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубиро тавассути фазои ҳавоии мустақим пайваст намуда, барои рушди муносибатҳои сайёҳии ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин, дар ҳамин рӯз- 31 октябр ифтитоҳи хатсайри самти Кӯлоб–Москва–Кӯлоб баргузор мегардад.

Бояд хотиррасон кард, ки ширкати «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвозҳоро ба роҳ мондааст. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, хатсайрҳо тавассути ҳавопаймои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.
Вернуться назад