Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Сомон эйр» Душанбею Лоҳурро бо ҳам пайваст

«Сомон эйр» Душанбею Лоҳурро бо ҳам пайваст

16-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
«Сомон эйр» Душанбею Лоҳурро бо ҳам пайваст
Ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймо дар масири Душанбе-Лоҳур-Душанбе дар рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки аз замони аҳди бародарӣ бастани ин шаҳрҳо 40 сол пур мешавад ва ҳамзамон дар Тоҷикистон ба амалӣ намудани тарҳи CASA-1000 омодагӣ мегирифтанд.

Парвози нахустин ба самти Душанбе-Лоҳур санаи 6-уми майи соли равон бо ибтикори Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тавассути ҳавопаймои «Боинг 737-900» сурат гирифт.

«Сомон эйр» Душанбею Лоҳурро бо ҳам пайвастТоҷирону сайёҳони тоҷику покистонӣ кайҳо боз орзу доштанд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Покистон дубора барқарор шавад. Ҳарчанде солҳои ҳафтодуми асри гузашта ҳафтае як маротиба аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри бандарии Карочии Покистон ҳавопаймо парвоз мекард, аммо бо сабаби кам шудани теъдоди мусофирон ин хати сайр аз фаъолият монд. Акнун бо гузашти вақт дубора ба сайҳону тоҷирони ду ҷониб имкон пайдо шуд, ки ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, дар рушди сайёҳӣ ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ саҳм гузоранд.

Дар маросими ифтитоҳи хатсайр, ки пеш аз парвоз баргузор шуд, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро ин рӯйдоди фараҳбахшро ба мусофирони нахустин муборакбод гуфта, зикр намуд, ки то имрӯз сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон ба кишварҳои ҳамдигар бо харҷи маблағи зиёду вақти бештар тавассути мамлакатҳои дигар сурат мегирифт. Акнун мусофирони ду ҷониб метавонанд дар муддати 1 соату 40 дақиқа ба кишварҳои ҳамдигар расанд.

Ба андешаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ифтитоҳи хатсайри нав имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути он ба баҳр бароянд ва ба ин васила ба ҷаҳон роҳ ёбанд. Ё мусофирони покистонӣ тариқи транзит бо истифода аз он дар муҳлати кӯтоҳ ба Аврупо сафар кунанд.

Ба қавли директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эъҷоз Хон парвоз дар ин масир ҳафтае ду бор рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Дар оянда ширкат ният дорад, ки миёни Душанбе ва дигар шаҳрҳои Исломободу Карочии Покистон ҳам парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ монад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид аз ин рӯйдоди фараҳбахш изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки созишномаҳои дуҷонибае, ки тирамоҳи соли гузашта аснои сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод ба имзо расид, давра ба давра амалӣ мешаванд. Парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз ҷумлаи он аст. Тибқи дастури Роҳбари давлат мубодилаи мол миёни ду ҷумҳурӣ, ки феълан 100 миллион долларро ташкил медиҳад, бояд ба 500 миллион доллар расонида шавад.

«Сомон эйр» Душанбею Лоҳурро бо ҳам пайвастҲайати рӯзноманигорон ва масъулини ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷумлаи мусофирони нахустини ин хати сайр буданд, ки бо таассуроти нек ба ватан баргаштанд.

Бино ба иттилои Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рӯзҳои наздик боз як хати сайри нав - Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ хоҳад шуд. Айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон анҷом медиҳад.

Тафсилоти бештари сафарро аз шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзҳои наздик нашр хоҳем кард.
Алӣ Ҷӯра, Душанбе-Лоҳур-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: