Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хайрулло Раҳимов: Ба ояндаву рушди ҶСК «Тоҷик эйр» хушбинем!

Хайрулло Раҳимов: Ба ояндаву рушди ҶСК «Тоҷик эйр» хушбинем!

3-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 40 нафар
Назарҳо: 0
Хайрулло Раҳимов: Ба ояндаву рушди ҶСК «Тоҷик эйр» хушбинем!
Дар шаш моҳи соли равон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» 646 парвози мунтазами рафтуомадро анҷом дода, 147 ҳазор мусофирро интиқол додааст. Аз хизматрасонии ширкат дар хатсайрҳои байналмилалӣ беш аз 136 ҳазор нафар, дар хатсайрҳои дохилӣ зиёда аз 1100 нафар мусофирон истифода бурдаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар дод.

Хайрулло Раҳимов, мегӯяд, ки солҳои охир вазъи молиявии ширкат чандон хуб набуд. Коҳиши қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА низ таъсири манфиашро ба ширкат расонид. Аз ин ҳисоб ширкат зиёда аз 35 миллион сомонӣ зарар дид. Аммо новобаста ба ҳамаи ин ширкат чораҳои зиддибуҳрониро рӯи кор гирифта, дар асоси роҳандозии стратегияи ягона муваффақ ба он шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонии тиҷоратиро 25 дар сад ва бандкунии курсиҳоро ба 4,6 дар сад боло бардорад. Ин дар ҳолест, ки ширкат парвозҳои байналмилалиро тариқи ду адад ҳавопаймо – Боинг 757 – 200 ва Боинг – 737 – 300 иҷро намуд, вале бо вуҷуди ин тавонист ба афзоиши ҳаҷми боркашонии тиҷоратӣ ноил гардад.

- Самаранокии истифодабарии ҳавопаймоҳо низ афзуда, миқдори миёнаи соати парвоз барои як ҳавопаймо 757 соатро ташкил дод, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 480 соат буд. Ҳаҷми интиқоли бору почта дар нимсолаи якуми соли 2016 428 тоннаро ташкил дод, ки 68 тоннааш маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Вобаста ба корҳои дар боло анҷомдода ва ҳамкории дар оянда бо шарикони дохиливу хориҷиамон дар назар дошта мо ба ояндаву рушди ҶСК «Тоҷик Эйр» хушбинем, - гуфт директори генералии ширкат.

Гуфта мешавад, ки ҶСК «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи якуми соли равон хатсайри нави Душанбе – Пекин – Душанберо бо хизматрасонии бизнес – класс роҳандозӣ намудааст. Дар ин давра ширкат ҳамчунин парвозҳои мунтазамро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва Ҳиндустон анҷом дод. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ сурат гирифтанд.

Роҳбарияти ширкат ба географияи парвозҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» дахл карда чунин иброз дошт: «Дар оянда тасмим дорем, ки хатсайрҳои навро ба самти Белгия ва Франсия боз намоем. Дар ин бора аз мо шарикони кориамон аз Чин, Ҳиндустон ва Покистон хоҳиш намуданд. Тавре ки медонед, Тоҷикистон дар байни Шарқу Ғарб ҷойгир аст ва парвоз аз фурудгоҳи мо барои онҳо мусоид аст. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои мо барои парвозҳои транзитии мусофирон мувофиқ аст. Чанде пеш ҳайатҳои корӣ аз Чин, Покистон ва Белгия аз ҶСК «Тоҷик Эйр» дидан карда, бо фаъолияти корӣ ва мутахассисони мо шинос шуда баҳои баланд доданд. Ман имрӯз бо сарбаландӣ мегӯям, ки дар ширкат 524 нафар намояндагони 12 миллат аҳлона кор мекунанд. Мо дар якҷоягӣ бо онҳо бар он мекӯшем, ки натиҷаҳои фаъолияти кориамонро беҳтар карда, ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро як ширкати муваффақи ватанӣ гардонем».

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз 35 ҳавопаймо иборат мебошад ва 28 адад (ҳавопаймоҳои истеҳсоли ИҶШС) дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд. Аз ҳавопаймоҳои дар ҳолати корӣ қарор дошта ду адад – Боинг 753 – 200 ва 730 – 200 дар хатсайрҳои байналмилалӣ ва Душанбе – Хуҷанд, ҳавопаймои Ан 28 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ ва 4 чархбол вобаста ба фармоиш ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: