Парвозҳо аз Фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Федератсияи Россия оғоз гардиданд4-04-2018, 07:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Апрель 3, 2018 16:58 ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон пас аз танаффуси чандмоҳа аз сари нав шурӯъ гардид. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» сармуҳосиби Фурудгоҳи байналхалқии Бохтар Зубайдулло Сангалиев иттилоъ дод, имрӯз дуюмин парвоз аз тарафи ширкати “Икар”-и Федератсияи Россия амалӣ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол парвозҳо байни пойтахти Россия ва шаҳри Бохтар дар як ҳафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд. Зикр гардид, ки аз аввали моҳи апрел аллакай ду парвоз ба самти Москва амалӣ гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.