Сафар ба ноҳияи дурдасттарини кишвар15-10-2017, 11:41
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ»-ро пешниҳод намуданд. Зимни мулоқоти Пешвои миллат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаҳои манъ намудани як қатор ҷашну маросимҳои серхарҷ ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум баррасӣ карда шуданд. Дар ин самт аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Мурғоб миёни аҳолӣ моҳияти зарурати ворид намудани тағйиру илова ба Қонун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрӣ бо сокинон гузаронида шуд. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Фаридун Табаров, сардори шуъбаи иттилоотӣ-ҳудудӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷт, аъзои он-Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Наҷмиддин Тоҷиддинов, сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бошандагон ва кормандони ҷамоатҳои деҳоти Аличур, Рангкул, Бердибаев, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №5,6,1,9,14 вохӯриҳои судманд гузарониданд. Дар ин мулоқот гурӯҳи кориро муовини раиси ноҳия Ҳ.Раҷабова, и.в. мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб А.Мамаюнусов, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб Ж.Ақҷаров, прокурори ноҳия Б.Сафарзода, сардори шуъбаи КДАМ Ф.Неъматов ҳамрпоҳӣ намуданд. Ба аҳолӣ мазмун, моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои зикргардида фаҳмонида шуда, онҳо ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Аҳли ҷамоатчигии ноҳия зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро бо масъулияти баланд қабул карда, онро бо як руҳияи баланди сиёсӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби М.Наимов, мудири шуъбаи тарғибот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба кадрҳои ҷавон ва фаъолоне, ки муҳлати шаҳодатномаи ҳизбиашонба охир расида буд, шаҳодатномаҳои нав тақдим карда шуд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.