ИЗҲОРОТИ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»29-08-2017, 13:26
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро ба имзо расониданд. Дар робита ба қабули ин қонунҳо ба АМИТ “Ховар” изҳороти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» расид, ки дар он, аз ҷумла омадааст: Мо, ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, беҳбуд бахшидан ба ҳаёти сокинони кишвар, бахусус ҷавонон равона гардидаанд, комилан ҷонибдорӣ мекунем. Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун мо ба марҳалаи нави рушди иҷтимоӣ, ки онро метавон ҳамчун инқилоби фарҳангӣ арзёбӣ намуд, ворид гардидем. Барои мо, ҷавонон, ки меросбари таърихи пурифтихор ва фарҳангу маънавиёти баланди миллати тоҷик ҳастем, талаботи қонуни мазкур маҷрои муҳими маънавӣ дар самти худшиносии миллӣ ва роҳи равшане барои ояндаи босуботамон гаштаанд. Мо, ҷавонон-созандагони Ватан ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат, ки дар пайи ин сиёсати хирадмандонаву созанда ва ваҳдатофар ба чунин рӯзҳои нек расидаем, дар беҳтарин шароит таҳсилу фаъолият ва зиндагӣ дорем, бо шукргузорӣ аз Ватани ободу давлати поянда манфиатҳои миллиро аз тамоми дигар арзишҳо боло гузошта, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро муқаддас медонем. Мо бо тамоми ҳастӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ дарк мекунем, ки ҳимояи ҳайсияти миллӣ ва фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ муҳимтарин омили пойдории истиқлолият ва бақои давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, мо бо нақди ҷон ин арзишҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро ҳифзу ҳимоя намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ арзиш ва расму русуми бегонаро қабул намекунем ва ба ҳар қимате, ки набошад, ҳеҷ гоҳ доғи нанги асолатбохтагиро дар саҳифаҳои таърихи пурифтихори миллати тамаддунофари тоҷик роҳ намедиҳем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани Соли ҷавонон аз ҷавонони худшиносу худогоҳ ва миллатдӯсту ватанпарвар ҳамчун созандагони ояндаи миллат ва пешоҳангону ташаббускорон дар роҳи рушду ободии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ёдовар гардиданд. Имрӯз фурсати он расидааст, ки бо истифода аз меъёрҳои қонуни мазкур бар зидди ҳама гуна зуҳуроти бегонапарастӣ, ки то ба хонадон ва либосу мағзи ҷомеа таъсири манфии худро расонидаанд, муборизаи беамон бурда, ба бовариву эътимоди Пешвои миллат ва халқи диёрамон сазовор бошем. Дар ин роҳ, ҷавонони азизу гиромӣ, қарзи ватандории ҳар яки мост, ки баҳри пешгириву аз байн бурдани ҳама гуна зуҳуроти бегонапарастиву асолатбохтагӣ, хурофотпарастиву фарҳангситезӣ ва зиёдаравиву тафриқаандозӣ камари ҳиммат баста, бо кору амали созандаи хеш дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем. Мо дуруст дарк менамоем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахусус тағйиру иловаҳои он баҳри таъмини ҳаёти босаодати мо, ҷавонон равона гардида, моро дар рӯҳияи баланди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, бахусус фарҳанги миллӣ тарбия менамояд ва ин омили асосии тақвияти ҳуввияти миллии мо, ҷавонон мебошад. Мо, ҷавонон-аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» тағйиру иловаҳоро пурра ҷонибдорӣ менамоем ва масъули татбиқи бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.